Дар маросими тӯйе, ки дар Бодканди Қирғизистон баргузор шуд, хешу табори навхонадорон аз Тоҷикистон, бо далели баста будани марз, натавонистанд иштирок кунанд, вале ба ин ҷуфт аз он сӯи роҳ дуо доданд.
Ин роҳ, ки тақрибан 12 метр паҳноӣ дорад, марзи Тоҷикистону Қирғизистонро муайян мекунад ва сокинон ҳаққи убур аз онро надоранд. Ду сол пеш пас аз як муноқишаи хунинӣ марзӣ Қирғизистон якҷониба марзашро баст.
Ба Ҷавлонбек ва Зулола, ду ҷавон аз Бодканд, бибию хола ва аммаҳо аз он сӯи марз дуо дода, ӯро ба тӯяшон табрик карданд.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Ҷавлонбек Ғозибоев, сокини Бодканди Қирғизистон мегӯяд, нисфи наздиконаш дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд.
"Мо аз деҳаи Интернатсионали ноҳияи Лайлаки вилояти Бодкандем. Дар ин ҷо зода шуда, ба воя расидаем. Занам низ аз ин ҷост. Хешовандон ва модаркалонаш аз Тоҷикистонанд. Онҳо дар тӯй ҳамроҳи мо набуданд. Вақте ки аз ҷашн бармегаштем, маълум шуд, ки дар канори роҳ моро интизоранд. Мо ба канори роҳ рафтем, фотеҳа доданд ва дар ҳаққамон дуо карданд. Миёни мо ҳамагӣ панҷ метр дурӣ буд. Занам аз роҳ гузаштанӣ буд, вале ман ӯро аз дасташ доштам ва нагузоштам,"--гуфт ӯ.
Ҷавлонбек духтури дандон аст. Ӯ бахши стоматологии Донишгоҳи давлатии шаҳри Уши Қирғизистонро хатм кардааст.
Модари Зулола, Онаҷон Мирбобоева низ дар Тоҷикистон ба дунё омада, калон шудааст, вале 20 сол пеш ба қишлоқи Интернасионал арӯс шудаааст.
"Падару модарам дар тӯй будан мехостанд, аммо туйро танҳо аз дурӣ диданд. Ман ҳамчунон гирякунон мехостам аз роҳ гузарам, аммо натавонистам ва пас гаштам,"--гуфт ӯ.
Онаҷон чор сол аст, ки барои дидани хешу табораш ба Тоҷикстон наомадааст. Ӯ умедвор аст, ки марз мисли солҳои пеш боз мешавад ва ӯ ба дидори наздиконаш, ки дар фосилаи хеле кам аз ӯ зиндагӣ мекунанд, меравад.
Маликқозӣ, бобои Зулола мегӯяд, бояд марз боз бошад ва мардуми ду кишвар бо ҳам рафтуо кунанд.
Пас аз ҷангҷолҳо дар сарҳад дар моҳҳои апрел-майи соли 2021 Қирғизистон марзи худро бо Тоҷикистон баст. Аз он вақт сар карда, равуо ва додугирифт дар сарҳад бас шудааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
75 км. Тоҷикистону Қирғизистон дар як моҳ чиро ва дар куҷо муайян карданд? ВИДЕОЯк мансабдори Қирғизистон гуфт, баҳси марзиро бо Тоҷикистон "ҳал мекунанд""Вазъи мураккаб". Қирғизистон тавоноиҳои "Акинҷӣ" ва "Аксунгур"-ро намоиш додВохӯрии раисони Суғд ва Ботканд баъди танишҳои лафзӣ