Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон ва бо имзои Эмомалӣ Раҳмон 8,5 ҳазор гектар замини хоҷагиҳои ҷангали "Ромит" ва "Ваҳдат"-ро ба муддати бист сол ба "Ширкати ҳолдингии Исмоили Сомонӣ" доданд. Қарор 29-уми ноябри имсол баромадааст. Радиои Озодӣ нусхаи он ва муҳтавояшро рӯзи 22-юми декабр дид.
Дар қарор гуфта шудааст, ки аз 8,5 ҳазор гектар замине, ки ба "Ширкати ҳолдингии Исмоили Сомонӣ" дода шуд, 4350 гектар чарогоҳ; 1060 гектар ҷангал ва боқимонда буттазору заминест, ки дар кори деҳқонӣ истифода нахоҳад шуд.
"Барои истифодабарии чарогоҳҳои мавсимӣ дода мешавад," – ишора шудааст дар қарор. "Ширкати ҳолдингии Исмоили Сомонӣ" вазифадор гардидааст, онро ба каси дигар надиҳад. Аммо ин нукта рӯшан нест, ки чаро ҳукумат ҳазорҳо гектар замину чарогоҳро ба ин ширкат додааст ва шарташ чист. То ин дам назари мақомот ба даст наомад.
Ин дар ҳолест, ки даъвову баҳс барои истифода аз чарогоҳҳо дар минтақаҳои Тоҷикистон афзудааст. Баъзе аз сокинон мегӯянд, барои чарондани чорвои худ ҷой надоранд, чун ба иддаои онҳо баъзе аз ин заминҳоро шахсони мансабдор ё афроди наздик ба мақомдорон гирифтаанду ба фоидаи худ истифода мекунанд.
Бар асоси Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон, "Ширкати ҳолдингии Исмоили Сомонӣ" соли 2006 таъсис шуда, муассисаш шахсе бо номи Расулов Ҳусейн Убайдович аст.
Номи раиси ширкатро Садулоев Раҳматулло Асадуллоевич (Раҳматулло Саъдуллоев) навиштаанд. Дар сомонаи Оҷонси хариди давлатии мол, кор ва хидматрасонӣ ҳам номи раиси ширкат Раҳматулло Саъдуллоев аст.
Расонаҳои давлатӣ, аз ҷумла хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон ӯро чанд дафъа "соҳибкори ватанӣ" ном бурдааст, аммо расонаҳои наздик ба мухолифон ӯро додарарӯси президент Эмомалӣ Раҳмон ва бародари раиси "Ориёнбонк" Ҳасан Асадуллозода медонанд.
Кофтукоби Радиои Озодӣ дар манбаъҳои боз нишон дод, ки "Ширкати ҳолдингии Исмоили Сомонӣ" дар бахшҳои гуногуни иқтисод, аз сохтмон гирифта то тавлиди гаҷ, ҳузур дорад. Ширкат моҳи марти соли 2022 дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ Мактаби байнулмилалии президентӣ сохтааст. Дар маросими ифтитоҳи он президент ширкат кард.
Хешовандони Эмомалӣ Раҳмон дар иқтисоди Тоҷикистон ҳузури густурда доранд. Ба ғайр аз Раҳматулло Саъдуллоев, додарарӯси дигари президент Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк” аст. Чанд ширкату корхонаҳои хурду бузурги дигареро ҳам ба ӯ нисбат медиҳанд.
Ҳусейн Асадуллозода, додарарӯси дигари президент, раиси ширкати “Нафтрасон” дар ноҳияи Леваканд, Сарбанди собиқ, буд ва як сол пеш даргузашт.
Амонулло Асадуллоев фарзанди дигари ин хонавода дар ширкати “Барқи Тоҷик” масъулияти баланд дошт, ҳоло раиси ширкати “Сомон Суғд” аст. Амирулло Асадулло, додарарӯси дигари президент, раиси шаҳри Бохтар (Қурғонтеппаи пешин) буд.