Фу Тсун, сафири Чин дар Иттиҳоди Аврупо, гуфт, ҷанги Исроил ва гурӯҳи “Ҳамос” меъёрҳои дугонаи Ғарбро ба намоиш гузошт ва фосилаи онро бо ҷаҳони берунӣ бештар кард.
Дипломати чинӣ дар моҳи ноябри имсол гуфт, бо онҳое, ки Чинро дар саҳнаи ҷаҳонӣ “як рақиб” мепиндоранд, розӣ нест. “Агар назарҳои нобаробар ба сиёсати хориҷӣ Пекинро дар ҳолати рақобат бо Брюссел қарор медиҳад, бояд бидонанд, ки рақиби аз ин бештар вуҷуд дорад,” – афзуд ӯ.
Фу Тсун гуфт: “Аз Ховари Миёна то Африқо, аз Осиё то Амрикои Лотин, вақте гап аз арзишҳо меравад, кишварҳои зиёде ҳастанд, ки бо Аврупо ҳамфикр нестанд. Мо инро аз тафовути назарҳо ба буҳрони идомаёбанда дар Ховари Миёна гуфта метавонем.”
Ин назарҳо бори дигар ба кӯшишҳои Чин дар тақвияти мавқеаш ба унвони як кишвари ба истилоҳ “пешво” дар ҷануби сайёра (қаламрави Ҳинд, Бразилия, Африқои Ҷанубӣ, Покистон, Индонезия ва Нигерия) ишора мекунад, ки мехоҳад алтернатива ба ҷаҳоне ба раҳбарии Ғарб бошад.
Задухӯрди хунин дар Украина ва Ғазза; ихтилофи назар дар бораи вазъи фаластиниҳо ва эътирозҳо аз гуё “риёкории” Ғарб барои Пекин шанси бартарӣ доданро ба мавқеаш фароҳам мекунад. Ҳаюн Ма, коршиноси умури сиёсати хориҷии Чин аз Донишгоҳи давлатии Фротсбург, ба Радиои Озодӣ гуфт, “ин як пирӯзии азим барои Чин дар ҷануби сайёра аст.”
“Меъёри дугона”
Моҳи октябри имсол президенти Амрико Ҷо Байден ба Украинаву Исроил барои мубориза бо душманонашон ҳамгироӣ нишон дод. Онро бисёриҳо дар ҷаҳони дар ҳоли рушд “меъёри дугона” номиданд.
Чин ва бисёре аз кишварҳои дигар гуфтанд, вақте Ғарб ишғолгариҳои Русияро дар Украина маҳкум мекунад, вале дар канори Исроил истодааст, “риёкорӣ аст”. Кохи Сафед вақтҳои охир танқидро аз амалиёти низомии Исроил дар Ғазза бештар кардааст, дар ҳоле ки пуштибонӣ аз Фаластин дар ҷануби сайёра муддатҳо боз вуҷуд дорад.
Коршиносон мегӯянд, ҳамин тафовут ба Пекин имкон медиҳад, ки мавқеи худро ба унвони як лидери алтернативӣ дар ҷаҳон ва ҳам баҳамзанандаи талошҳои Амрико ба намоиш гузорад.
Баъд аз ҳамлаи “Ҳамос” ба Исроил дар рӯзи 7-уми октябр, Чин мехоҳад бигӯяд, ки нақши минёрави сулҳро бозӣ хоҳад кард ва паёмаш бештар ба Ғарб нигаронида шудааст. Дипломатҳои чинӣ дар Созмони Милал ва ба воситаи хабаргузориҳои давлатии ин кишвар талош доранд, танқидҳоро аз Амрико бештар карда, ин кишварро чун саҳмгузори ҷанги Исроил нишон диҳанд.
Этин Соула, муҳаққиқи Бунёди олмонии “Маршал”, ба Радиои Озодӣ гуфт, Чин “кӯшиш кард бо Украина ин корро кунад, ҳоло бо ҷанги Исролу “Ҳамос” карданӣ аст.”Вай афзуд, “онҳо Ғарб ва ба вижа Амрикоро чун кишваре дар инзиво намоиш додан мехоҳанд ва айни замон талош доранд бигӯянд, ки Чин дар ҷануби сайёра бо кишварҳои арабу африқоӣ иҳота шудааст”.
Тамаркуз ба Ховари Миёна
Чин, ки давоми солҳо дар фикри тавсеаи нуфузаш дар ҷануби сайёра мебошад, ҳоло бештар ба Ховари Миёна тамаркуз кардааст. Нуқтаи барҷастаи нақши он моҳи марти соли 2023 дар миёнравӣ дар равобити Эрону Арабистони Саудӣ дида шуд.
Бо талош ба пирӯзии дипломатӣ дар Ғаззаву Украина, Чин паёмҳое нашр мекунад, ки дар асл барои беобрӯ кардани Амрико равона шудааст. Майкл Шуман, таҳлилгари масоили Чин дар Шӯрои Атлантика, моҳи ноябр навишт, “Пекин мехоҳад дар низои Исроилу Фаластин Вашингтон ва Аврупоро гунаҳкор кунад, то тавони онҳоро барои нигаҳ доштани назми ҷаҳонӣ сусттар гардонад”.
Дар робита бо Украина, Чин аз маҳкум кардани ҳуҷуми Русия парҳез кард ва ба Маскав барои раҳо шудан аз фишори таҳримҳо ёрӣ пешниҳод намуд. Инчунин талош дорад фосилаи дипломатиро бо Киев нигоҳ дорад. Раҳбари Чин, Сӣ Ҷинпин, дар ин муддат ҳеч гоҳ бо раҳбари Украина Владимир Зеленский мустақим ҳамсуҳбат нашудааст.
Дар айни замон, бо вуҷуди ин ки Ҷинпин ва президенти Русия Владимир Путин моҳи феврали соли 2022 “шарикии бемаҳдудият”-ро эълон карданд, Чин талош дорад худро ба унвони ҷониби бетараф намоиш бидиҳад. Моҳи феврал Пекин як тарҳи пешниҳоди сулҳро дар Украина дар 12 банд нашр кард, вале Ғарб напазируфт. Баъди ин, фиристодаи Пекин дар умури АвруОсиё Ли Ҳуй ба чанд пойтахти аврупоӣ, инчунин Киеву Маскав, бо паёмҳое сафар кард.
Ин гуфтугӯҳо ҳеч натиҷа надод ва ба назар мерасад, ки дар давоми тахминан ду соли ҷанг дар Украина Пекин аз талошҳои дипломатияш даст мекашад. Дар қазияи Ғазза Чин аз маҳкум кардани “Ҳамос”, ки онро Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ меноманд, худдорӣ карда, танқидашро аз тарзи бархӯрд бо фаластиниҳо шиддат мебахшад.
“Вақти он нест, ки...”
Дар изҳороте дар моҳи октябр, баъди он ки дар пайи ҳамлаи “Ҳамос” ба Исроил 1200 кас ҷон дод, Чин ҳарду тарафро ба “хештандорӣ” ва ҳамзистӣ бар асоси модели “ду давлат” хонд. Ювал Вакс, як мақоми сафорати Исроил дар Пекин, гуфт: “Вақте мардумро дар кӯчаҳо мекушанду корд мезананд, вақти он нест, ки гап дар бораи ду давлат биравад”.
Этин Соула, муҳаққиқи Бунёди олмонии “Маршал”, мегӯяд, Чин баъди ин дар робита бо Исроил эҳтиёткорона паём медиҳад, дар ҳоле ки пеш аз ҷанг робитаҳои бисёр қавӣ дошт. Ҳоло, ба қавли ин таҳлилгар, Пекин мехоҳад аз ҳисоби Бразилияву Африқои Ҷанубӣ назари ягонаи кишварҳои ҷануби сайёраро ба даст оварад.
Соула мегӯяд, "дар бораи муваффақияти ин талошҳо гуфтан душвор аст. Ба назар мерасад, Чин ба маҷро мувофиқ амал мекунад ва дар ҳар ҷое, ки аксарияти сайёра нигаронда шудааст, Чин ҳам дар ҳамон самт мавқеъ мегирад.”
Ӯ ва ҳамкоронаш дар Эътилофи ҳифзи демократия ҳаракат ва паёмҳои мансабдорони чинӣ ва хабарҳои расмии ин кишварро дар мавзӯи Украина ва Ғазза пайгирӣ мекунанд. Дар як таҳқиқоте, ки изҳороти мақомот ва ҳам матбуоти расмии Чинро дар моҳи феврал фаро мегирад, гуфта шуд, ки Пекин бо вуҷуди мавқеи гуё бетарафонааш дар ҷанги Украина, “изҳороте пахш мекунад, ки сафедкунандаи Кремлин аст”.
Бар асоси ин гузориш, "барои сусттар кардани демократияи Ғарб ва ҳампаймонони онҳо, Чин талош дорад он кишварҳоро аз роҳи муроҷиат ба ҷануби сайёра дар инзиво қарор диҳад. Дар робита бо ҷанг дар Украина Чин пайваста такрор мекунад, ки кишварҳои пуштибони Украина риёкор ва бетафовут нисбат ба ҷаҳони дигар мебошанд.”
“Фурсат зарур хоҳад шуд”
Дар гузориши дигаре, ки моҳи ноябр нашр шуд, дида мешавад, ки барои изҳори мавқеъ дар робита бо ҷанги Исроилу “Ҳамос”, Чин сатҳи паёмҳояшро то Африқову Ховари Миёна боло бурда, талош дорад Амрикоро дар харобкориҳо дар ҷанги Ғазза муттаҳам кунад. Вале маълум нест, ки ин маъракаҳои сохтаи Чин то кадом андоза таъсиргузор мебошанд.
Ҷулиа Стиорати, муҳаққиқи Пажӯҳишгоҳи иқтисодии Лондон, мегӯяд, “дар ҳоле ки Чин дар назарҳо гуё ҳамчун баёнгари мавқеи ҷаҳони ҷануб намоён мешавад, дар асл мавқеи он ба ҳайси кишваре, ки воқеан ҳам пештози мавзеъгирии кишварҳои ғайриғарбӣ мебошад, маълум нест”.
Стиорати дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “дар коғаз метавонад ба ниёзҳои бартари ҷаҳони ҷануб посухгӯ бошад”, вале “дар умум собит шудааст, ки интизориҳои ин қаламравро, ки хоҳони нақши барҷастаи Чин дар музокираҳои сулҳ аст, бароварда намекунад”.
Пурсишҳои афкори умум ҳам нишон медиҳанд, ки ба талошҳои Чин барои ба даст овардани дили ҷаҳони ҷануб назари яксон вуҷуд надорад. Дар ҳоле ки пурсишҳои ахир нишон медиҳанд, дар бисёре аз кишварҳои Ғарб афкори зиддичинӣ дар ҳоли афзоиш аст, мавзӯи Чин дар кишварҳои ҷаҳони ҷануб бартарият дорад.
Натиҷаҳои пурсише, ки моҳи феврал аз ҷониби Шӯрои Аврупо оид ба равобити хориҷӣ нашр шуд, мегӯяд, аксарият дар кишварҳои ғарбӣ аз Украина пуштибонӣ мекунанд ва онҳое, ки дар ҷаҳони ҷанубанд, аз ҷанг камтар дастгирӣ карда, ба ҳадафҳои раҳбарони ғарбӣ шубҳа доранд.
Дар пурсише, ки баъди моҳи ноябр аз ҷониби ин шӯро барпо шуд, 21 давлати ғарбӣ ва ғайриғарбӣ гуфтаанд, боварашон ба сиёсати Ғарб аз даст рафтааст ва ҷонибдори онанд, ки кишварашон дар сатҳи дуҷониба ҳамкор ва шарики худро интихоб кунад.
Таҳлилгар Ма аз Донишгоҳи давлатии Фротсбург мегӯяд, сиёсати хориҷии Чин дар солҳои наздик бо чолишҳое рӯбарӯ мешавад ва дар ҳолати рақобати бештар бо Амрико ва Иттиҳоди Аврупо дар ҷаҳони ҷануб қарор мегирад.
Ӯ гуфт, “пеш аз ҳама агар Чин пешқадам шуд, метавонад муттаҳид ва васеътар шавад”. Дуюм ин ки, ба гуфтаи Ма, “агар ҳатто Ғарб баргашта мавқеашро бигирад, барои барқарор кардани эътимод ва ба роҳ мондани роҳҳои иртиботот фурсат зарур хоҳад шуд”.