"То набераамро озод накунанд, аз даъвоям намегузарам"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Як сокини шаҳри Ваҳдат, ки аз шеваи ба артиш бурдани бародар ва латукӯби бибияш шикоят дошт, ба ифротгароӣ муттаҳам шудааст. Навори эътирози Шаҳбози Шарифбек рӯзи 15-уми октябри имсол ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва вокунишҳои зиёдро ба миён овард.