Девони вазирони Қирғизистон дар ин бора рӯзи 18-уми октябр хабар дод. Ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз чизе нагуфтааст. Маълум нест, гап дар бораи кадом бахши сарҳад меравад.
Нишасти гурӯҳҳои кории маконнигории ду кишвар аз 12 то 18-уми октябр дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд гузашт. Ҷонибҳо санад имзо кардаанд, аммо ҷузъиёташ дастрас нест.
Мулоқоти ояндаи гуруҳҳои корӣ дар қаламрави Қирғизистон баргузор хоҳад шуд.
Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр сарҳад дорад ва то ин дам зиёда аз 600 километри он муайян шудааст.
Номуайян мондани бахшҳое аз сарҳад ҳар чанд вақт сабаби задухӯрди мардуму низомиён мешавад.
Марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ду соли гузашта шоҳиди муноқишаи хунин ва пурқурбонӣ буд. Даъво бар сари дастрасӣ ба замину чарогоҳҳо, роҳу обу манобеи дигар аст.
Бо вуҷуди идомаи равобити кории миёни ду кишвар, муносибатҳои сиёсии байни ду ҳамсояи наздик ҳанӯз пурра барқарор нашудааст, Марзи Қирғизистон ба рӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон баста мемонад ва додугирифтҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишвар ҳам бисёр ночиз шудааст.