Ба нақли пайвандонаш, ӯ моҳи сентябри 2022 дар Русия дастгир ва якуми октябри имсол, ба нақли вакили мудофеаш дар Русия - ба Тоҷикистон истирдод шуд. Мақомот дар Тоҷикистон тамоми ин муддат ҷои нигоҳдории ӯро пинҳон медоштанд.
Аслиддин Шариповро дар тундгароӣ гумонбар медонанд, вале расман мақомот дар Тоҷикистон то ҳол сабаби боздошт ва дар куҷо будани Аслиддин Шариповро эълон намекунанд.
Манобеи Радиои Озодӣ ва хешовандонаш гуфтанд, ки вакили мудофеъ ҳафтаи гузашта тавонист бо ӯ дар боздоштгоҳи мувақатии шаҳри Хуҷанд мулоқот кунад. Вале вакили мудофеъ гуфтааст, ки минбаъд аз ӯ ҳимояи ҳуқуқӣ хоҳад кард ё не маълум нест.
Ҳоло, ба нақли пайвандонаш, кӯшиш доранд барои ӯ либосу ғизо бибаранд ва аз аҳволаш дар боздоштгоҳ огоҳ шаванд.
Нина Четверткова, вакили дифои Аслиддин Шарипов дар Русия дар рӯзҳои истирдоди ӯ ба Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки бар асоси хулосаи додситонии ноҳияи Тагилстроевскии шаҳри Нижний Тагили Русия, ӯ барои ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ ё таблиғи онҳо тавассути интернет гумонбар дониста мешавад. Дар сурати исботи иттиҳом, ба ӯ аз панҷ то ҳашт соли зиндон таҳдид мекунад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ба қавли вакилаш, Аслиддин Шарипов ин айбномаро дар рӯзҳои баррасии қазияаш дар Русия рад карда онро беасос номидааст.
Аслиддин Шарипов дар Русия бо оилаву фарзандонаш қарор дошту худ чун муҳоҷирати корӣ фаъолият мекард. Нафароне, ки аз қазияи ҳабсу иттиҳоми ӯ огаҳ ҳастанд, мегӯянд, ҳабси ӯ бештар ба фаъолиятҳои бародараш Шавкати Муҳаммад, сардабири барномаҳои "Паём ТВ" рабт дорад, ки марбут ба ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ мебошад. Онҳо мегӯянд, аз ин роҳ мехоҳанд садои ин журналистро хомӯш кунанд.
Зимнан фаъолияти ҳизби наҳзати исломӣ дар ҳудуди Русия низ мамнуъ аст.
Шавкати Муҳаммад ҳам дар як суҳбати қаблӣ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ҳадафи боздошту ҳабси бародараш талоши хомӯш кардани ӯ мебошад.
Аслиддин Шарипов зодаи ноҳияи Ашти вилояти Суғд 36 сол дорад ва соҳиби се фарзанд аст.
Зимнан соли ҷорӣ Абдуллоҳи Шамсиддин, писари як фаъоли дигари мухолифон - Шамсиддин Саидов аз Олмон ихроҷ ва, ба қавли пайвандонаш, дар Тоҷикистон "боздошту 7 сол зиндонӣ шуд". Ба дунболи ин хоҳарзодаи Шамсиддин Саидов Саидумар Саидовро низ боздошту зиндонӣ карданд.
Мақомоти Тоҷикистон дар соли 2022 наздик ба сад нафар, аз ҷумла 18 гумонбар ба терроризму ифротгароиро аз кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия ба Душанбе оварда, бархеро ба муҳлатҳои дароз зиндонӣ карданд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Изҳороти NHC дар бораи як шаҳрванди "бедаракшуда"-и ТоҷикистонҶавонони тоҷик сиёсиянд, ғайрисиёсӣ ё интихобан сиёсӣ? Гапи Озод. ВИДЕО"Ба суроғаш мераванд, вале..." Аслиддин Шарипов дар куҷост?Бобои Дона, ки зиндонӣ шуданаш сару садои зиёде барангехт, даргузашт CPJ: Фишор барои гузориш надодан дар бораи "ақаллиятҳои помирӣ"-ро бас кунед