Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Парабозиҳои осиёӣ Чин ғолиб шуд. Тоҷикистон бе медал монд


Ҳайати варзишии Тоҷикистон дар Бозиҳои осиёӣ дар Чин
Ҳайати варзишии Тоҷикистон дар Бозиҳои осиёӣ дар Чин

Дар Парабозиҳои 4-уми осиёӣ, ки аз 20-ум то 28-уми октябр дар шаҳри Ҳангжоуи Чин баргузор шуд, 3100 варзишгари маълул аз 44 кишвар иштирок кард.

Ба барномаи бозиҳо 22 намуди варзиш дохил буд. Варзишгарон барои 566 маҷмӯи медалҳо мубориза бурданд.

Ба ҳайати варзишии Тоҷикистон президенти Кумитаи миллии паралимпии кишвар Парвиз Бобошарипов раҳбарӣ кард.

Дар Парабозиҳои 4-уми осиёӣ Тоҷикистонро 9 варзишгар аз рӯи 7 намуди варзиш муаррифӣ намуд: Бахтиёр Донаёров, Фарзона Ғуломова (ҳар ду дар риштаи пауэрлифтинг ё сеҳарбаи қудратӣ), Шоҳрух Назаров (ҷудо), Шабнам Меканбоева (бадминтон), Екатерина Ишенко (тенниси рӯи миз), Ҳамроқул Эркабоев, Суҳроб Ҳамдамов (ҳар ду - шоҳмот), Муҳаммадмаҳмуд Раҳматов (варзиши сабук), Сиёвуш Илёсов (велосипедронӣ).

Дар мусобиқот, ки тули 9 рӯз идома кард, варзишгарони 33 кишвар медали Парабозиҳои чаҳоруми осиёиро ба даст оварданд, аз он ҷумла намояндагони 25 кишвар нишони тилло гирифтанд.

Мунтахаби Чин бо касби 521 медал (214 тилло, 167 нуқра ва 140 биринҷӣ) ҷойи аввалро соҳиб шуд. Мунтахаби Эрон бо касби 131 медал (44 тилло, 46 нуқра ва 31 биринҷӣ) ҷойи дувум ва мунтахаби Ҷопон бо касби 150 медал (42 тилло, 49 нуқра ва 59 биринҷӣ) ҷойи севумро гирифтанд.

Ба даҳгонаи аввал, инчунин Кореяи Ҷанубӣ (30-33-40), Ҳиндустон (29-31-51), Индонезия (29-30-36), Тайланд (27-26-55), Узбекистон (25-24-30), Филиппин (10-4-5) ва Ҳонконг (8-15-24) дохил шуданд.

Аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ғайр аз Узбекистон, инчунин Қазоқистон бо касби 41 медал (8 тилло, 12 нуқра ва 21 биринҷӣ) ҷойи 11-ум ва Қирғизистон бо касби 4 медал (1 тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ) ҷойи 23-юмро ишғол карданд.

Вале варзишгаронии маълули ду кишвари минтақа – Тоҷикистон ва Туркманистон - дар Парабозиҳои чаҳоруми осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин бе медал монданд.

Ёдовар мешавем, дар Бозиҳои 19-уми осиёӣ, ки аз 23-юми сентябр то 8-уми октябр дар Ҳангжоу Чин баргузор шуда буд, варзишгарони 45 кишвар ширкат варзида, аз рӯи 40 намуд барои 481 маҷмуи медалҳо мубориза бурданд.

Дар ин бозиҳо 106 варзишгари тоҷик дар 18 ришта ҳунарнамоӣ кард. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз рӯи ҳисоби медалҳо бо дарназардошти сифати онҳо бо касби 7 медал (2 тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ) дар ҷойи 24-ум ва аз ҷиҳати теъдоди умумии медалҳо дар ҷойи 25-ум қарор гирифт.

XS
SM
MD
LG