Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Си Ҷинпин дар мавриди ҷудо кардани иқтисоди Ғарб аз Чин ҳушдор дод


Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин рӯзи чаҳоршанбе дар суханронӣ дар маҷмаи "Як камарбанд - як роҳ" дар Пекин дар бораи сиёсате, ки ба "дур шудан аз Чин" шӯҳрат ёфтааст ва талошҳои Ғарб барои костан аз вобастагӣ ба иқтисоди Чин, ҳушдор дод.

Раиси ҷумҳури Чин зимни ситоиш аз ин тарҳи стратегии кишвараш, ки даҳ сол пеш роҳандозӣ шуд ва ҳадафи аслии он, бунёди шабакае аз зерсохтҳои боркашонӣ барои пайваст кардани Осиё, Аврупо ва Африқо аст, гуфт, "ин тарҳҳои ибтидоӣ ба лоиҳои воқеӣ табдил шудаанд".

Вазири корҳои хориҷии Чин низ дар як нишасти хабарӣ гуфт, дар ҷараёни ин ҳамоиш, ки рӯзи чаҳоршанбе поён ёфт, қарордҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо арзиши 97 миллиард доллар имзо шудааст.

Намояндагони беш аз 130 кишвар, аз ҷумла раҳбарони чандин давлат дар ин маҷмаъ иштирок карданд. Яке аз муҳимтарин ширкаткунандагон Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия буд, ки Си Ҷинпин ӯро "дӯсти азиз" хонд.

Раиси ҷумҳури Чин дар бахше аз суханони худ хитоб ба беш аз ҳазор ҳайати намояндагии ҳозир дар толори бузурги "Халқ" гуфт, "мо бо таҳримҳои якҷониба, зӯргӯии иқтисодӣ, халалдор кардани чарчаи интиқоли маводи хому коло ва ҳамин тавр марзбандӣ байни иқтисоди кишварҳои гуногун, мухолифем".

Си Ҷинпин дар мавриди иқдомоти Ғарб барои коҳиши вобастагии иқтисод ба Чин гуфт, "агар мо рушди кишварҳои дигар ва дар ҳамбастагии иқтисоди ҷаҳониро як хатар бишуморем, зиндагии мардум беҳтар ва рушди иқтисодӣ сареътар нахоҳад шуд".

Раҳбарони кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, ҳадафи онҳо "бартараф кардани риск" ва на "дурӣ гузидан" аз иқтисоди Чин аст. Онҳо мегӯянд, ки ҳадафи ин иқдомот коҳиши вобастагӣ ба тавлиди коло дар Чин аст, ки тайи ду даҳаи ахир ба шакли беравияе иқтисоди Ғарбро ба Чин вобаста кардааст.

Таҳдиди Чин алайҳи Тайван ва халали густурда дар ҳамлу нақли колоҳо аз Чин ба сӯи Ғарб дар солҳои бӯҳрони коронавирус, тамоюл ба коҳиши вобастагӣ ба Чинро ба як сиёсати оҷил мубаддал кардааст.

Ҳарчанд яке аз меҳварҳои тарҳи "Як камарбанд - як роҳ" пайванд кардани Осиёи шарқӣ ба Аврупост, вале ҳеҷ яке аз раҳбарони кишварҳои аврупои шарқӣ, аз ҷумла, нахуствазири Маҷористон, дар ин маҷмаъ иштирок накарданд.

Яке дигар аз мақомҳои хориҷие, ки ҳузури ӯ дар ин маҷмаъ хабарсоз шуд, Ҳоҷӣ Нуриддин Азизӣ, вазири тиҷорати ҳукумати Толибон буд.

Сиёсатмадорон ва коршиносони ғарбӣ иддао мекунанд, ки тарҳи "Як камарбанд - як роҳ" дар айни ҳол ба бистаре барои рушди нуфузи дипломатии Чин мубаддал шудааст ва дар мавридҳое бо додани қарзҳои ноодилонае барои бунёди зерсохт, вазъияти молии кишварҳои фақирро бадтар мекунад.

Раиси ҷумҳури Индонезия, ки кишвараш беш аз 20 миллиард доллар аз Чин қарздор аст, дар суханронии худ таъкид кард, ки пешбурди ин тарҳ набояд вазъияти молии кишварҳои саҳмдорро печида кунад.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар ин ҳамоиш пас аз Си Ҷинпин суханронӣ кард ва бо ситоиш аз тарҳи "Як камарбанд - як роҳ", хостори рушди тиҷорат байни Шарқ ва Ғарб шуд.

Ба гузориши расонаҳои давлатии Чин, Си Ҷинпин ва Владимир Путин дар ҳошияи ин маҷмаъ се соат гуфтугӯ карданд. Си Ҷинпин дар бораи тарҳи бунёди хати лӯлаи газ байни Русия ва Чин, ки аз Муғулистон убур мекунад, ибрози умедворӣ кард.

Расонаҳои Чин мегӯянд, ки яке аз меҳварҳои гуфтугӯҳои ду раҳбар, бӯҳрони феълии Ховари Миёна буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG