Ҳузури як намояндаи Толибон дар масҷиди Олмон ҷанҷолбарангез шуд

Соли 2022. Абдул Барӣ Умар дар мақоми муовини вазири беҳдошти маъмурияти Толибон

Зуҳури як мақоми баландпояи Толибони Афғонистон дар масҷиди шаҳри Кёлни Олмон боиси хашми ҳукумат ва мақомоти маҳаллӣ шудааст.

Вазорати умури хориҷаи Олмон дар саҳифаи расмии худ дар саҳифаи X, ки қаблан бо номи Твиттер маъруф буд, навиштааст, "мо зоҳир шудани Абдул Барӣ Умар, як намояндаи Толибонро дар Кёлн шадидан маҳкум мекунем."

Дар изҳорот омадааст: "Ба мо дар бораи ин сафар хабаре нарасидааст. Мо Толибонро эътироф намекунем. То замоне, ки Толибон дар Афғонистон ҳуқуқи башар, бахусус ҳуқуқи занону духтаронро поймол мекунанд, равобит бо режими Толибон оддӣ нахоҳад шуд".

Ҳукумат ҳам гуфт, ки дар бораи ин сафар огаҳӣ надошт ва ба Абдул Барӣ Умар, як мансабдори маъмурияти умури ғизо ва маводи дорувори Афғонистон қабл аз сафараш ба Олмон раводид дода нашудааст.

Масъули ташкили ин чорабинӣ Анҷумани фарҳангии маҳаллӣ дар умури Афғонистон будааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Муҳоҷирони бесанад аз Покистон фирор карда дар марзи Афғонистон дармонданд. ВИДЕОМақомдори амрикоӣ: "Ансоруллоҳ" барои Тоҷикистон ва шаҳрвандони ИМА хатари воқеӣ аст. ВИДЕОНавор аз бозоре дар сарҳади Тоҷикистону АфғонистонБаҳси лафзии дипломатҳои афғон дар Тоҷикистон. Консулгарии Хоруғ дар дасти кист?