Се медали паҳлавонони ҷавони тоҷик дар Боку

Акс аз вебсайти Федератсияи ҷудои Озарбойҷон

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байнулмилалии ҷудо "Ҷоми Рауф Оруҷов" миёни ҷавонони то 21-сола, ки рӯзҳои 16-17-уми ноябр дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон баргузор шуд, се медал (1 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) гирифтанд.

Мусобиқаи байнулмилалии ҷудо ба хотираи подполковник Рауф Оруҷов ва тамоми шаҳидони озарбойҷонӣ, ки дар набардҳои моҳи апрели соли 2016 барои озодии сарзамини худ ҷон бохтанд, дар Қасри варзиши Боку доир гардид.

Мусобиқа бо ибтикори Федератсияи ҷудои Озарбойҷон ва Иттиҳодияи ҷамъиятии «Клуби ҷудо 2012» бо ширкати беш аз 100 варзишгар дар ҳайати 48 бошгоҳ аз 6 кишвар баргузор шуд.

Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ даҳ нафар

шогирдони бошгоҳи ҷудои "Ҳоҷӣ Шариф" ширкат карданд:

Бинёмин Назиров - 66 кг

Магомед Фармонбеков - 66 кг

Илҳомиддин Ҷабборов - 73 кг

Абдулло Лоиқов - 73 кг

Мусо Саъдуллоев - 73 кг

Эмомалӣ Қурбонов - 81 кг

Мустафо Раҳматуллоев - 81 кг

Абдулаҳад Маҷидов - 81 кг

Амрулло Давлатов - 90 кг

Сомон Кишваров - 90 кг

Аз байни паҳлавонони ҷавони тоҷик се нафар – Сомон Кишваров бо медали тилло, Илҳомиддин Ҷабборов бо медали нуқра ва Бинёмин Назаров бо медали биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар ҳисоби умумидастаӣ ҳам байни бошгоҳҳо ва ҳам миёни кишварҳо пас аз Озарбойҷон мақоми дувумро касб кард.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Талоши наврасону ҷавонони тоҷик барои ҷоизаҳои қаҳрамонии ҷудои ОсиёНабимуҳаммад Хоркашев қаҳрамони собиқадорони ҷудои ҷаҳон шудДар Парабозиҳои осиёӣ Чин ғолиб шуд. Тоҷикистон бе медал монд