Дар гузорише, ки рӯзи 24-уми ноябр дар сомонаи расмии Додситонӣ аз натиҷаи ин ҷаласа нашр шуд, гуфта шудааст, ки алайҳи 3864 мансабдор барои қонунвайронкуниҳо парвандаи интизомӣ боз шудааст. Аз мансабдорон ном гирифта нашудааст ва тафсилоти парвандаву муҷозоти онҳо маълум нест.
Мақомоти Додситонӣ аз нисбатан беҳтар шудани вазъи истифодаи замин дар кишвар хабар дода, аммо таъкид кардаанд, ки ҳанӯз ҳам дар кори чандин ниҳод, аз ҷумла идораи замин ва ҳукуматҳои маҳаллӣ “қонунвайронкуниҳои ҷиддӣ ҷой доранд”.
Тақсими замин дар минтақаҳои Тоҷикистон чанд сол боз ба як мавзӯи доғу баҳсӣ дар сатҳи болотарини ҳукумат табдил ёфтааст.
Шикояти сокинон аз тақсими ноодилонаи замин зиёд аст. Дар аксар ҳолат онҳо аз ғайриқонунӣ гирифта шудани заминҳояшон ва ришваситонӣ дар ин соҳа нигаронӣ мекунанд.
Як таҳқиқи Радиои Озодӣ дар соли 2020 нишон дод, ки шуморе аз сокинон бо роҳи шубҳаовар ва осон дар ноҳияи Рӯдакӣ соҳиби қитъаи замин шудаанд. Баъзе аз онҳо ба раиси онвақтаи ноҳия наздикӣ доштанд.
Додситони кулли Тоҷикистон қаблан гуфта буд, дар як соли гузашта беш аз 41 ҳазор сокини кишвар дар пайванд ба баҳси замин муроҷиат карданд. Онҳо аз тафтишоти пешакӣ ва санадҳои додгоҳӣ дар ин маврид норозигӣ намудаанд.
Имсол хабари барканории чанд мансабдор, аз ҷумла додситонҳо дар пайванд ба тақсим ва истифодаи ғайриқонунии замин расонаӣ шуда буд. Манобеи Радиои Озодӣ моҳи октябр аз барканор шудани Хебар Зайдуллозода, додситони минтақаи Кӯлоб аз мақомаш барои “чашмпушӣ аз кирдорҳои ғайриқонунӣ” дар ин самт хабар доданд.
Дар аввали сол, Алихон Худоёрзода, муовини раиси ҳукумати ноҳияи Восеъ, ки масъули сохтмон ва тақсими замин буд, ба иттиҳоми баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ дастгир шуд.
Коршиносон сабаби идома ёфтани ғасби заминро дар ҷой доштани фасод дар ҳукумату мақомоти интизомӣ меноманд, ки садди ислоҳи вазъ шудааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Додситони минтақаи Кӯлоб барканор шуд. Хонаҳоро чаппа мекунанд. Сабаб? ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Оҷонсӣ шарҳ дод, ки чаро раиси Рашт бозпурсӣ ва раҳбари дастгоҳаш боздошт шуданд ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Муовини раиси як ноҳияро дар Хатлон боздошт карданд. ВИДЕО