Муовини раиси Думаи давлатии Русия Пётр Толстой пешниҳод кард, ки аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла Узбекистон ва Тоҷикистон мактабҳои русӣ бунёд карда шавад.
Ин пешниҳод 14 ноябр дар ҷаласаи дума, ки дар он "роҳҳои ҳифзу рушди забони русӣ баррасӣ мешуд, садо дод. “Забони русӣ дар тамоми ҷумҳуриҳои пешини шӯравӣ бояд забони муоширати байни миллатҳо бошад”, - афзудааст ӯ.
Ба гуфтаи Толстой, рушди низоми мактабҳои русӣ дар кишварҳое, ки дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ буданд, муҳим аст, зеро дар ҳоли ҳозир забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо танҳо дар Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон истифода мешавад.
"Аммо дар Арманистон, Узбекистон, Тоҷикистон ва кишварҳои дигар ин мақомро надорад. Набояд аз ҳисоби мо дар онҷо мактабҳои русӣ бунёд ва низоми "мурда"-и ҳамгироии шӯравӣ дар солҳои 90-ум рушд дода шавад. Ман пешниҳод мекунам, ин кор аз ҳисоби худи давлатҳои мазкур, аз даромаде, ки шаҳрвандони онҳо дар Русия ба даст оварда, ба ватан мефиристанд, анҷом дода шавад", - илова кард Толстой.
Вакили порлумони Узбекистон, раиси ҳаракати миллии "Юксалиш" Бобур Бекмуродов ба суханҳои ҳамтои руси худ вокуниш кардааст.
"Узбекистон мулки Пётр Толстой нест. Бигзор бо мушкилоти кишвару шаҳрвандони худ машғул шавад. Дар Узбекистон забони русӣ забони муоширати озод аст. Мо ба мақоми кишвари иттифоқчӣ мувофиқем, вале худи Толстой на", - изҳор доштааст вакили узбек.