Таърихи тоҷикон ё Тоҷикистон? Бахши аввал

Садриддин Айнӣ, Файзулло Хоҷаев ва гӯшае аз Бухоро

Ба хонандагони гиромӣ мавзӯи нав – "Беҳтарин китобҳо дар бораи таърихи Тоҷикистон" – пешниҳод мешавад. Ин китобҳо бо гузашти солҳо ба ёдгориҳои давр табдил ёфтаанд. Дар ин очерк сухан аз китобҳое меравад, ки асарҳои нахустин буданд. Аз ҷумла, асарҳои Садриддин Айнӣ ва Абдуррауфи Фитрат. Ин китобҳо чӣ арзиш доранд ва дар кадом шароит навишта шуданд? Муаллифони онҳо чӣ рӯзгореро пушти сар кардаанд?

Камолуддин Абдуллоев, таърихнигор

Беҳтарин китобҳо дар бораи таърихи Тоҷикистон. Айнӣ

Аз замони ташкилёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (ҶХШС Тоҷикистон) таърихнигорон бо интихобе рӯбарӯ шуданд: таърихи Тоҷикистонро дар доираи тақсимоти маъмурии соли 1924 ё тоҷиконро ҳамчун куҳантарин мардуми Осиёи Миёна бинависанд? Зеро нерӯҳои асосии фарҳангӣ, нухбагони тоҷикон он замон берун аз ҳудуди ҶХШС Тоҷикистон, дар шаҳрҳои Самарқанду Бухоро, шаҳрҳои водии Фарғона ва вилоятҳои дигари Узбекистон, шояд ба истиснои Хоразм, монданд.

Камолуддин Абдуллоев

Бисёриҳо танҳо намефаҳмиданд, ки пушти “худмуайянкунии миллӣ” чӣ истодааст ва миллатро бо шаҳрвандӣ баробар мекарданд. Ноогоҳона ё дидаву дониста ба самарқандиҳову бухороиҳо мегуфтанд, ки агар тоҷик ҳастед, бояд дар Тоҷикистон зиндагӣ кунед (яъне, хонаҳои худро тарк карда, ба минтақаи дури кӯҳсор равед) ва ба узбекҳо, баръакс авлавият медоданд, ки танҳо онҳо ҳаққи зистанро дар шаҳрҳои бузурги Мовароуннаҳр доранд. Аммо Самарқанд, ки аз соли 1925 то соли 1930 пойтахти ҶШС Узбекистон буд ва Тоҷикистон ҳам то соли 1929 ба ҳайати он шомил мешуд, давоми 5 сол баъд аз ташкилёбии ҷумҳурӣ пойтахти воқеӣ ва қонунии тоҷикон ба ҳисоб мерафт.

Қисман барои ҳамин, он замон гузаштан аз категорияи анъанавии этнолингвистии “тоҷик” ба шаҳрванди дорои нишонаи “узбек” дар шиноснома эътирози сахти тоҷикони Узбекистонро ба вуҷуд наовард. Илова бар ин, арзишҳои асосии фарҳангии ҳар ду мардум ҳамсон буданд ва дузабонӣ миёни турку тоҷик як падидаи маъмулӣ буд. Мусиқӣ, хӯрок, расму оин ва ғайра яксон буд. Гузариш аз “тоҷик” ба “узбек” дар он замон талафоти зиёди фарҳангӣ дар пай надошт. Бештари тоҷикон аз шаҳрҳои бузурги Осиёи Марказӣ ба даъватҳои мақомот барои кӯчидан ба Душанбеи тасарруфкардаи босмачиён ва шомил шудан ба “захираи кадрҳои вилояти тоҷикони Бухорои Шарқӣ” посухи мусбат доданд.

Бештари онҳо дар аввал дар “ду хона” зиндагӣ мекарданд. Садриддин Айнии бухороӣ аз соли 1917 то охири умраш дар соли 1954 дар хонаи худ дар шаҳри Самарқанд мезист ва танҳо гоҳ-гоҳе ба Тоҷикистон меомад. Вай ҳатто дар замони Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро (ҶХШБ), ки солҳои 1920-1924 вуҷуд дошт, Самарқандро тарк накард. Самарқанд он вақт дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Туркистон буд. Садриддин Айнӣ ҳангоми фаъолияташ дар консулгарии ҶХШБ дар Самарқанд гоҳ-гоҳ ба Бухоро сафари корӣ анҷом медод. Ӯ тамоми ин муддат асарҳои худро бо ду забон навиштааст ва ба сиёсати адабӣ таъсир расонда, дар маҳфилҳои адабӣ ва сиёсии ҳар ду пойтахт нуфуз дошт.

“Акнун навбати қалам аст”

Айнӣ соли 1919 дар яке аз матлабҳои худ даъват кардааст, ки “акнун навбати қалам аст”. Вай барои роҳ ёфтан ба дили хонандагон, ки он замон аз китобу навиштаҳои муаллифони исломӣ аз Истанбул, Қазон, Қрим, Оренбург ва Қафқоз бо забони туркӣ баҳра мебурданд, маҷбур шуд, забони наверо аз худ кунад. Забони адабии меъёри узбекӣ дар охири солҳои 1910-ум ва 1920-ум дар ҳоли ташаккулёбӣ буд. Нахустин рӯзномаҳои шӯравии Туркистон (“Иштирокиюн”, “Қизил Байроқ”) зери идораи тоторҳои фиристодаи И.В.Сталин дар соли 1918 буданд, ки бо худ забони хешро оварда буданд ва аз лаҳҷаи маъмулии самарқандиву бухороии Айнӣ фарқ мекард.

Ба тарғиби забони туркӣ кушода шудани мактабҳои усули нав, ки дар онҳо тоторҳо низ, албатта, бо забони модариашон таълим медоданд, мусоидат карданд. Сабаби таъсири усмониҳо адибони ҷадид шуданд, ки дар Истанбул таҳсил мекарданд. Нависандагони узбек ва қазоқ дар баробари таъсири забони тоторӣ ба забонҳои модарии худ истодагарӣ карданд. Даъватҳо дар бораи баргашт ба забони “чағатоӣ”-и асри XV низ шунида мешуданд. Ин ҳама таълифи асарҳои Устодро ба забони туркӣ душвор мегардонд. Ӯ аз хонандагон барои забони узбекиаш узр пурсида, навиштааст: “Таълими адабии ман асосан бо забони форсӣ буд. Ман то 28-солагӣ (яъне, то соли 1906 — К.А.) адабиёти узбек ва туркро наомӯхтаам. Ба шарофати мутолиаи рӯзномаву маҷаллаҳо ва китобҳои нав забони туркиро ба дараҷае омӯхтам, ки имкон медиҳад, андешаамро баён кунам. Аммо ин барои навиштани китоб кофӣ набуд.”

Айнӣ омӯзиши таърихи нави Бухороро сари вақт шуруъ кард. Вай пас аз шаш моҳи инқилоби Бухоро, 23-юми марти соли 1921 дастнависи "Бухоро инқилобининг таърихи" ("Таърихи инқилоби Бухоро")-ро ба забони туркӣ (узбекӣ) ва бо хати форсӣ навишт. Худи Садриддин Айнӣ иқрор шудааст, ки ба навиштани ин китоб аз соли 1918 бо забони тоҷикӣ сар карда буд, аммо соли 1920 бо дархости ҳукумати ҶХШБ ба забони узбекӣ гузашт. Ин китоб сарфи назар аз он ки бо фармони ҳукумати ҶХШБ ва бо "забони давлатӣ" навишта ва ҳаққи қалами он ҳам пардохт шуда буд, рӯйи чоп наомад. Ба гуфтаи писари шоир, Камол Айнӣ, сабаби асосии чоп нашудани китоб норозигии раиси ҳукумати ҶХШБ Файзулло Хоҷаев буд.

Айнӣ бо Хоҷаев, Абдуррауфи Фитрат ва ҷадидони дигаре, ки шомили ҳукумат буданд ва мо дар бораи онҳо поинтар хоҳем навишт, муносибати хуб надошт. Дастнависи “Бухоро инқилобининг тарихи” бо номи “Бухоро инқилоби тарихи учун материаллар” (Мавод дар бораи таърихи инқилоби Бухоро) соли 1926, баъд аз фурӯпошии ҶХШБ дар шаҳри Маскав бо забони узбекӣ ва ҳарфи форсӣ чоп шуд. Сарпараст ва “сензура”-и китоб ҷонишини раиси ҳукумати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Федеративии Русия (ҶШСФР) Турар Рисқулов буд. Матни асар дар муқоиса бо нусхаи дастнависи аслӣ таҳти рақами 2125, ки зери он худи Айнӣ имзо гузоштааст, тақрибан чаҳорякаш ихтисор гашта, ҳамчунин тавре маълум шуд, таҳриф ва ҳатто аз номи Рисқулов ва бе иҷозаи муаллиф номи онро ҳам иваз кардаанд.

Айнӣ ба далели ихтисор ва ислоҳи беасос аз ин нашр норозӣ буд. Бадрафторӣ бо матни асли асар бо ин хотима наёфт. Китоби "Бухоро инқилоби тарихи учун материаллар" соли 1963 пеш аз шомил шудан ба Маҷмӯаи асарҳои Айнӣ ба забони узбекӣ мавриди таҳрифу ихтисорҳои нав қарор гирифт. Аз ҷумла, ёдовариҳо дар бораи Абдурауфи Фитрат "қайчӣ" шуданд.

Тарҷумаи тоҷикии китобро бо номи “Таърихи инқилоби Бухоро” соли 1987 дар Тоҷикистони бозсозишуда шогирди Устод, Раҳим Ҳошим, нашр кард. Ҳарчанд тарҷумаи китоб дар асоси нусхаи (нопурра) дастнависи фиристодашуда аз Тошканд сурат гирифтааст, муҳаррир ва муаллифи баргардон матни аслро "аз назар" гузаронида, аз ҷумла қисматҳои муҳими дорои хусусияти диниро "дур андохтааст".

Дастнависи 2125, ки дар Донишкадаи шарқшиносии Узбекистон маҳфуз аст, дар ниҳоят, соли 2010 бо саъю кӯшиши муштараки ҳамкасбони узбек ва ҷопонӣ дар Донишгоҳи пажӯҳишҳои хориҷии шаҳри Токио зери раҳбарии донишмандон Шидзуо Шимада ва Шарифа Тошева ба нашр расид.

Матн бо забони узбекӣ ва хати форсӣ аст. Бо "Бисмиллоҳ ир-раҳмон ир-раҳим" оғоз шудани он аз матни асл буданаш дарак медиҳад. Умед дорем, нусхаи нашршуда дар Токио ба забони тоҷикӣ тарҷума мешавад ё шояд дастхати худи Устод ба тоҷикӣ баргардон хоҳад шуд.

Ҳамин тариқ, "Бухоро инқилобининг тарихи", дастнависи соли 1921, асари нахустини илмӣ дар бораи таърихи Бухоро дар давраи навин буд. Тавре адабиётшиноси тоҷик Абдухолиқ Набавӣ эътироф мекунад, Устод Айнӣ баъди бо монеаҳо рӯбарӯ шудан, ки имкон намедоданд, асарҳои ӯ дар давраи зинда буданаш бе "қайчӣ" ё сензура нашр шаванд, тасмим мегирад, ки дигар китобҳои илмию таърихӣ нанависад ва ба навиштани насри таърихиву адабӣ рӯй биорад.

Вай дар романнавсии таърихӣ, ки барояш назар ба таърихнигории академӣ наздиктар буд, ба қуллаҳои бесобиқа расид. Дар ин замина зикри роману повестҳои "Ғуломон", "Марги судхӯр", "Дохунда", "Ёддоштҳо" ва дигаронро, ки солҳои 30-юм нашр шуда буданд, кофист. Ин китобҳо дар айни замон сарчашмаҳои бисёр хуби таърихӣ ва асарҳои адабӣ ба шумор мераванд. Онҳо ба бисёр забонҳо баргардон ва то имрӯз бо теъдоди зиёд нашр мешаванд.

Чаро Айнӣ ба таърихшиносии расмӣ "писанд" наомад?

Ин ки дастнависи Устод аз китобҳои нашршуда дар замони Шӯравӣ баъзан бисёр фарқ мекунад, Камол Айнӣ ба муаллифи ин сатрҳо ҳанӯз дар миёнаҳои солҳои 90-ум иқрор шуда буд. Камол Айнӣ дар солҳои охири умраш супориши падарашро дар бораи дарёфт ва нашри дастнависҳои гумшуда иҷро кард. Бо талоши ӯ китоби С.Айнӣ, ки солҳои 1917-1918 навишта шудааст, бо номи "Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро" соли 2003 дар Теҳрон ба хати форсӣ нашр шуд. Шакли тоҷикии ин китоб бо хати кириллӣ соли 2005 дар ҷилди 14-уми Нашри мукаммали осор (Куллиёт)-и Айнӣ ҷой дода шуд.

Айнӣ чиро “нодуруст” навишт? Сензурачиёни болшевик ва раҳбарони ҶХШБ аз ӯ чаро норозӣ буданд? Чаро дастхати вайро ислоҳ, ихтисор ва таҳрир карданд? Чаро мақомоти Бухоро кӯшиш карданд, то дастхатро аз байн бибаранд ва онро ба монанди китоби “Ҷаллодони Бухоро” эълом карданд, ки гум шудааст? Чаро дастхатҳои вай, тавре Камол Айнӣ иқрор кард, давоми 70 сол дар "зиндон" нигаҳдорӣ шуданд?”

Нахуст бояд ишора кард, ки Айнӣ бо вуҷуди мансаби муҳим надоштан дар ҳукумати ҶХШБ дар миёни бухороиён аз нуфузи хос бархӯрдор буд. Сабаби асосии норозигии раҳбарони ҶҲШБ аз эҷодиёти Айнӣ ихтилофҳои сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Сухан аз ихтилофҳо миёни ҷиноҳҳои радикалӣ ва ислоҳталаби ҷадидон.

Ҷудошавӣ пас аз Инқилоби Октябри соли 1917, бахусус баъд аз воқеаҳои моҳи марти соли 1918 замоне оғоз ёфт, ки болшевикони Тошканд ҳамроҳи ҷадидони “чапгаро” – ҷавонбухороиён кӯшиши номуваффақи сарнагун кардани амири Бухороро аз роҳи зӯрӣ намуданд, ки бо қатли ом анҷомид ва дар таърих бо номи "Юриши Колесовский" сабт шудааст. Айнӣ, ки бародарашро дар ин куштор аз даст дода буд, ифротгароии ҷавонбухороиёнро ба раҳбарии Хоҷаеви 22-сола сахт маҳкум кард. Ин ҷадидиҳои рӯ ба болшевикон моҳи сентябри соли 1920 зидди аморат дубора юриш карданд, ки бо комёбӣ анҷомид.

Дақиқтараш ин юришро аз номи онҳо Артиши Сурх анҷом дод. Бар хилофи “чапгароён”, Айнӣ ва ҳамфикрони наздики бухороии ӯ (тоҷикон), аз қабили Абдулвоҳид Бурҳонов, Муҳиддин Мансуров (падари А. Муҳиддинов) ва дигарон ба ҷадидони муътадили насли аввал мансубанд. Онҳо, яъне пайравони Аҳмади Дониш ва Мулло Икромӣ (домулло Икромчa) назар ба тасарруфи қудрати сиёсӣ, ба ислоҳоти аморат бештар таваҷҷуҳ доштанд. Онҳо бо нигаронӣ аз "таназзули мафҳуми асосии Ислом, ки дар Моваронаҳр паҳн шуда буд", ислоҳоти куллиро дар соҳаи маориф, муносибат бо замин, иқтисод ва идораи кишвар пешниҳод карданд.

Шарқшиноси итолиёӣ Паоло Сартори бо онҳое, ки ҷадидияро “муборизаи нав бо кӯҳна”, “илм бар зидди дин” ё ҷунбиши муташаккил бар асари зуҳури қудрати Русия дар Мовароуннаҳр ном мебаранд, розӣ нест. Вай бар ин аст, ки сабаби асосии пайдоиши ҷадидия на низои ҷаҳонӣ, балки низои маҳаллӣ миёни уламои ҷонибдори ҳукумати Бухорои Манғитӣ ва табақаи васеи уламои мусулмоне буд, ки аз имтиёзи таъсиррасонӣ ба раҳбарияти олӣ маҳрум ва аз низом, бахусус фасодкорӣ дар риштаи фиқҳи исломӣ норозӣ буданд. Яъне, Сартори ҷадидияро аз таърихи исломи Мовароуннаҳр ҷудо намекунад.

Ба гуфтаи П.Сартори ва ҳамтои ӯ Эвелин Грассӣ (Evelin Grassi), Дониш ва баъд аз ӯ ҷадидони аввал, бахусус Айнӣ ва ҳатто Фитрат на дар асри 20, балки аз асри 19 ба воя расида буданд.

Дар воқеъ, Айнӣ дар синни баркамол (40-солагӣ) шоҳиди инқилоб шуд ва аз андешаҳои насли ҷавони ҷадидон эмин буд. Миёни Дониш ва Хоҷаев фосилаи калон вуҷуд дорад. Бисёриҳо инро дарк намекунанд ва Донишро қариб муждаи инқилоб меноманд.

Ҳарчанд Айнӣ аз дасти ҷаллодони амир ранҷ мебурд, аммо ҷонибдори барҳам задани давлатдории мустақили Бухоро аз роҳи хушунат набуд. Барои ӯ инқилоби соли 1920 дар Бухороро, ки он дар дохили кишвар ҳеч гуна дастгирӣ наёфт ва танҳо бо шарофати дахолати берунӣ пирӯз шуд, писанд набуд. Бинобар ин, вай фаъолияти Хоҷаевро дар китоби худ танқид карда, “ҷавони бетаҷриба”-е номидааст, ки ба хатоҳои бузург роҳ дод ва ҷадидонро ҳамчун ислоҳталабони исломӣ ба шикаст рӯбарӯ сохт.

Айнӣ ҳам аз мутаассибони болшевикӣ ва ҳам аз миллатгароёни турк дурӣ меҷӯст. Фарқи ӯ аз Файзулло Хоҷаев, ки нахустин таърихнигор дар Узбекистон шумурда мешавад, маҳз дар ҳамин буд. Китоби Хоҷаев “Дар бораи таърихи инқилоби Бухоро ва марзи миллии Осиёи Миёна” ба забони русӣ соли 1926, яъне пас аз панҷ соли кори Айнӣ аз чоп баромад. Он ҳамчун “Посухи болшевикӣ” ба китоби Айнӣ навишта шудааст. Дар китоб Хоҷаев, ки худро пешвои инқилоби Бухоро медонист, Айниро барои ишқи “фарҳангпарастӣ”, “таваҷҷуҳ ба психология ва таҷрибаи пешвоёни ҷудогонаи ҷадидӣ” сарзаниш кардааст.

Оё Айнӣ шахсияти инқилобӣ буд? Албатта, бале. Вай аз аскари инқилобии рус, ки ӯро аз обхона (зиндон) раҳо карда, ниммурда ба озодӣ расонд, миннатдор буд. Айнӣ ҳамзамон инқилобро “инқилоби ақлҳо” ё “танвири фикрӣ” ва ё ҳуррият меҳисобид.

Ҳуррият, тавре ки ҷадидияи пешин тасаввур дошт, ислоҳот ва тағйири низом бидуни зӯроварӣ буд. Айнӣ боварии амиқ дошт, ки мубориза ба муқобили таассуби динӣ, карахтӣ, ҷаҳолатпарастӣ, ислоҳоти маорифу тарбия боис ба тағйир ёфтани низоми сиёсӣ хоҳад шуд, на баръакс. Айнӣ дар ниҳоят нерӯи коммунистҳоро эътироф кард. Аммо қабул ва пуштибонии ӯ аз ҳокимияти Шӯравӣ ба дурандешии мутафаккири камтаҷриба рабт надошт. Ӯ дарк кард, ки аморат пош хӯрд, ҷавонбухориён бо ҷадидия созиш карда, бохтанд ва ҳукумати нав барои амалӣ сохтани нақшаҳои ӯ дар бораи рушди фарҳанги тоҷикӣ, ки тамоми ҳаёташро ба он бахшидааст, шароит фароҳам овард.

Идомааш рӯзи душанбе, 6-уми ноябр, нашр мешавад

Аз Идора. Матолибе, ки дар гӯшаи "Блогистон" ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.