Баъд аз даъвои наздиконаш вазъи рӯҳии як сарбози тоҷикро месанҷанд

Маснавӣ Ҳалимов

Як сарбози артиши Тоҷикистонро, ки наздиконаш "мубталои бемории рӯҳӣ" медонанд, барои ташхис аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе овардаанд.

Маснавӣ Ҳалимов, сокини 25-солаи шаҳри Ҳисорро дар моҳи октябр ба хидмат бурда буданд. Вай дар як қисми низомӣ дар ноҳияи Спитамен қарор дошт.

Қурбонгул Ҳалимова

Модараш, Қурбонгул Ҳалимова, 16-уми ноябри имсол ба Радиои Озодӣ шикоят кард, ки маъмурони интизомӣ ва масъулони комиссариати ҳарбӣ бемории ӯро ба эътибор нагирифтанд.

Пас аз нашри гузориш Маснавӣ Ҳалимовро дар бемористони шаҳри Хуҷанд ҷой карда, сипас барои санҷиши сар ба Душанбе овардаанд.

"Дар шифохонаи ҳарбӣ аст. Дидам. Гуфт, ки сараш дард мекунад. Пизишкҳо барои ташхиси сараш ба беморхонаи Қарияи Боло мебаранд," – хабар дод Қурбонгул Ҳалимова рӯзи 18-уми декабр ба Радиои Озодӣ.

Вай афзуд, тамоми ҳуҷҷатҳоро дар бораи бемории писараш ба масъулони шифохонаи низомӣ низ додааст. Ин санадҳоро, ба гуфтаи ӯ, соли 2006 дар Шуъбаи касалиҳои рӯҳии бемористони Ҳисор гирифта буданд.

Бемористони шаҳри Ҳисор

Намояндагони қисми ҳарбӣ дар бораи вазъи саломати Маснавӣ Ҳалимов изҳори назар накардаанд. Дар Шуъбаи касалиҳои рӯҳии бемористони Ҳисор моҳи ноябри имсол ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки Маснавӣ Ҳалимов то 18-солагӣ зери назорати пизишкон буд, вале дар хона муолиҷа мегирифт.

Пайвандони Маснавӣ Ҳалимов мегӯянд, аз ин пеш низ ӯро ду дафъа барои хидмат бурда, ба сабаби беморӣ ҷавоб дода буданд. Нигаронии онҳо бештар аз он аст, ки эҳтимол беморияш дар қисми низомӣ хуруҷ карда, боис ба фалокат хоҳад гашт.

Бори аввал нест, ки баъзе аз сокинон аз маҷбурӣ ба артиш бурдани фарзанди беморашон шикоят мекунанд. Мақомот баъзе аз ин мавридҳоро тасдиқ карда, қисми бештари онҳоро беасос ва роҳе барои халосии ҷавонон аз хидмат медонанд.

Дар Тоҷикистон соле ду бор – баҳору тирамоҳ – маъракаи даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ сурат мегирад. Дар ҳар даъват тарзи бурдани ҷавонон ба артиш ба мавзӯи доғи расонаҳо табдил меёбад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Метарсам, ки писарам дар артиш ё худашро мекушад ё каси дигарро". ВИДЕО