Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷуфти қирғизистонӣ баъди 15 соли бедаракшавӣ ба ватан баргаштанд


Kyrgyzstan. The couple returned from slavery in Kazakhstan.
Kyrgyzstan. The couple returned from slavery in Kazakhstan.

Як ҷуфти қирғизистонӣ, ки 15 соли ахир бедарак буданд, шаби 18 октябр аз Қазоқистон ба хонаашон баргаштанд.

Қаблан бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар бораи ин ҷуфт Бакит Рискелдиев ва Элмира Токтосунова, ки 15 сол мешуд бедарак буданд, гузориш дода буд.

Элмира Рискелдиева, хоҳари Бакит Рискелдиев гуфт, ахиран бародари худро ҳамроҳи ҳамсараш дар яке аз деҳаҳои вилояти Ҷамбили Қазоқистон пайдо кард. Онҳо гуфтаанд, ба далели надоштани ҳуҷҷат наметавонистанд ба ватан баргарданд. Борҳо аз пулис дархости кумак кардаанд, вале посухе нагирифтаанд.

Дар натиҷа наздикони Рискелдиев ва Токтосунова аз мақомоти Қирғизистон барои баргардонидани онҳо ба ватан дархости кумак кардаанд.

Консулгарии Қирғизистон дар Алмаато гуфтааст, ин шаҳрвандони кишвараш дар Қазоқистон ҳамчун ғулом истифода намешуданд.

Бино ба омори расмӣ, дар Қазоқистон беш аз 35 ҳазор қирғизистонӣ кору зиндагӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG