Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Набимуҳаммад Хоркашев қаҳрамони собиқадорони ҷудои ҷаҳон шуд


Набимуҳаммад Хоркашев.
Набимуҳаммад Хоркашев.

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии собиқадорон ҷудои ҷаҳон, ки рӯзҳои 31 октябр – 3-юми ноябр дар шаҳри Абузабии Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуд, 5 медал (як тилло, як нуқра ва се биринҷӣ) ба даст оварданд.

Ба иттилои Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқот 973 варзишгар (852 мард ва 121 зан) аз 63 кишвари ҷаҳон иштирок карда, мувофиқи сину сол ва вазнашон ба гурӯҳҳо тақсим шуданд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқот 21 паҳлавони аз 33 то 70-сола дар рақобатҳо байни мардон муаррифӣ намуданд.

Паҳлавони шинохтаи 36-солаи тоҷик Набимуҳаммад Хоркашев дар вазни беш аз 100 кило миёни ҳамсолони худ ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медали тилло сарфароз гашт.

Хоркашев пас аз ду пирӯзӣ ба рақибонаш аз Қазоқистон ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Ӯ дар нимфинал варзишгари Узбекистонро шикаст дода, ба даври ниҳоӣ роҳ пайдо кард. Паҳлавони тоҷик дар финал ба Нишонбой Худойберганови 35-солаи қазоқ дастболо шуда, мақоми аввалро касб намуд.

Медали нуқраро ба мунтахаби Тоҷикистон Мақсадшо Бердиеви 36-сола дар вазни то 90 кило овард. Ӯ баъди ду пирӯзӣ ба рақибонаш аз Озарбойҷон ва Камерун ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Мақсадшо дар нимфинал варзишгари итолиёвиро шикаст дод, вале дар финал аз ҳамсолаш Паата Гвиниашвили аз Гурҷистон мағлуб шуда, дар натиҷа мақоми дувумро касб кард.

Се паҳлавони дигари тоҷик - Ҳабибулло Маҷидови 70-сола дар вазни то 81 кило, Хайрулло Назриеви 61-сола дар вазни беш аз 100 кило ва Беҳрӯз Сабзалиеви 47-сола дар вазни беш аз 100 кило соҳиби медали биринҷӣ гаштанд.

Се намояндаи дигари Тоҷикистон - Отамурод Ашуров, Саидхон Абушоҳнаӣ, Файзалӣ Яхшибеков - ҷойи 5-ум ва чаҳор нафар – Шуҳратҷон Сафаров, Саидмуъмин Қосимов, Зафар Аҳадов ва Анварҷон Умаров - ҷойи 7-умро гирифтанд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ Қазоқистон бо касби 39 медал (8 тилло, 11 нуқра ва 20 биринҷӣ) соҳиби ҷойи аввал гардид.

Бразилия бо касби 21 медал (8 тилло, 2 нуқра ва 11 биринҷӣ) ҷойи дувум ва Фаронса бо касби 30 медал (7 тилло, 8 нуқра ва 15 биринҷӣ) ҷойи севумро азони худ карданд. Тоҷикистон дар байни 63 кишвар 14-ум шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG