Ин нома фармон дар бораи таъйини шахсе ба ҳайси котиби аввали сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон аст ва зераш гуё Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии ҳукумати "Толибон" имзо гузоштааст. "Толибон", ки ду сол боз ҳукуматро дар Афғонистон ба даст доранд, дар ин бора расман чизе нагуфтаанд.
Консулгарӣ дар Хоруғ дар ихтиёри кист?
Муҳаммадзаҳир Ағбар, сафири ҳукумати сарнагуншудаи Афғонистон, 7-уми ноябр ҳангоми нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ин нома ё фармон дар баъзе аз расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шудаааст. Ӯ ин номаро пора кард ва гуфт, "то омадани як низоми машруъ, ин гуруҳ ("Толибон") дар назди мо ҳеч машруият надорад."
Мақомоти "Толибон" дар бораи ин нома расман чизе нагуфтаанд. Сафири ҳукумати пешини Афғонистон мегӯяд, дар муддати ду соли дар қудрат будани "Толибон" бо ҳукумати ин гуруҳ ҳеч робита надошт. Ҳарчанд моҳи марти имсол хабарҳое нашр шуд, ки намояндагони ҳукумати "Толибон" ба консулгарии Афғонистон дар шаҳри Хоруғ рафтаанд.
Бинои консулгарии генералии Афғонистон дар Хоруғ моҳи феврали имсол дар пайи фаромадани тарма ё баҳман вайрон шуда буд. Мақомоти Тоҷикистон хабари омадани намояндагони "Толибон"-ро ба шаҳри Хоруғ тасдиқ ё рад накардаанд.
Муҳаммадзаҳир Ағбар, сафири ҳукумати пешини Афғонистон, рӯзи 7-уми ноябр дар ҷавоб ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, консулгарии ин кишвар дар Хоруғ “барои надоштани имконоти иқтисодӣ” аз кор мондааст ва кормандони он дар Душанбе ба фаъолият идома медиҳанд. “Намояндаи консулии мо дар Хоруғ ба ҳеч сурат дар назди "Толибон" нест,” -- гуфт ҷаноби Ағбар.
Харҷи сафорат аз куҷост?
Баъд аз сарнагун шудани низоми ҷумҳурият дар Кобул, чанд кишвар аз ҷумла Эрон намояндагиҳои дипломатии Афғонистонро дар ихтиёри гуруҳи "Толибон" гузоштанд.
Ҳукумати Тоҷикистон аз мунтақидони "Толибон" аст ва дар ду соли гузашта намояндагони дипломатии гурӯҳро қабул накардааст ва бинои сафорати Афғонистон дар ихтиёри намояндагони ҳукумати сарнагуншуда аст. Бо ин вуҷуд, додугирифти мол ва фурӯши барқ байни Тоҷикистону Афғонистон ҳамчунон идома дорад.
Сафири ҳукумати пешини Афғонистон мегӯяд, бахши консулии сафорат ҳамчунон фаъол аст. “Толибҳоро ҳеч кишваре ба расмият нашинохтааст ва визаҳои мо қобили қабул аст,” -- афзуд Муҳаммадзаҳир Ағбар.
Хабарнигорон аз ӯ пурсиданд, ки агар аз ҳукумати "Толибон" пул намегирад, пас, хароҷоти сафоратро аз куҷо мепӯшонад? Сафири ҳукумати пешини Афғонистон ба ин суол посухи мушаххас надод. Мушоҳида мешуд, ки бинои сафорати Афғонистон тақрибан холӣ шудааст. Як масъулаш гуфт, теъдоди ками кормандон инҷо ҳастанд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Гуруҳи "Толибон" 15-уми августи соли 2021 шаҳри Кобулро тасарруф ва ҳукумати худро эълон кард. Бо гузашти ду сол то ҳол ҳеч кишваре ин гуруҳро ҳамчун ҳокими нави Афғонистон ба расмият нашинохтааст.
Бо вуҷуди дархостҳои батакрори ҳукумати "Толибон", Созмони Милали Муттаҳид курсии Афғонистонро дар ин ниҳоди байнулмилалӣ ба намояндагони ин гуруҳ надод ва он дар ихтиёри дипломатҳои пешини афғон монд.