Музокироти навбатии гурӯҳҳои маконнигории Тоҷикистону Қирғизистон. АКС

Ботканд, 17-ми ноябр: Назирбек Борубоев, намояндаи девони вазирони Қирғизистон дар мавриди таъйину нишонагузории марз ва Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи замин ва геодезии Тоҷикистон дар зери протоколи поёни ҷаласа имзо гузоштанд

Дар Қирғизистон даври навбатии музокироти марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон ба анҷом расид. Ба навиштаи вебсайти девони вазирони Қирғизистон, мулоқоти навбатӣ рӯзҳои 11 то 17-уми ноябр дар шаҳри Ботканд барпо шуд. Ҳанӯз мақомот дар Тоҷикистон дар ин бора ҳеҷ хабар ё шарҳе нашр накардаанд.

Вале бино ба хабари ҳукумати Қирғизистон, ҷаласа бо иштироки гурӯҳҳои маконнигорӣ оид ба аломатгузории марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд. Дар хабари расмӣ омадааст, ки гурӯҳҳои корӣ “масъалаи аломагузории тарҳи хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро дар қитъаҳои боқимонда баррасӣ карда, идомаи корро ба мулоқоти баъдӣ вогузор карданд, ки қарор аст дар ҳудуди Тоҷикистон баргузор шавад”.

Ҷузъиёти мувофиқаҳои ҳосилшудаи эҳтимолӣ ё тарҳи қитъаҳое, ки дар ин ҷаласа мавриди муҳокима қарор гирифтаанд, нашр намешавад. Танҳо гуфта шудааст, ки дар ниҳояти ҷаласа протокол имзо шуд.

Нашри хабари маҳдуд ва бидуни ҷузъиёт аз ҷараёни музокираҳои марзӣ як шеваи маъмулии кори мақомоти ду кишвар дар моҳҳои охир шудааст. Қаблан мақомоти ин кишварҳо гуфта буданд, ки хабарҳои музокираҳои марзиро дар мувофиқа бо ҳамдигар нашр мекунанд. Вале ҷониби Тоҷикистон бисёр вақт аз нашри хабарҳои мухтасар ҳам худдорӣ мекунад.

Танҳо бар пояи аксҳои нашршуда дар вебсайти девони вазирони Қирғизистон мешавад дид, ки раҳбарии ҳайатҳои ширкатдор дар ҷаласаҳои ахирро аз ҷониби Тоҷикистон Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи замин ва геодезӣ ва аз ҷониби Қирғизистон – Назирбек Борубоев, намояндаи девони вазирони Қирғизистон дар мавриди таъйину нишонагузории марз ба ӯҳда доштанд ва дар протоколи ниҳоӣ ҳам имзои ин ду мақом гузошта шудааст.

Тоҷикистону Қирғизистон музокираи навбатии марзиро барпо карданд

Ҷаласаи навбатӣ дар ҳоле баргузор мешавад, ки баъди ду муноқишаи пурхушунати марзӣ дар солҳои 2021 ва 2022 ва ба поинтарин сатҳ расидани равобити сиёсии миёни ду ҳамсояи наздик, зоҳиран муколамаҳои Душанбеву Бишкек ҷон мегиранд. Хабарҳо дар бораи муттасил баргузор шудани ҷаласаҳои вобаста ба муҳокимаи нуқоти баҳсии марзи ду кишвар бештар мешаванд.

Тоҷикистону Қирғизистон дар як моҳ чиро ва дар куҷо муайян карданд?

Гурӯҳҳои топографӣ ё маконнигории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар як моҳи гузашта дар умум бар сари таъйини 75 километри дигари сарҳад розӣ шудаанд.

Ин созишҳо

  • 3-8-уми октябр (43,33 километр);
  • 12-18-уми октябр (13,98 километр);
  • 1-8-уми ноябр (17,98 километр)

ба даст омаданд.

Ҷониби Қирғизистон вақтҳои охир батакрор мегӯяд, ки то охири имсол таъйини нуқтаҳои баҳсии сарҳадро бо Тоҷикистон ба анҷом хоҳад расонд. Душанбе дар ин бора ҳам чизе намегӯяд.

Мақомоти ҳарду тараф моҳи октябри имсол гуфтанд, ки протоколи рақами 44-ро имзо карданд ва "он роҳе барои ҳалли мушкили сарҳадӣ аст”. Дар айни замон набудани иттилои фарогир дар бораи ҷараёни гуфтугӯҳову музокираҳои байни ду кишвар, аз ҷумла, шарту шароити созишҳои нав, боис ба сарусадоҳое мешаванд, ки гуё ҳукуматҳои ду ҷониб ба табодули қаламравҳо розӣ шудаанд.

Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр сарҳад дорад ва то ин дам зиёда аз 600 километри он муайян шудааст. Номуайян мондани бахшҳое аз сарҳад ҳар чанд вақт сабаби задухӯрди мардуму низомиён мешавад.

Бо вуҷуди идомаи равобити кории миёни ду кишвар, муносибатҳои сиёсии байни ду ҳамсояи наздик ҳанӯз пурра барқарор нашудааст. Марзи Қирғизистон ба рӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон баста мемонад ва додугирифтҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишвар ҳам бисёр ночиз аст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

75 км. Тоҷикистону Қирғизистон дар як моҳ чиро ва дар куҷо муайян карданд? ВИДЕОТоҷикистону Қирғизистон боз як бахши марзи муштаракро муайян кардаандТоҷикистону Қирғизистон бахши дигаре аз марзашонро мушаххас кардандСозиши Тоҷикистону Қирғизистон бар сари 14 километри дигари марзЯтимов ва Тошиев дигарбора масъалаи марзро баррасӣ кардаанд Раҳбарони Тоҷикистон ва Қирғизистон масъалаи марзро баррасӣ карданд