Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошти раиси дастгоҳи ноҳияи Рашт ва бозпурсии раиси ҳукумати ин ноҳияро шарҳ дод. Хабари бозпурсӣ ва боздошти Раҳимҷон Набизода (Муқимӣ) раиси ноҳияи Рашт ва раҳбари дастгоҳи ин ноҳия Холмуҳаммад Ортиқов, рӯзи 23-юми январ расонаӣ шуд.
Насриддин Низомзода, сардори Раёсати тафтишотии Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 17-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, нисбати Холмуҳаммад Ортиқов, раҳбари дастгоҳи ноҳияи Рашт барои "қаллобӣ" парванда боз шудааст.
Низомзода гуфт: "Холмуҳаммад Ортиқов барои ба вазифаи мудири Шӯъбаи маорифи ноҳияи Рашт таъин кардани шаҳрванд Абоссзода бо роҳи қаллобӣ аз ӯ 100 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Нисбати ӯ бар асоси моддаи 247, қисми 4 Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад".
Насриддин Низомзода дар идома гуфт, ки алайҳи раиси ноҳияи Рашт парвандаи ҷиноятӣ боз нашудааст ва Раҳимҷон Набизода дар доираи парвандаи раиси дастгоҳи ин ноҳия бозпурсӣ шудааст. Ин мақомдори Оҷонсӣ гуфт, ҷузъиёти ин парванда баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ расонаӣ хоҳад шуд.
Дар аввал гуфта мешуд Раҳимҷон Набизода (Муқимӣ) ва Холмуҳаммад Ортиқов ба "тақсими ғайриқонунии замин" ва "гирифтани ришва" гумонбар ҳастанд ва "дар ҷойи кор ва дар ҳузури шоҳидон", боздошт шудаанд.
Як манбаи Радиои Озодӣ гуфта буд, Раҳимҷон Набизода баъд аз бозпурсӣ, ба сабаби масунияташ ҳамчун узви Маҷлиси Миллӣ раҳо шудааст. Раҳимҷон Набизода (Муқимӣ) 61-сола аст. Ӯ дар гузашта сардори Идораи молия ва муовини аввали раиси ҳукумати Рашт буд. Аз соли 2019 раёсати ҳукумати ноҳияро ба дӯш дорад. Холмаҳмад Ортиқов 64-сола аст. Аз соли 2017 дар мансаби раиси дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Рашт кор мекунад. Дар гузашта мудири маорифи минтақа буд.
Дар гузашта рӯйдодҳои ҳамсон дар баъзе аз ноҳияҳои дигар рӯй додаанд, аммо боздоштшудаҳо баъдан озод гашта, мавзӯи парванда аз фасоду ришва ба сӯистифода аз мансаб тағйир ёфтааст. Дар баъзе аз мавридҳо танҳо зердастон ҷазо дидаанд.
Соли 2020 Баҳром Иноятзода, шаҳрдори собиқи Кӯлоб ба иттиҳоми фасодкорӣ боздошт ва ба 12 сол зиндон маҳкум шуд. Худи ӯ ва пайвандонаш иттиҳомро рад карданд.
Маъмурони Оҷонси зидди фасодро дар Тоҷикистон ҳамвора барои дастгир накардани мансабдорони баланпоя танқид мекунанд. Ин ниҳод бештар дар бораи боздошти омӯзгорону пизишкон ва кормандони зинаҳои поини вазорату кумитаҳои давлатӣ гузориш медиҳад.