Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони бесанад аз Покистон фирор карда дар марзи Афғонистон дармонданд. ВИДЕО


Гузаргоҳи марзии Турхам дар байни вилояти Нангарҳори Афғонистон бо Покистон
Гузаргоҳи марзии Турхам дар байни вилояти Нангарҳори Афғонистон бо Покистон

Садҳо ҳазор муҳоҷири афғон, ки аз тарси боздошт ва озору азияти пулиси Покистон тарки ин кишвар кардаанд, дар марзи  Афғонистон дар дохили хаймаҳо зиндагӣ доранд.

Бархе аз хонаводаҳо шабро дар ҳавои боз рӯз мекунанду шароити сангин доранд. Сардор, як муҳоҷири бозгашта мегӯяд, як ҳафта аст дар ҳавои боз шабро рӯз мекунанд. “Мушкилотамон хеле зиёд аст, мо ташноб надорем. Ҳоли ин ҷоро шумо бубинед. Мо ба ватан баргаштем, то худамонро роҳат ҳис кунем, аммо ин ҷо ҳоламон бадтар аст”, гуфт Сардор дар сӯҳбат бо «Садои Амрико».

Зиндагӣ барои занону кӯдакон боз ҳам душвортар аст. Неъмати 17-сола дар Панҷоб зиндагӣ мекард ва рӯзе пулиси Покистон омада ӯву хонаводаашро аз хона ронд. Неъматулло мегӯяд: “Пулис ба хонаамон омад. Амакамро боздошт карданд, мо тарсидем. Падарам гуфт, мо ҳама бояд биравем, вагарна боздошт мешавем. Мо шаш рӯз пеш ин ҷо омадем. Шаби аввалро дар берун рӯз кардем, ҳоло дар хайма зиндагӣ дорем”.

Покистон ба 1 миллиону 700 ҳазор муҳоҷири бесанади афғон то 1-якуми ноябр мӯҳлат дод, то ин кишварро тарк кунанд. Пулис хона ба хона гашта, муҳоҷиронро ронд.

Ҳоли зори муҳоҷирони бозгашта ба Афғонистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:41 0:00

Бибигул, муҳоҷирзани афғони бозгашта чунин гуфт: “Пулис хонаҳои моро тафтиш кард. Онҳо моро азият доданд. Занону кӯдаконро боздошт карда, ришва талаб намуданд. Мушкили мо дучанд шуд, барои ҳамин мо ба ватан баргаштем.”

Мақомоти Толибон мегӯянд, ба муҳоҷирони бозгаштае, ки дар хаймаҳо зиндагӣ доранд, кӯмак расонида мешавад. Салом Умарӣ, масъули Кумитаи муҳоҷирати Толибон дар ин бора гуфт:

“Вазорати муҳоҷират онҳоро бо хӯрок таъмин мекунад. Мо инҷо пизишку мошинҳои ёрии таъҷилӣ дорем. Вазоратҳои гуногун ба онҳо кӯмак мерасонанд. Вазорати дифоъ хоҳишмандонро бо мошин ба вилоятҳои онҳо бурда мерасонад. Сокинони маҳаллӣ ва бунёдҳои хайрия ҳам зиёд кӯмак карда истодаанд.”

Ба иттилои Толибон то кунун беш аз 200 ҳазор тан аз гузаргоҳи Турхам вориди Афғонистон шудаанд. Бозгашти муҳоҷирон идома дорад. Онҳое, ки тоза ба ин ҷо расидаанд, аз набуди оддитарин шароит шикоят доранд.

Наҷиба Дилноз, муҳоҷири аз Покистон баргашта мегӯяд: “Барои шустушӯ об намерасад. Кӯшиш дорем, ки коре карда бирасонем, дасту рӯямонро намешӯем. Барои хурдан каму беш мерасад, аммо барои шустан тамоман нест.”

Мақомоти Толибон мегӯянд, муҳоҷирони баргаштаро дар гузаргоҳи марзии Турхам сабти ном карда, баъдан ба вилоятҳояшон интиқол медиҳанд. Аммо барои онҳое, ки дар Афғонистон хонаву ҷой надоранд ин хаймаҳо иқоматгоҳи дарозмуддат хоҳад шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG