Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳбози Шарифбек, муаллифи видеои танқидиро зиндонӣ кардаанд


Ин хонавода борҳо ба Дастгоҳи иҷроияи президент ва идораҳои дигари давлатӣ муроҷиат карда, вале посухи мусбат нагирифтааст
Ин хонавода борҳо ба Дастгоҳи иҷроияи президент ва идораҳои дигари давлатӣ муроҷиат карда, вале посухи мусбат нагирифтааст

Шаҳбози Шарифбек, сокини шаҳри Ваҳдат, ки баъд аз пахши видеои танқидӣ дар интернет боздошт шуда буд, ба панҷ сол зиндон маҳкум шудааст.

Додгоҳ ин ҷавони 23-соларо ба ифротгароӣ гунаҳкор донистааст, аммо наздиконаш мегӯянд, ӯ танҳо ба тарзи ба артиш бурдани бародар ва латукӯби бибияш эътироз карда буд. Навори ҷавон дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёдро ба бор овард ва корбарони зиёде талаби озодии ӯро карданд.

Наздикони Шаҳбози Шарифбек мегӯянд, ҳукми Додгоҳи шаҳри Ваҳдат 19-уми январи имсол содир шуда, ин ҷавонро аввали моҳи март ба зиндони шаҳри Хуҷанд фиристодаанд. Дар Додгоҳ аз шарҳи масъала худдорӣ карда, мактуби расмӣ талаб карданд.

Шодигул Ғафурова
Шодигул Ғафурова

Шодигул Ғафурова, холаи Шаҳбози Шарифбек, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, хоҳарзодааш дар мурофиа худро бегуноҳ хонд. Аммо ин хонавода, ба гуфтаи худашон, пул надоштанд, ки вакили мудофеъ киро карда, аз рӯйи қарори додгоҳ шикоят кунанд.

“Куҷо шикоят кунам, пул даркор, бе пул намешавад. Шаҳбозро ба маҳбаси Хуҷанд бурданд, бародарашро ба яке аз қисмҳои ҳарбии ин вилоят. Роҳпулӣ надорам, ба чӣ рафта хабар гирам?” -- мегӯяд холаи Шаҳбоз.

Ин хонавода давоми шаш моҳ борҳо ба Дастгоҳи иҷроияи президент ва идораҳои дигари давлатӣ муроҷиат кардааст. Дархосташон ин аст, ки Шаҳбози Шарифбекро озодро кунанд ва касоне, ки бибии ӯро латукӯб карданд, ҷазо гиранд. Ҳарду дархост бе натиҷа мондааст. Аз дасти наздикони Шаҳбози Шарифбек ҳоло ба ҷуз илтиҷо дигар чизе намеояд.

“Бачаи мо бегуноҳ аст, вақте кормандони ҷамоат даромада пиразани 83-соларо заданд, ӯ асабӣ шуд. Ин ягон кори бад набуд. Аз ҷаноби олӣ хоҳиш дорам, ки ҳаминро ҳам дастгирӣ карда бароранд,” -- мегӯяд Шодигул Ғафурова.

Шаҳбози Шарифбек дар моҳи октябри соли 2023 баъди пахши навори эътирозӣ боздошт шуд. Ӯ дар ин навор аз шеваи ҷалби бародараш ба артиш ва латукӯби бибиву холааш норозигӣ кард. Ин сокини Ваҳдат дар баробари танқиди мақомоти шаҳри Ваҳдат аз раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳам гила кард, ки қонуншиканиҳоро дар кишвар намебинад. Бо вуҷуди вокунишҳои зиёд, мақомот қазияро шарҳ надодаанд.

Солҳои охир дар Тоҷикистон афроди зиёде барои танқиди ҳукумат ё раисиҷумҳур ба истилоҳ “хоин” унвон мегиранд ва боздошту зиндонӣ мешаванд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, сол то сол таҳаммули танқид дар байни мақомот камтар ва муҷозоти мунтақидон сахттар шудааст.

Видеоро дар инҷо бинед:

"Бачаи мо бегуноҳ аст, озод кунед"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:35 0:00
XS
SM
MD
LG