Сел дар ноҳияи Панҷ. Даҳҳо замини наздиҳавлигӣ осеб дид

Акс аз вебсайти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар натиҷаи селе, ки рӯзҳои 8-9 ноябр дар ноҳияи Панҷ мушоҳида шуд, 6 бинои истиқоматӣ ва 74 замини наздиҳавлигӣ осеб дидааст. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Хабаргузории "Ховар" бо такя ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон менависад, бориши шадид дар ҳудуди деҳаи «10-солагии Истиқлолияти давлатӣ»-и ҷамоати деҳоти Намуна ба амал омад. Дар шарҳи хабар омадааст, "дар натиҷаи пур шудани заҳбури Овзикент-2 сел омада, ба 6 бинои истиқоматӣ ва 74 замини наздиҳавлигӣ зарар расонд. Ҳамчунин дар ин рӯз дар ҳудуди деҳаи Пахтакори ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинов сел ба 21 қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва се иншооти ёрирасони сокинони маҳаллӣ осеб расонд".

Ба иттилои мақомот, дар паи сел деҳаи Отчопари ҷамоати деҳоти Озодагон ҳам осеб дид. Дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи кории Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳиявӣ барои муайян намудани хисорот ва расонидани кумак кор мебаранд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Шаш созмон кумак кард, аммо чаро баъзеҳо фаромӯш шуданд? ВИДЕОҚисме кумак гирифтанд, баъзе рӯ ба раҳми Худо нишастаанд. ВИДЕО"Дарахт ҷонамро харид." Сафиаллоҳи 7-сола чӣ гуна аз сел наҷот ёфт? ВИДЕО"Ба ғайр аз об ҳеч кумак нагирифтем." Сокинони зарардида чӣ ҳол доранд? ВИДЕО