Ин роҳ тақрибан 70 километр тӯл дорад ва шаҳракро бо Хуҷанд, маркази вилоят, пайваст мекунад. Ташаббускорони роҳсозии дастҷамъона мегӯянд, ки пас аз дархостҳои зиёди бенатиҷа ва интизории тулонӣ маҷбур аз пайи тармим роҳе шудаанд, ки бар асари бетаваҷҷуҳии мақомот равуоро дар он хатарнок кардааст.
Ронандагону мусофирон аз шаҳраки саноатии дурдаст, хушнуд аз он ҳастанд, ки бо омадани зимистони имсола ва бориши барфу борони зиёд мисли солҳои қабл дар роҳ азоб нахоҳанд кашид. Зеро имсол қисме аз роҳро саховатмандони шаҳраки Адрасмон навсозӣ кардаанд ва дар ҷойҳои мушкилгузар лулаҳои об насб намудаанд.
Абдулҳамид Раҳмонов, сокини шаҳраки Адрасмон дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт:
“Оғози корамон ин хел буд: Ду сол пеш як сокини ҳамин деҳа, ки бояд ба сафари ҳаҷ мерафтанд, маблағи онро ба таъмири роҳи мазкур бахшиданд. Баъди ин иқдом дигар сокинон илҳом гирифтанд. Соҳибкорон, муҳоҷирони дар Федератсияи Русия қарор дошта ва дигар шахсони хайрхоҳ ин иқдомро се сол инҷониб давом дода истодаанд. Соли равон 10 милион сомонӣ маблағ ҷамъ карда, 11 километри роҳро мумфарш кардем. Бо 12 километр ба нақша гирифтем. Соли оянда насиб иҷро мекунем”.
Ортиқ Шеров, сокини дигари шаҳраки Адрасмон мегӯд: “Савоб дар пеши пойи худамон ва ободӣ кардан кори хуб аст. Аз ин роҳ сокинони деҳаҳои Себистон, Аппон, Тарекон, Зарчашма, Адрасмон, Даҳана ва Дӯлона низ истифода мебаранд”.
Абдуҳодӣ Холбеков, сокини шаҳраки Адрасмон, ки таҷрибаи кору зиндагӣ да Русияро дорад, мегӯяд: “Мо худамон дар Русия будем ва дар сохтмони роҳ иштирок карда натавонистем. Аз Русия омадем, дидем ки 12-13 километр роҳ шудаст. Ба халқамон раҳмат. Ҳозир роҳ хеле беҳтар шудааст. Ҳар сол аз Русия меомадем, мошин хароб мешуд. Ҳозир роҳ нағз шудагӣ, мошин ҳам хуб гашта истодааст”.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Роҳ байни шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон то маркази вилоят тақрибан 70 километр аст. Ташаббускорони ин иқдом аз маблағи ҷамъшуда имсол тавонистаанд, ки наздик ба 12 километри онро созанд ва кори боқимондаашон ба соли оянда вогузор шуд. Маблағро асосан муҳоҷирони меҳнатӣ додаанд ва роҳсозон умедворанд, ки то баҳори оянда боз ба сандуқи хайрия пулҳо ворид мегардаду кор ба сомон мерасад.
Абдулҳамид Раҳмонов, сокини шаҳраки Адрасмон гуфт: “Давоми беш аз 30 сол роҳи мазкур боре ҳам таъмир нашуда буд, бисёр фарсуда буд. Мо ҳамин кори хайрро иқдом гирифтем, то ки рафту омади сокинон осон шавад. То ин вақт аз ҷониби ҳукумат ё дигар мақомоти дахлдор таъмири ин роҳ ба нақша гирифта нашуд. Ду сол пеш аз тарафи Ҳукумати шаҳри Гулистон 100 ҳазор сомонӣ кӯмак расонида буданд. Имсол аз тарафи онҳо кӯмаке дида нашуд”.
Абдуҳодӣ Холбеков мегӯяд, ин тарҳ баёнгари муттаҳидии мардум аст. “Ҳеҷ кас фикр накарда буд, ки халқ ҳамин роҳро сохта метонад. Не халқ аҳл шавад, ҳама корро анҷом додан мумкин будааст. Боз ният дорем саҳм гузорем. Масалан, ҳамсинфон, ҳаммаҳаллаҳо, ҳамаамон чӣ қадар тавонистем, пул партофтем. Мо ҳам ҳиссаи худамонро додем”.
Сокинони шаҳрак мегӯянд, азнавсозии роҳи Адрасмон-Хуҷанд як намунаи воқеии ватандӯстӣ ва ҳамбастагии мардум баҳри ҳалли мушкилоти зодгоҳашон мебошад. Солҳои охир дар Тоҷикистон сохтмони роҳҳо аз ҳисоби мардум зиёд шудааст ва ҳатто иддае маблағи бо нияти сафари ҳаҷ ҷамъкардаашонро ба чунин корҳо хайр мекунанд.
Сокинон мегӯянд, ба он хотир ба ҷамъоварии маблағи дастаҷамъона мепардозанд, ки бо вуҷуди муроҷиати паёпай мақомоти маҳаллӣ дар ҳалли чунин мушкил дастбакор намешаванд. Онҳо чунин падидаҳоро шарҳ намедиҳанд, вале аксаран дар ифтитоҳи бунёдкориҳое, ки мардум худ бо пули худ анҷом медиҳад, меҳмони асосӣ гаштаву ташаббусҳоро ба ҷашни истиқлол мебахшанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
"Ба мо об даркор аст, об, об..." Шикояти сокинони Адрасмон. ВИДЕОСӯхтор дар корхонаи "Адрасмон". Як нафар аз дуд заҳролуд шудМушкили Шӯроб дар филми мустанад. Ба шаҳраки як замон машҳур чӣ шуд? ВИДЕО"Узбекистон мулки Пётр Толстой нест". Вокуниш ба пешниҳоди бунёди мактабҳои русӣ аз ҳисоби муҳоҷирон Муҳоҷири тоҷик дар Британия: "Аз Русия аз замин то осмон фарқ дорад" ВИДЕОҲасан чӣ гуна ба Корея рафт ва онҷо чанд пул кор мекунад? ВИДЕО