На хавфи дуздон, на бими тӯфон: Сафари пурхатар аз Осиёи Марказӣ ба Амрико. ВИДЕО

Сарҳади Мексика бо Амрико. Моҳи майи 2023

Солҳои охир теъдоде аз зодагони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, дар орзуи зиндагии наву шоиста роҳ сӯйи Амрико пеш гирифтаанд. Роҳи печида ва хатарборе, ки истгоҳи охиринаш марзи Мексика бо Иёлоти Муттаҳида аст. Онҳо дар онҷо чӣ кор мекунанд ва чӣ сарнавиште дар интизорашон ҳаст.
  • "Мо, воқеан, дар шароити сахте ҳастем, хоҳиш, ба мо кумак кунед!"
  • "Дувуним моҳ боз дар хиёбон зиндагӣ мекунам."
  • "Ба инҷо на барои худам, балки барои ояндаи фарзандон омадам. Бачаҳоямро пазмон шудам, волидонамро ҳам."
  • "Ман пул надорам. Намедонам чӣ кор кунам. Ҳар рӯз саъй мекунам аз марз гузарам, аммо иҷозаи гузаштан намедиҳанд."

Тобистони соли 2023. Сарҳади байни Мексика ва Иёлоти Муттаҳида. Бисёре аз муҳоҷирон банд мондаанд. Ҳеч кас раводид (виза)-и Амрико надорад, аммо ҳама як ҳадаф доранд: гузаштан аз марз ва дархости паноҳандагӣ. Хабарнигорони бахши узбекии Радиои Озодӣ бо муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар ҳамон ҷо гап заданд.

"15 ҳазор доллар гирифтам, чизе намонд"

Тӯли марзи Амрико бо Мексика 3145 километр аст. Солона беш аз 350 миллион нафар аз он мегузаранд. Бар асоси омори расмӣ, соли 2022 дастикам 853 нафар дар талоши убури ин марз ҷон бохтаанд.

"Мо ба шаҳри Рейнозаи Мексика омадем. Ин шаҳр ба сарҳади Амрико наздик аст. Як шаҳраки хурд. Фурудгоҳаш ба андозаи фурудгоҳи Уш хурд аст," – мегӯяд шаҳрванди чиҳилсолаи Қирғизистон, Ҳасан Багишев.

Ӯ бо ҳамсар ва се фарзандаш бештар аз як моҳро дар сафар ба Рейноза сипарӣ кардааст. "Даҳ сол дар ниҳодҳои давлатӣ дар Қирғизистон кор кардам, аммо чун қурбонии низоми фосид будам, маҷбур корро тарк кардам," – афзуд ӯ. Багишев мушкилоти худро батафсил баён накард. Вай мегӯяд, барои сафар ба Амрико саъй дошт раводид (виза) бигирад ва марҳилаҳои расмиро тай кунад, аммо фаҳмид, ки ин кор бисёр сахт аст.

Мусофири дигар Дилшод Ҳошимови 43-сола аст. Ӯ устое ҳунарманд дар Тошканд, пойтахти Узбекистон, буд. Ҳошимов мегӯяд, ки орзуи кору зиндагиро дар Амрико солҳо дар сар мепарварид. Талошҳои бисёре ҳам барои дарёфти Грин Корт анҷом дод, вале муваффақ нашуд. Дар ниҳоят, ду моҳ пеш тасмим гирифт ба қочоқчиён пул бидиҳад.

- Чӣ қадар пул додед?
- Аввал 3000 доллар. Баъд, 2000 доллари дигар. Аммо ин одамонро ҳаргиз надидаам.
- Ба Шумо роҳ нишон доданд, ки то инҷо биёед?
- Бале, гуфтанд, ки чӣ гуна
то инҷо биёям.
- Чӣ миқдор пул бо худ гирифтед?
- 15 000 доллар.
- Чӣ қадар монд?
- Бовар кунед, як тин ҳам надорам.

Достонҳои ба ин монанд дар тамоми ин марз вуҷуд доранд.

Истанбул, Мадрид, Богота, Манагуа... Мексика

Таҳқиқе, ки бахши узбекии Радиои Озодӣ анҷом дод, нишон медиҳад, ки мардуми Осиёи Миёна истифода аз роҳи Мексикаро панҷ сол пеш сар кардаанд. Дар оғоз теъдоди мусофирон кам бу, аммо зуд афзоиш ёфт. Акнун дар Телеграм даҳҳо саҳифа барои баррасии масирҳои беҳтарини сафар вуҷуд дорад.

Шахсоне ҳастанд, ки дар ин каналҳо менависанд, аз ин тариқ ба Амрико сафар кардаанд ва акнун дар онҷо пул ва даромади хубе мегиранд. Бисёре аз ин матолибро зоҳиран аъзои гурӯҳҳои қочоқчӣ менависанд – ва мардум ҳам зоҳиран бовар мекунанд. Дар яке аз ин каналҳо ба Радиои Озодӣ дар ивази 19 000 доллар ваъдаи интиқоли бехатар аз тариқи Мексика ба Амрико дода шуд.

Қочоқчиёне, ки бо муҳоҷирони ғайриқонунӣ, бахусус аз Узбекистон, сарукор доранд, мисли савдогарон ҳастанд. Онҳо дар Мексика «одам» доранд, ки корро анҷом медиҳанд. Худашон ҳамроҳи Шумо намераванд. Ба ҳар суоле аз тариқи телефон посух медиҳанд. Пул ҳам онлайнӣ гузаронда мешавад.

Пулиси Узбекистон иқдомотеро алайҳи ин қочоқчиён оғоз кардааст. Имсол шаш нафарро дастгир карданд. Вазорати корҳои дохилии Узбекистон мегӯяд, ки барои ҳар нафаре қочоқчиён аз 10 000 то 60 000 доллар талаб мекунанд.

Шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Миёна барои даромадан ба Мексика ба виза ниёз доранд. Аммо қочоқчиён роҳе барои давр задани ин муқаррарот пайдо кардаанд. Аввал ба шаҳри Истанбули Туркия парвоз мекунанд. Баъд, ба яке аз шаҳрҳои Иттиҳоди Аврупо, маъмулан Мадрид, аз онҷо ба Богота, Панама Ситӣ ё Манагуа мераванд. Марҳилаи баъдии сафар пиёда ва бо мошин аст, аз тариқи чанд кишвари Амрикои Марказӣ ба самти Мексика. Ва сипас, агар хуштолеъ бошанд, вориди Амрико мешаванд.

Таҳдиди супурдан ба дасти пулис ё мафия

Тақрибан ҳамаи сокинони Осиёи Миёна, ки бо онҳо суҳбат кардем, аз сафорати Амрико дархости виза карда буданд, вале дархосташон рад шуда буд. Яке аз онҳо гуфт, ки 9 бор дархости виза дод, комёб нагардид. Дархости визаи Багишев ҳам рад шуда буд, аммо ӯ талош дорад ба таври қонунӣ вориди Амрико шавад. Ӯ аз як нармафзори телефон ба номи "CBP One” истифода мекунад, ки давлати Амрико роҳандозӣ кардааст. Ин абзор ба паноҳҷӯён кумак мекунад, ки бо мақомҳои муҳоҷирати Амрико вақти мулоқот гузоранд.

Ин нармафзор як роҳи қонунии гузаштан аз марзро фароҳам меорад. Фақат теъдоди андаке ихроҷ мешаванд. Аммо ин барнома баҳсбарангез аст. Дар Амрико мавриди танқид қарор гирифтааст, ҳам барои маҳдудиятҳои зиёд ва ҳам барои осониҳое, ки фароҳам мекунад. Байни моҳҳои январ ва августи соли 2022 наздик ба 260 000 нафар аз он барои гирифтани қарори мулоқот бо мақомҳои муҳоҷирати Амрико истифода кардаанд.

Як мард аз Самарқанд мегӯяд қаблан дар як муассисаи давлатӣ ҳисобдор буд, вале ҳоло мехоҳад дар Амрико зиндагӣ кунад ва пулу даромади бештаре ба даст оварад.
Ӯ пас аз шаш моҳи издивоҷ ҳамсарашро дар хона танҳо гузоштаааст.

- Ду моҳ боз дар сафаред. Вақти рафтан ҳамсаратон чӣ гуфт, чун ҳанӯз моҳи асалатон буд?!
- Ман ҳақиқатро ба ӯ нагуфтам. Намехостам нигарон шавад. Ба ӯ гуфтам, ки барои истироҳат ба Туркия меравам.

Ӯ мегӯяд, мошинаашро фурӯхт, то харҷи сафарро бипардозад, вале то кунун тамоми пулҳояшро сарф кардааст. Иллаташ, қисман, бархӯрд бо гурӯҳҳои табаҳкор буда, ки аз онҳо ба унвони "картел" ёд мекунад.

“Мо чанд бор ба дасти картелҳо уфтодем. Бори аввал дар Тапачула буд. Таксӣ гирифтан дар инҷо фикри хубе нест. Онҳо бо таҳдиди супурдан ба дасти пулис ё мафия, аз муҳоҷирон пул меситонанд. Аз ман 100 доллар гирифтанд. Замоне ҳам ки бо дӯстонам ба Рейноза расидем, ба маҳзи аз автобус пиёда шудан боз ҳамин иттифоқ уфтод. Ронандаи таксӣ моро ба як сохтмони беодам бурду гуфт: "Агар 1500 доллар надиҳед, шуморо ба пулис месупорам." Мо се нафар будем. Ба ин восита пулҳоямонро аз дастамон гирифт."

Марди дигаре, ки бо ӯ суҳбат кардем, аз Қирғизистон, таҷрибаи бадтаре дошт: “Моро ба хонаи калоне бурданд. Баъд сумкаҳоямро кофтанд. Дунболи ашёи қимат мегаштанд. Гӯшвор ва пулҳои нақдамонро гирифтанд. Як миқдор песо ва доллар доштем. Ҳамаро бардоштанд. Гуфтанд: "Ҳар кадоме ба мо 1000-долларӣ бидиҳед, шуморо раҳо мекунем, метавонед сафарро идома диҳед". Вақте гуфтем, ки пул надорем, якешон гуфт: "Пас, вой ба ҳолатон, то пул надиҳед, ба ҷое намеравед".

Дӯстони ин мард аз Қирғизистон пул фиристодаанд ва ӯ раҳо шудааст. Дигарон чунин толеи баланд надоранд.

“Маъмулан ҷасадашон пайдо намешавад"

Мексика аз як эпидемияи одамрабоӣ ва нопадид шудан ранҷ мебарад. Бар асоси омори расмӣ, 12000 нафар дар Мексика фақат дар соли гузашта нопадид шудаанд.

Катерина Панова аз rubic.us мегӯяд: “Мавриди бисёри маргу мир вуҷуд дорад, ки мо аз онҳо аслан хабар надорем. Агар касоне аз ташнагӣ дар биёбон бимиранд ё дар об ғарқ шаванд, ҷасадашон маъмулан пайдо намешавад. Дӯстону азизонашон шояд аз хабар додан битарсанд. Ин ба нафъи қочоқчиён ҳам нест, ки аз маргу мири мардум гузориш бидиҳанд."

Бар асоси омори расмӣ, танҳо дар моҳи июли соли ҷорӣ, 130 ҳазор нафар дар марзи Мексика бо Амрико боздошт шудаанд. Барои бисёре, ин аввалин ва охирин дидорашон аз Амрико хоҳад буд.

"Дар ҳоли ҳозир, тибқи қоидаҳои нав, шумо наметавонед ҳамин тавр ба хона баргардед. Қаблан мардумро бозпас ба кишварашон мефиристоданд, вале онҳо дубора бармегаштанд. Акнун онҳо ба муддати панҷ сол аз ҳаққи вуруд ба Амрико маҳрум мешаванд. Барои бисёре аз афрод, танҳо таҷрибаи ҳузур дар Амрико фақат аз қафаси зиндон хоҳад дод."

Воқеияти талх

Афроде аз Осиёи Миёна, ки бо онҳо ҳамсуҳбат шудем, ҳамагӣ ормонҳои мушобеҳе дар бораи омадан ба Иёлоти Муттаҳида ва сарватманд шудан доштанд. Аммо касоне, ки аз марз мегузаранд, шояд бо воқеияти талхе рӯбарӯ шаванд. Як марди қирғиз, ки бо ӯ дар Чикаго ошно шудем, достоне маъмулӣ дошт:

"Дар оғоз, мо хушҳол будем, ки дар Амрико ҳастем. Аммо зуд бо мушкилоти корёбӣ мувоҷеҳ шудем, зеро ҳеч санад надоштем. Вақте аз посгоҳи гумруку марзбонӣ мегузаштем, маъмури бозрасӣ гуфт: "Шумо панҷ моҳ наметавонед кор кунед."Гумон мекардем, ин панҷ моҳ осон пушти сар мешавад. Аммо инҷо нарх гарон аст. Нархи иҷора болост. Шумо дар моҳ ҳадди ақал ба 4-5 ҳазор доллар ниёз доред."

Юсуфбек Умаров, Чикаго: “Бисёриҳо паёмҳои мусбати блогерҳоро дар Ютюб бовар мекунанду меоянд, бино бар ин муътақиданд, ки муҳимтар аз ҳама худро расондан ба Амрикост. Аммо ин тавр нест. Агар инҷо меоед, шумо бояд забон донед, ба таҷриба ва кор ниёз доред. Онҳое, ки тоза ворид шуданд, шароити бисёр сахте доранд, 2-3 сол лозим аст, ки онҳо ба шароити инҷо одат кунанд ва касбу кореро оғоз кунанд. Касоне, ки фикр мекарданд дар арзи 2-3 моҳ ҳамаи орзуҳояшон бароварда мешавад, фаҳмиданд, ки ин тавр нест ва бархе аз онҳо тарҷеҳ доданд, ки баргарданд."

Рустами Карим, фаъоли узбекистонӣ, ба интиқоди шадид аз президенти кишвараш, Шавкат Мирзиёев, шуҳрат дорад. Соли 2019 ба иттиҳоми хатар барои амнияти миллӣ ба 3 сол зиндон маҳкум шуд. Ӯ мегӯяд, ба маҳзи озод шудан аз зиндон тасмим гирифт, ки аз кишвар хориҷ шавад. Вай бо гузарномаи русӣ аз марзи Мексика вориди Амрико шуд ва дархости паноҳандагии сиёсӣ кард.

“Чиро мардум Узбекистонро тарк мекунанд? Ду дастаи одамон аз Узбекистон мераванд. Гурӯҳи аввал ба далоили иқтисодӣ тарки ватан мекунанд. Ин маврид 90 дарсад аст. Бақия ба сабабҳои сиёсӣ ё мазҳабӣ аз кишвар мераванд. Аммо бештари онҳо парвандае ҷаълӣ мехаранд. Қиматаш 2000-3000 доллар аст. Шояд фикр кунанд, ки маъмурони муҳоҷират инҷо аҳмақанд. Аммо ҷузъиёти ҳамон як парванда ба афроди зиёде фурӯхта мешавад. Ман парвандаи як муҳоҷирро хондам: Ӯ тоҷир буду пулашро дуздида буданд. Достони бисёриҳо ҳамин аст. Маъмурони муҳоҷират инҷо аҳмақ нестанд."

Карим мегӯяд, зиндагии ӯ дар Иёлоти Муттаҳида сахттар аз он буд, ки бисёре аз муҳоҷирон тасаввур мекунанд, вале арзишашро дорад.

- Таҳвил (деливерӣ) – ин корест, ки ман анҷом медиҳам. Шукри Худо, ҳолам хуб аст. Агар мадорикатон дурусту мураттаб бошад, коратон пеш меравад.
- Чӣ мекашонед?
- Питза. Инҷо наметавон аз корҳои гуногун парҳез кард. Ҳеч кас бо оғӯши боз мунтазири шумо нест, бахусус агар забон надонед. Ман тамизкорӣ мекардам, зарф мешустам. Ман бо ин орзуе, ки дар як сол миллонер мешавам, инҷо наомадаам. Барои зиндагии доимӣ омадам.

Видеоро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сафари пурхатари сокинони Осиёи Миёна ба Амрико

"Орзуҳое, ки фарзандонам амалӣ мекунанд"

Бар асоси омори расмӣ, дар соли 2022 наздик ба 72 000 нафар аз Амрико ихроҷ шудаанд. Мо намедонем, ки оё ҳеч як аз афроде, ки барои ин филм ба мо мусоҳиба доданд, ихроҷ шудаанд ё хоҳанд шуд. Аммо мо аз сарнавишти Ҳасан Багишев ва хонаводааш хабар дорем. Онҳо муваффақ шуданд бо истифода аз нармафзори “CBP One” вориди Амрико шаванд. Ва акнун дар Ню-Йорк зиндагӣ мекунанд.

“Ҳамин ҳоло ба дунболи як вакил мегардам, то барои дархости паноҳандагӣ ба ман кумак кунад. Баъд, мехоҳам барои дарёфти шумораи таъмини иҷтимоӣ ва муҷаввизи кор сабти ном кунам. Гуфтанд, ки 3-4 моҳ вақт мегирад. Барои вакил пул лозим аст. Ҳоло маҷбурем кор кунему пасандоз кунем, то вакил бигирем."

Багишев мегӯяд роҳи сахте, ки дар пеш гирифта, арзишашро дорад – фақат ба хотири фарзандон. "Орзуи мо гирифтани гузарномаҳои Амрикост. Агар ман натавонам, фарзандам, ки базудӣ ба дунё меояд, хоҳад гирифт. Орзуҳое, ки ман натавонистам бароварда созам, фарзандонам бароварда хоҳанд кард,” -- мегӯяд ӯ.