Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вохӯрии раисони Суғд ва Ботканд баъди танишҳои лафзӣ


Роҳбарони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон дар марз вохӯрда гуфтаанд, бояд "аз арзёбии нодурусти масъалаҳои марбут ба марз"-и ду кишвар худдорӣ шавад.

Дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд навиштааст, дидори Раҷаббой Аҳмадзода ва Абдикарим Алимбаев 23-юми сентябр дар ноҳияи марзии Лайлаки Қирғизистон баргузор шуд. Намояндагони ниҳодҳои қудратии ду кишвар ва раисони шаҳру ноҳияҳои марзӣ ҳам дар ин вохӯрӣ будаанд.

Ҷониби Қирғизистон то ҳол дар бораи баргузории ин дидор расман хабар надодааст. Дар хабари ҳукумати вилояти Суғд омадааст, "рӯзҳои ахир нашри матолиби марбут ба марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар расонаҳо баҳсҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехта, ​ андешаҳои норавшан баён шудааст."

Дар хабар мушаххасан гуфта нашудааст, ки ду тараф аз кадом баҳсҳо дар бораи марз нигаронанд. Аммо баъди ҳарфҳои раиси Кумитаи амнияти Қирғизистон, ки гуфт ҳуҷҷатҳои нав ёфтаанд ва агар Тоҷикистон аз даъвояш даст накашад онҳоро истифода мебарад, ду кишвар вориди як баҳси лафзӣ шуданд. Вазорати корҳои хориҷии Тҷоҷикистон сафири Бишкекро даъват ва аз ҳарфҳои Қамчибек Тошиев нигаронӣ кард.

Душанбе ва Бишкек беш аз 20 сол аст, ки барои муайян кардани хатти марз гуфтугӯ доранд. Дар ин муддат аз 972 километр марз танҳо 664 километри онро мувофиқа кардаанд. Дар марзи ду кишвар борҳо муноқишаву даргирӣ сар задааст. Дар яке аз ин муноқишаҳои хунин, ки моҳи сентябри соли гузашта рух дод, аз ду тараф беш аз сад нафар куштаву даҳҳо нафар захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG