Ятимов ба “тағйири шеваҳои муқобила бо терроризм” даъват кард  

2 октябр, шаҳри Ботканд. Саймӯъмин Ятимов, раиси КДАМ-и Тоҷикистон дар ҷаласае оид ба аломатгузории марз бо Қирғизистон

Раҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ), ки 14 декабр дар шаҳри Минск дар ҷаласаи раҳбарони ниҳодҳои амниятии кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мутақил (СНГ) иштирок кард, ба тағйири шеваҳои мубориза бо терроризм даъват намуд.  

Саймӯъмин Ятимов дар ҳузури ҳамтоёнаш аз ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ гуфтааст, “бояд аз тасаввури кӯҳнашудаи ин ки фаъолияти террористию табаҳкорона як падидаи инфиродӣ аст, даст кашем”.

Хабаргузории расмии русии ТАСС, ки суханронии Ятимовро хулоса кардааст, менависад, раҳбари КДАМ-и Тоҷикистон дар шарҳи мавқеаш ба хабарнигорон гуфтааст, «вазифаи соҳаҳои иттилоот ва зиддиҷосусӣ ин аст, ки моҳияти ин зуҳурот ошкор карда шавад». Ӯ гуфтааст: «Ин ҳама фаъолиятҳо ҳатман, ки сармоягузорӣ, таҳия ва аз ҷониби субъекти мушаххаси равобити байналмилалӣ иҷро карда мешавад».

Ӯ гуфтааст, «дар ин ҷаласа мо бояд сифат ва умқи вокуниши сареъро бисанҷем, як андеша ва тарзи амали воҳидро ба хотири манфиати кишварҳову мардумони мо таҳия кунем».

Ҷузъиёти дигари ин сӯҳбатҳои Ятимов нашр намешавад ва маълум нест, ҳадафи ӯ аз ин ҳарфҳо чӣ мебошад. Вале дар Тоҷикистон солҳои охир аз нақши то рафт барҷастаи ниҳодҳои амниятӣ ба унвони сохтори саркӯбгари озодиҳои сиёсӣ интиқод мекунанд.

Созмонҳои ҳомии ҳукуқ ҳукумати Тоҷикистонро барои пушти милаи зиндон ва ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ маҳкум кардани фаъолони ҷамъиятию сиёсӣ, журналистон ва дигар нафароне, ки дар робита бо амалкарди ҳукумат дидгоҳи интиқодӣ доранд, танқид мекунанд. Мақомот дар Тоҷикистон ин танқидҳоро қабул надоранд.

Дар ҷаласаи сарони сохторҳои амниятии кишварҳои узви СНГ инчунин раҳбари КДАМ-и Қирғизистон Қамчибек Тошиев суханронӣ кардааст. Ӯ гуфтааст, раҳбарони сохторҳои вижа дар қаламрави Иттиҳоди давлатҳои мустақил бояд «тадбирҳоеро рӯи даст бигиранд, ки ба ихтилоф дар миёни кишварҳои узви ин созмон роҳ надиҳад».

Тошиев гуфтааст, «кишварҳои узви ИДМ бояд дар ҳама масъалаҳо, бахусус дар таъмини амният дар кишварҳои мо бояд аз як мавқеъ ва созмон баромад кунанд».

Ин ҳам дар ҳолест, ки бо нигоҳ ба масоили мисли даргирии хунини марзии миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ҷанги Русия алайҳи Украина ва норизоияти хомӯши аксар кишварҳои дигари узви СНГ аз ин ҷанг, фишори Русия ба муҳоҷирон дар пасманзари шиору иддаоҳои рушди ҳамкориву дӯстии аъзои калидии ин созмон, ба вижа Маскав дар пешбурди манфиатҳои худ ба ҳар қимат интиқод мешавад.

Иттиҳоди давлатҳои ҳамсуд поёни соли 1991 дар овори СССР – Итиҳоди Шӯравии пешин таъсис шуда, ба узвияти он имрӯз расман Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон шомил ҳастанд. Молдова ҳам, ки як узви ин созмон аст, аз замони ҳуҷуми Русия ба хоки Украина, як кишвари дар гузашта узви СНГ, аз ширкат дар ҷаласаҳои ин ташкилоти зери назари Маскав худдорӣ мекунад.

Аксар ҷумҳуриҳои узви СНГ аз ҷониби раҳбарони худкома идора мешаванд ва барои эҷоди фазои диктотурӣ мавриди танқиди ҷомеаи байналмилалӣ ҳастанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Аз Путин... то Раҳмон. Кӣ чӣ гуна умри ҳукуматашро дароз кард?"Узбекистон мулки Пётр Толстой нест". Вокуниш ба пешниҳоди бунёди мактабҳои русӣ аз ҳисоби муҳоҷирон Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба РусияТаҳдид аз марзи ҷануб ба Тоҷикистон. Ҳақиқат ё бозиҳои сиёсӣ?Ҳамкорӣ дар қолаби “С5+1” ба Тоҷикистон чӣ медиҳад? ВИДЕОРаисони ҳукуматҳои СҲШ ва ИДМ дар Бишкек мулоқот мекунанд