Панҷ ташкилоти байналмилалӣ ва як созмони маҳаллӣ барои рафъи пайомадҳои сели марговари моҳи август ба Тоҷикистон кӯмак кардаанд.
Мақомот мегӯянд, Оҷонсии Оғохон оид ба муҳити зист, USAID, Хазинаи кӯдакон ва Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ, САҲА ва созмони ғайридавлатии "Дили хайрхоҳ" ба мардуми зарардида либосу ҷиҳоз ва маводи ғизоӣ кӯмак кардаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ба онҳо сипоснома додааст.
Дар офати табии охири моҳи август, 21 нафар ҷон бохта, даҳҳо манзили зист ва роҳу пулҳо хароб шуданд. Бо вуҷуди эълонҳои батакрори мақомот дар бораи кумак ба осебдидагон, баъзе сокинон мегӯянд, касе онҳоро суроғ накард.
Аз ҷумла Асолат Муродова, сокини шаҳри Ваҳдат чанд рӯз баъд аз офати табиӣ ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфта буд, "интизорем, ки кай кумак мекунанд. Охир ёрдам кунанд, то ҳол кумаке накардаанд."
Видеоро дар инҷо тамошо кунед:
Дар айни замон мақомот аз оғози бозсозии пулу бино ва иншооти дигаре хабар доданд, ки дар пайи омадани сел вайрон шудаанд. Дар бархе минтақаҳо аллакай роҳҳо таъмир шудаанд ва намояндагони Кумитаи замину сохтмон, манзилҳои пурра нобудшудаи сокинонро рӯйхат карда, барои ҷудо кардани замин ба ҳукумат пешниҳод кардаанд.
Ҷамшед Камолзода, як масъули Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфт, "ба оилаҳои аз сел осебдида маводи ғизоӣ ва маҳсулоти дигар ёрӣ мерасонем."
Бо гузашти се ҳафта аз офати табиӣ, бозсозии роҳу пул ва хонаҳо идома дорад. Сели харобиовари шаби 27 ба 28-уми моҳи август дар баробари хонаву иншооти зиёде дар Ваҳдат, пулеро ҳам вайрон кард, ки даҳҳо кӯдак аз он гузашта, ба мактаб мерафтанд.
Шуҳрат Маҷидов, сокини шаҳри Ваҳдат гуфт, ин пул ягона роҳи ба мактаб рафтани 430 талаба буд.
Сокинон барои ба мактаб рафтани фарзандонашон аз чубу дарахт роҳу гузаргоҳи муваққатӣ сохтаанд.
Тоҷикистон солона аз фалокатҳои табиӣ миллионҳо доллар зиён мебинад. Соли равон дар чунин офатҳо 470 хона, чаҳор мактаб, даҳҳо километр роҳ ва садҳо гектар киштзор осеб дида, даҳҳо нафар ҷон бохтанд.
Гуфтугӯ