Муовини аввали президенти Эрон Муҳаммад Муҳбар, сарвазири Русия Михаил Мишустин, сарвазири Узбекистон Абдулло Орифов, сарвазири Беларус Роман Головченко ва сарвазири Қазоқистон Алихон Смаилов барои ширкат дар ин нишастҳо ба Бишкек рафтаанд.
Сарвазири Чин Ли Сян низ 24-уми октябр дар доираи як сафари расмӣ вориди Бишкек шуда буд. Ӯ низ дар мулоқоти раисони ҳукуматҳои СҲШ иштирок мекунад.