Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистонро барои хомӯшӣ дар мавриди ҳуқуқи муҳоҷирон танқид мекунанд, Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “шароити муҳоҷиронро нағз медонам.”
Ӯ бе овардани омори дақиқ теъдоди муҳоҷиронро “ҳазорҳо ҳазор” гуфт.
"Ҳар сол аз дигар ҷо аз ҳисоби муҳоҷирон садҳо, бештар аз он, ҷасад меорем. Онҳое, ки барои пайдо кардани ризқу рӯзӣ барои фарзандонаш рафтаанд, чунки мо, роҳбарон, аз боло то поён фақат фикри нафси бади худро дорем,” -- афзуд Раҳмон.
Ба гуфтаи мақомоти Русия, ҳар сол ҳудуди як миллион нафар барои кор аз Тоҷикистон ба Русия мераванд.
Солҳои охир муҳоҷирони тоҷик дар Русия фишори бесобиқаеро таҷриба мекунанд. Ҳамла ба маҳалли будубоши муҳоҷирон, боздоштҳои гурӯҳӣ ва ихроҷ, суҳбатҳои муҳоҷирситезонаи сиёсатмадорону мансабдорон ва расонаҳои Русия бахше аз зиндагии ҷомеаи ин кишвар шудааст. Ба гуфтаи муҳоҷирони тоҷик, дар чунин вазъият онҳо наметавонанд ба ҳимояти кишвари худ умед банданд.
Тоҷикистон дар 30 соли истиқлол натавонистааст кишварҳои мизбони муҳоҷирони тоҷикро зиёд кунад ва барои муҳофизат аз манобеи корияш дар хориҷ роҳи ҳалли муносиб биёбад.
Эмомалӣ Раҳмон дар назди вакилон ва аъзои ҳукумат аз он изҳори нигаронӣ кард, ки садҳо шаҳрванди Тоҷикистон, бахусус мутахассисон шаҳрвандии кишварҳои дигарро мегиранд. Дар 6 моҳи аввали имсол тахминан 87 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русия гирифтааст, ки дар муқоиса бо ин давраи соли гузашта ҳудуди 13 ҳазор нафар бештар аст.
Ба ҳисоби миёна ҳар рӯзе қариб 500 тоҷикистонӣ табааи Русияро мепазиранд ва шумораашон миёни шаҳрвандони нави ин кишвар беш аз 42%-ро ташкил медиҳад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Муҳоҷирони бе пушту паноҳ". Чаро Тоҷикистон тавони муҳофизати шаҳрвандони худро надорад?