Пас аз муроҷиати шавҳар ба пулис Сумая гум шуд. Модар ӯро меҷӯяд. ВИДЕО

Соифа Юсуфова, модари Сумая Иброҳимова чашм ба роҳи духтари нопадидшудааст аст. Файзобод, 9 ноябр

Хонаводаи як зани 39-сола дар ноҳияи Файзобод беш аз шаш моҳ аст духтари бедаракшудаашонро ҷустуҷӯ доранд.

Соифа Юсуфова, модари Сумая Иброҳимова шабу рӯз гӯш ба зангу хабаре аз духтараш Сумая аст. Ӯ бори охир рӯзи 24-уми апрел аз хона баромада, дигар барнагаштааст.

Соифа Юсуфова рӯзи 9-уми ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, духтараш қабл аз бедарак шуданаш аз он нигаронӣ доштааст, ки шавҳараш дар муҳоҷирати меҳнатӣ аз тариқи телефон ҷавоби ӯро додааст, бино бар ин аз ӯ расман ҷудо мешавад. Вале шавҳари ин зан чунин иддаоро рад намуда гуфт, ҳамсарашро талоқ надодааст.

Сумая Иброҳимова модари се фарзанди мактабхон аст ва ҳоло ин кӯдакон дар тарбияи модаркалони падариашон мебошанд.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Духтарамро ёбед!". Модар мегӯяд духтараш баъди ҷанҷоли хонаводагӣ беномунишон шуд.

Модари Сумая мегӯяд, духтараш қабл аз бедарак шудан мегуфт, бо ҳамсараш ҳамдигарфаҳмӣ надоранд, мехоҳад аз ӯ ҷудо шавад: “Мо ҳама ҳамакаса ӯро мегуфтем “ҷудо нашав, мумкин қаҳраш карда бошад, дар сари қаҳр баромада рафтааст”. Шояд шавҳараш ӯро ба милиса намедод, баромада намерафт, лекин ҳар куҷое аст, як бор занг занад, овозашро шунавем, кофист”.

Модар мегӯяд: «Ҳамон рӯз саҳар кор рафта буд. Шавҳараш низ нав аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашта буд, хонаи мо омада, гуфт, духтарамро “ба милиса медиҳад”. Пурсидам ки чаро? Гуфт, ки “мо ҷанҷол кардагӣ ҳастем”. Баъди ӯ духтарам омад, ҳевараш ҳам. Пурсидам, ки “барои чӣ ин корро мекунед?” Духтарам гуфт, вақте дар Русия будан, бо шавҳараш ҷанг кардааст. Гуфт, «маро сар додааст, ман дигар ҳамроҳаш зиндагӣ намекунам», - афзуд модари Сумая.

Сафармад Саидов, шавҳари зан дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ таъкид намуд, ки “барои ҳуҷҷати хонаашро гирифтан аз дасти ҳамсараш” кор то пулис расид.

Сумая дар коргоҳи дӯзандагие кор мекардааст. Ба гуфтаи хонаводааш, шавҳараш аз ӯ талаб карда будааст, ки корро бас кунад, вале ин талаби ӯро иҷро накардааст.

«Гуфт, ки кор накунад. Ман гуфтам, агар сабаби ҷудо шуданашон ҳамин бошад, нағз маслиҳат кунед. Хайр, ҳамин корҳо шуду баъд духтарам ҳамон рӯз, дертар омаду гуфт, “оча ман як ҷо меравам, баъд омада ҳамроҳат меҳмонӣ меравам”. Баъди соати чор занг задам, гуфт, “оча, ман дар Ҳисорам. Дар он ҷо якчанд ҳуҷҷат аст, ҳамонҳоро мегираму баъд ҳамроҳат меҳмонӣ меравам”. Дигар ҳамон телефони кардагӣ аст, аз он вақт то ҳол телефонаш хомӯш аст», - гуфт Соифа Юсуфова, модари зани бедаракшуда.

Барои хонаводаи Сумая сабаби ба Ҳисор рафтани духтарашон то ҳол маълум нест.

Шавҳари Сумая пеш аз бедарак шудани ҳамсараш аз Русия баргашта, баъди муддате дигарбора ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтааст.

Рӯзи 9-уми ноябр дар хонаводаи онҳо дар Файзобод касе нахост дар рӯ ба рӯи дурбини Радиои Озодӣ мавзӯъро шарҳ диҳад. Шавҳари Сумая дар як тамоси телефонӣ тасдиқ намуд, ки бо ҳамсараш дар мавриди кор карданаш ихтилофи назар доштанд, вале ҳамдигарнофаҳмии зиёде надоштанд. Мегӯяд, ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан ӯро талоқ надодааст ва хоҳиши идомаи зиндагии муштаракро дорад: “Ҷангу ҷанҷол надоштем. Барои ман ҳам, ростӣ, маълум нест чаро баромада рафтааст. Ба милиса додем, кофтем наёфтем. Ман ҳозир дар Русия ҳастам, дигар аз чизе дарак надорам”.

Идораи милитсияи Файзобод

Дар идораи пулиси Файзобод расман дар ин бора сӯҳбат накарданд ва салоҳияти шарҳи мавзуъро бар дӯши ВКД гузоштанд. Як пулиси ин идора бе зикри номаш афзуд, ки ҷустуҷӯи Сумая идома дошта, то ҳол аз ӯ нишоне нест.

Ҳангоми гаштугузор дар баъзе кӯчаҳои марказии Файзобод хабарнигорони Радиои Озодӣ хостанд аксҳои зани гумшударо ҳамчун нафари бедаракшуда бубинанд, вале ҷое пайдо накарданд.

Хонаводаи Сумая аз мақомоти пулис талаб доранд, ки дар пайдо намудани ӯ ҷиддӣ амал намоянд. Мегӯянд, бо гузашти моҳҳо ҳанӯз ба бисёре аз пурсишҳои худ дар бораи нопадид шудани духтарашон посух наёфтаанд.

Шавҳари зани бедаракшуда солҳо дар муҳоҷирати меҳнатӣ буда, гоҳ ба Ватан омада, боз бармегаштааст. Чанд тан аз аъзои хонаводаи Сумая ҳатто ба Русия рафта, ӯро ҷустуҷӯ намудаанд, вале ҳама талошҳояшон бенатиҷа монда, ҳоло барои дарёфташ, дар баробари пулис, аз ҷомеа низ кӯмак мехоҳанд, ки ҳар куҷое нишоне аз ӯ диданд, ба хонавода хабар диҳанд.

Модараш аз ҷараёни корҳои ҷустуҷӯии пулис изҳори нигаронӣ карда гуфт, чӣ гуна аз тариқи камераҳои назоратӣ ё сӯҳбатҳои телефониаш то ҳол маълум накарданд, ки ӯ дар куҷост.

Хабари бедарак шудани сокинон, аз ҷумла наврасону ноболиғон бештар расонаӣ мешавад. Рӯзи 9-уми ноябр дар ВКД ба тамоси телефонии мо посух надоданд. Солҳои ахир омори расмӣ дар бораи чӣ қадар нопадид шудани сокинон дар Тоҷикистон нашр намешавад. Аммо бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар маҷмӯъ танҳо дар нуҳ моҳи соли 2020 - 709 нафар бедарак шудаанд. Маълум нест чӣ қадаре аз инҳо ёфт ва чанд нафараш бедарак боқӣ мондааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Изҳороти NHC дар бораи як шаҳрванди "бедаракшуда"-и ТоҷикистонҶуфти қирғизистонӣ баъди 15 соли бедаракшавӣ ба ватан баргаштанд"Дарахт ҷонамро харид." Сафиаллоҳи 7-сола чӣ гуна аз сел наҷот ёфт? ВИДЕО“Писарат террорист аст.” Модари тоҷик писари дар Туркия бедаракшудаашро меҷӯяд