Муаллифон аз Ҳизби "Русияи одил" дар оғози моҳи октябри имсол гуфтанд, ки бо қабули лоиҳа барои аҳолии Русия ҷойи кори бештаре пайдо хоҳад шуд. Раҳбари ҳизб Сергей Миронов бо чанд бо пешниҳоди зидди муҳоҷирон шинохта аст. Баъзе аз муҳоҷирону коршиносон бовар доранд, ки тарҳ дар сурати пазируфта шудан бар зарари Русия хоҳад буд, чун мардуми бумӣ ба монанди муҳоҷирон бо маоши кам кори вазнин намекунанд.
"Духтуронро аз кор рондан осон нест"
"Манъ карда наметавонанд. Таксӣ намерасад. Одамон саривақт ба кор рафта наметавонанд. Мардуми маҳаллӣ ба мисли мо аз саҳар то шаб кор намекунад,"– мегӯяд Ҳомид ном муҳоҷири тоҷик.
Ӯ аз соли 2018 боз дар Маскав таксӣ меронад. Пештар дар бахши сохтмон кор мекард. Мегӯяд, ҳарчанд аз тағйири ҷойи кор даромадаш зиёд нашуд, "таксиронӣ нисбат ба сохтмон андаке сабуктар аст". "Дар сохтмон маоши бештар медиҳанд. Даромади таксӣ кам ҳам бошад, ҳар рӯз чакида меистад. Дар сохтмон як кор меёбед, аз паяш мешавед. Тамом шавад, баъд ягон кори дигар ёбед, ки вақт мегирад," – нақл кард ӯ.
Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои ёфтани кору маоши муносиб ба хориҷа, асосан Русия мераванд. Бар илова мақомоти ин кишвар бо додани имтиёзҳое ба мисли тақдими осони шаҳрвандӣ қисме аз пизишкону омӯзгорони соҳибтаҷрибаи тоҷикро ба кор дар он кишвар ҷалб кардаанд.
Дар сурати пазируфта шуданаш тарҳ ба кори онҳо дар Русия чӣ таъсир хоҳад дошт? "Агар қабул кунанд, бисёр бад мешавад. Аввал барои гирифтани шаҳрвандӣ. Дувум, барои ба кор даромадан ҳам мушкилӣ шуданаш мумкин аст," – гуфт пизишки тоҷик дар Русия Хуршед Зарифов.
Абдулло Давлатов, пизишк ва корманди Академияи хидмати давлатии Русия, бовар дорад, ки "духтуронро аз кор рондан осон нест". "Мо ҳар ҳафта як-ду бор имтиҳон месупорем. Ҳозир дар Маскав, барои мисол, агар аз кори духтуре шикоят шавад, ӯро мебаранду имтиҳон мегиранд. Фарқ надорад ӯ рус аст, тоҷик аст ё узбек. Ин имтиҳонро мо пайдарпай месупорем, мегузарем," -- нақл кард ӯ.
Нашрияи "Коммерсант" ҳам нигоштааст, тарҳ ба зидди нақшаи Вазорати тандурустӣ ва Вазорати адлияи Русия аст, "зеро онҳо ба қабули теъдоди бештари хориҷиён ба кор ҳавасманд ҳастанд". Дар ҳоле ки муаллифони тарҳ аз Ҳизби "Русияи одил" бовар доранд, ки "қабули лоиҳаи қонун омадани муҳоҷиронро боздошта, барои шаҳрвандони Федератсияи Русия ҷойҳои иловагии кор фароҳам меорад."
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Ҳеч кас бо ин маоши каму режими сахт кор намекунад"
Тарҳи пешниҳодӣ ҳанӯз пазируфта нашудааст, вале боис ба ташвиши муҳоҷироне гардидааст, ки дар бахши тиббу маориф ва таксиронии Русия кор мекунанд. "Ин пешниҳоди Ҳизби "Русияи одил" популистӣ аст," – изҳор дошт ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон Муҳаммадҷон Собиров.
Вакили мудофеъ Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, "шаҳрвандони Федератсияи Русия дар ин соҳаҳо кор намекунанд, чунки маошаш бисёр кам аст. Ба ғайр аз муҳоҷирон бо ин маоши кам ва режими кории вазнин каси дигаре дар ин соҳаҳо кор намекунад."
Дар ин миён онҳое низ ҳастанд, ки пешниҳоди чунин тарҳҳоро фишор ба муҳоҷирон медонанд. Дар бештар аз як соли охир муносибат ба муҳоҷирон дар Русия тағйир карда, баъзе аз онҳо ба гумони будубоши ғайриқонунӣ дастгиру ихроҷ ва иддае барои рафтан ба артишу иштирок дар ҷанги Маскав дар Украина водор шудаанд.
Дар айни замон чанд тарҳи маҳдуд кардани кори муҳоҷирон ба порлумони Русия ворид шудааст. Ҳафтае пеш Вазорати корҳои дохилии Русия дар тарҳе пешниҳод кард, ки кушодани ҳисоби бонкӣ, сабтиноми мошин ва моликияту бастани ақди никоҳро ба муҳоҷирони будубошашон ғайриқонунӣ манъ кунанд.
Аз он пеш вакилони Думаи Давлатӣ ё порлумони Русия як лоиҳаи қонунро пешниҳод кардаанд, ки ҳадафаш аз байн бурдани издивоҷҳои қалбакии муҳоҷирон бо шаҳрвандони ин кишвар гуфта мешавад. Дар сурати қабул шудани ин пешниҳод, тартиби додани РВП ё ҳаққи иқомати муваққатӣ барои хориҷиёне, ки бо шаҳрвандони Русия издивоҷ кардаанд, сахттар хоҳад шуд.