Як созмони нозири ҳуқуқи башар дар Афғонистон мегӯяд, иттилоъро аз рӯйи хабарҳои нашршуда дар сомонаи Додгоҳи олии ҳукумати "Толибон" гирд овард.
Як сол пеш раҳбари Толибон, Мулло Ҳайбатуллоҳ Охундзода, амр дод, ки одамонро бар асоси шариати ислом муҳокима кунанду ҷазо диҳанд.
Гуруҳи тундрави "Толибон" дар моҳи августи соли 2021 дар Афғонистон ба қудрат расид. То кунун ҳеч кишваре ҳукумати онро ба расмият нашинохтааст.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ риояи ҳуқуқи одамон, бахусус занону духтарон; ҳифзи озодии баён; ташкили ҳукумати фарогир ё ҳамашумул ва пойгоҳ надодан ба гуруҳҳои ифротиву террористиро аз шартҳои эътирофи ҳукумати "Толибон" медонад.