"Ҷанг дар Ғазза моҳҳои дароз идома мекунад" ВИДЕО

Фармондеҳи артиши Исроил мегӯяд, мумкин аст, ҷанг дар Ғазза моҳҳои зиёд идома кунад. Ӯ дар ин бора замоне сухан гуфт, ки амалиёти низомии Исроил дар ин минтақаи муҳосирашудаи фаластиниён шиддат мегирад ва бино ба гузоришҳо дар онҷо то кунун бештар аз бист ҳазор нафар кушта шудаанд.

Артиши Исроил рӯзи 26-уми декабр ҳамчунон ба Навори Ғазза бо истифода аз тӯпхона зарба зад. Амалиёти низомӣ бахусус дар маркази Ғазза шиддат гирифтааст.

Дар наворе, ки Ҳилоли Аҳмари Фаластин нашр кард, маъмурони тиббӣ ҷасадеро аз урдугоҳе мебаранд, ки Исроил дар рӯзи иди Милоди Масеҳ ба он аз ҳаво зарба зад. Вазорати тандурустии Ғазза мегӯяд, дар натиҷа, камаш 70 нафар, аз ҷумла занону кӯдакон кушта шуданд.

Дар шаҳри Рафаҳ 80 ҷасадеро дар як гӯри дастҷамъӣ ба хок супурданд, ки нерӯҳои исроилӣ пайдо карда, ба фаластиниён додаанд.

Исроил мегӯяд, ҳадафаш маҳви гурӯҳи тундрави “Ҳамос” аст ва тамоми корро мекунад, ки ғайринизомиён осеб набинанд. Ба қавли нерӯҳои исроилӣ, ҷангҷӯёни “Ҳамос” дар байни ғайринизомиён пинҳон мешаванд. Иддаое, ки “Ҳамос” рад мекунад. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи “Ҳамос"-ро созмони террористӣ медонанд.

Хабарнигорони “Рейтерс” дар шифохонаи Хон Юнус, шаҳри дигари Ғазза, Ҳамдӣ Шаатро пайдо карданд, ки дар мотами писари калониаш нишастааст. Ӯ Ғаззаро сарзамини муқовимат меномад, ки манзураш аз он "Ҳамос" аст.

Ҳамдӣ Шаат, сокини Хон Юнус, гуфт: “Писари калонии ман, Анас, ба як донишгоҳи Туркия шомил шуд ва бояд ба онҷо мерафт, вале ҷанг оғоз ёфту шаҳид шуд. Ин сарзамини ӯ, сарзамини фидоиёни Фаластин ва муқовимат аст.”

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ошкоро аз Исроил талаб дорад, ки аз вусъати ҷанг бикоҳад ва бештар ба амалиёт ба зидди "Ҳамос" ва раҳбарони он тамаркуз кунад. Аммо Ҳерзи Ҳалеви, генерали олирутбаи Исроил, рӯзи 27-уми декабр гуфт, ин ҷанг “моҳҳои дароз идома мекунад.”

"Ягон муъҷизае барои роҳи ҳал вуҷуд надорад. Барои маҳви як созмони террористӣ роҳи кӯтоҳе нест, роҳи ҳал фақат азми қавӣ ва ҷанги давомдор аст. Ва мо азми бисёр ва бисёр қавӣ дорем," – афзуд ӯ.

Ҷанги Ғазза баъд аз он шуруъ шуд, ки ҷангҷӯёни гурӯҳи "Ҳамос" рӯзи 7-уми октябри имсол ба Исроил ҳамла карда, тақрибан 1200 исроилиро куштанд ва бештар аз 240 каси дигарро гаравгон гирифтанд. Дар ҳамлаҳои интиқомҷӯёнаи Исроил то кунун, ба гуфтаи мақомоти Ғазза, тақрибан 21 ҳазор фаластинӣ кушта шудаанд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Исроил мегӯяд, ҷанг дар Ғазза моҳҳои зиёд давом мекунад