Ба ин ва суолҳои дигар Аҳмад Бориз, масъули Маркази мутолеоти роҳбурдии Афғонистон ва Осиёи Марказӣ дар Бритониё, посух дод. Ӯ чанд вақт пеш дар Тоҷикистон буд ва суҳбати мо низ дар нимаҳои моҳи октябр сабт шудааст.
Радиои Озодӣ: Ҳоло баъзе аз ҷавононро дар Тоҷикистон ғояҳои толибҳо ва ҳам гуруҳҳои ифротии дигар ба худ ҷалб мекунанд. Чӣ чизе ҷавононро ба тарафи онҳо савқ медиҳад? Сабаб чист?
Аҳмад Бориз: “Барои пайдо кардани сабабҳои реша рондани бунёдгароӣ дар Тоҷикистон бояд як маҳфили ҷудогонае баргузор кард. Далели аввал ин аст, ки дар ҳафтод соле, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳти таъсири Иттиҳоди Шӯравӣ буданд, ба шиддат исломи суннатиро саркӯб карданд. Бо даст ёфтан ба истиқлол рушди ислом ба сурати фаъол сурат гирифт, зеро решаҳои ислом ҳанӯз монда буд. Пешниҳоди ман ин аст, ки ба исломи суннатӣ иҷозаи фаъолият диҳанд, то ҷилави исломи ифротиро бигиранд.”
Радиои Озодӣ: Дар бораи ҷабҳагирии афғонистониён дар баробари “Толибон” чӣ назар доред? Яъне, шахсоне, ки зидди “Толибон” гирдиҳам меоянд кистанд ва зери кадом шиору чатр ҷамъ меоянд?
Аҳмад Бориз: “Ҳоло Афғонистон ба ду ҷабҳа – ҷабҳаи ифротгароён ва ҷабҳаи демократияхоҳон тақсим шудааст. Бадбахтӣ дар ин аст, ки ҷабҳаи ифротгароён ба далелҳои зиёде мавриди ҳимояти кишварҳои муайян қарор дорад. Аз ин рӯ, ҷабҳаи демократияхоҳӣ ва онҳое, ки мехоҳанд баргарданд ва интихобот баргузор кунанд заиф ва пароканда мебошад. Мутаассифона, мутаҳҳид ҳам нестанд.”
“Умр”-и "Толибон" чӣ қадар аст?
Радиои Озодӣ: Ба назари шумо, бо ин вазъе ки дар Афғонистон ҳукмфармост, “Толибон” чанд соли дигар дар қудрат буда метавонад?
Аҳмад Бориз: “Афғонистон як кишвари истисноӣ аст ва пешбинӣ кардани ояндаи он бисёр душвор мебошад. “Толибон” асосан барои давлатдорӣ сохта нашудаанд, онҳо зарфияти давлатдориро надоранд. Ҳоло беш аз 95 дарсади курсиҳо дар Афғонистон дар дасти муллоҳои паштузабон аст ва дар миёни онҳо таҳсилкардаи паштузабонро наметавонед пайдо кунед. Чор-панҷ курсиеро, ки ба ғайри паштуниҳо додаанд, онҳо низ мулло мебошанд. “Толибон” қасд доранд низоми муллошоҳиро дар Афғонистон таҷриба кунанд. Дар ҷаҳон чунин собиқае нест, ки давлате бошад, ки ҳамааш мулло бошанд. Аз вазири корҳои хориҷӣ то вазири амният ва вазири дифоъ, варзиш ва ҳама. Бардошти ҳамаи коршиносони дохиливу хориҷӣ ин аст, ки “Толибон” як тарҳи кӯтоҳмуддат аст. Аммо то чи замон дар сари қудрат мондани онҳо ва даргирии ҷабҳаи ифротгарону демократияхоҳон ба таҳаввулоти бузурги ҷаҳонӣ рабт дорад.
Фикр мекунам, барои “Толибон” як нуктаи дигари хеле душвор ҳузури беш аз 22 гуруҳи даҳшатафкан дар Афғонистон аст, ки таҳти байрақи онҳо фаъолият мекунанд. Оё замонате вуҷуд дорад, ки “Толибон”-и Афғонистон гуруҳҳои “Ал-Қоида”, “Ансоруллоҳ”-и Тоҷикистон, “Ҳаракати Исломии Узбекистон”, “Туркистони шарқи”-и Чин, “Ҷундуллоҳ”-и Эрон ва “Балуҷҳо”-и ҷудоихоҳи Покистонро назорат кунад? Аз назари ман ин номумкин аст. Дер ё зуд яке аз ин гуруҳҳо аз Афғонистон ҳатман берун мешавад ба мисле, ки берун шуда, ба Тоҷикистон ҳамла карданд. Ҳамаи гуруҳҳо дар Афғонистон ҳомиёни ҷаҳонӣ ҳам доранд. Фикр мекунам, Афғонистон феълан ба бомбае монанд аст, ки ҳар лаҳза метавонад мунфаҷир шавад. Чи вақте мунфаҷир мешавад, бастагӣ дорад ба таҳаввулоти ҷаҳонӣ ва ба бозигарони шатранҷ, ки онҳо чӣ мехоҳанд. Яъне, “Толибон” як гуруҳи навбатӣ ё проксӣ аст, ки арзиши аз ин бештар надорад ва мо набояд нигарон бошем, ки онҳо барои дарозмуддат дар Афғонистон мемонанд. Вале нуктаи дигар ин аст, ки Афғонистон ва бештаре аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба далоили зиёд мизбони бунёдгароёни мазҳабӣ буданд. Ба гумони ман ин амр замина медиҳад, ки “Толибон”, агар дуруст ҳаракат кунанд, як миқдоре бештар дар сари қудрат бимонанд.”
Радиои Озодӣ: Ояндаи Ҷабҳаи муқовиматро дар Афғонистон чӣ гуна мебинед? Чӣ омилҳое барои тавсеа ё монеаҳое дар роҳи фаъолияти онҳо вуҷуд доранд?
Аҳмад Бориз: “Ҳамон тавр, ки гуфтам, ҷаҳон ё бозигарони аслӣ хоҳони ҳифзи вазъияти феълӣ мебошанд ва мегӯянд аз ҳеч ҷанге дар Афғонистон ҳимоят намекунанд. Нуқтаи дувум кишварҳои минтақаи мо ҳастанд, ки ба навъе ҳам бо “Толибон” ва ҳам бо Ҷабҳаи муқовимат ҳамкорӣ мекунанд.”
Радиои Озодӣ: Манзуратон кадом кишварҳо?
Аҳмади Бориз: “Манзури ман Русия ва Эрон аст. Дар ин авохир сиёсати онҳо дупаҳлӯ шуда. Дар канори ҳамкорӣ бо “Толибон” сафири онҳоро қабул доранд, аммо “Толибон”-ро ба расмият намешиносанд. Ҳамзамон бо Ҷабҳаи миллии муқовимат ҳам робита эҷод кардаанд. Онҳо фаҳмиданд “Толибон” гуруҳе нест, ки шавад барои доимӣ ба онҳо эътимод кард. Нуктаи асоситар ин аст, ки “Толибон” худ бештар аз ҳар кишвари хориҷӣ ба худ осеб мерасонанд. Дар тавофуқномаи Даҳва, ки чор банди асосӣ дорад, ду банди он амалӣ нашудааст. Ин эҷоди ҳукумати ҳамашумул аст. Ин санади муътабар аст ва метавонад “Толибон”-ро то ба додгоҳи байнулмилалӣ бикашонад. Чаро Амрико, ки яке аз тарафи ин санад аст ва сукут дорад, бигзор худашон посух диҳанд. Банди дигар ваъдаи “Толибон” ба қатъи ҳамкориҳо бо бунёдгарони хориҷӣ аст, ки ин ҳам иҷро нашуд. Ҳам созмонҳои байнулмилалӣ ва ҳам хабарнигорон иттилоъ медиҳанд, ки ҳанӯз ҳам Толибон мизбони беш аз 22 гуруҳи террористиву ифротӣ мебошанд. Мо чанд ҷабҳаи муқовимат бо Толибон дорем ва дар умум норизоияти мардум аз амалкардҳои онҳо заминаеро фароҳам мекунад, ки бақои “Толибон” дар Афғонситон зиёд тӯл накашад.”
Чаро ҷангҷӯён ба Бадахшон рафтанд?
Радиои Озодӣ: Хабарҳое мерасанд, ки баъзе аз ҷангҷӯёни собиқи ДОИШ дар Бадахшони Афғонистон сангар гирифтаанд. Чаро онҷо?
Аҳмади Бориз: “Вилояти Бадахшон чанд хусусияте дорад. Аввалаш ин ки ин вилоят кӯҳистонӣ ва мушкилгузар мебошад. Ин минтақа метавонад қароргоҳи амне барои нерӯҳои шӯришгар бошад. Дувум ин нукта аст, ки вилояти Бадахшон бо чанд кишваре ба мисли Тоҷикистону Чин ва Покистон ҳаммарз мебошад. Худи Толибон ва чанд гуруҳҳои дигар дар гузашта дар ҳамин минтақаи Бадахшон фаъолиятҳои чашмгире доштанд. Шояд авомили дигаре ҳам ҳаст, ки расонаӣ нашудааст.
Хусусан ҳамсоягии Бадахшон бо чанд кишвар метавонад як бозии чандҷониба дар дасти бозигарони ҷаҳонӣ бошад. Ҳукумати Тоҷикистон бояд дақиқ бидонад, ки шахсони зиёде аз “Ансоруллоҳ”-и Тоҷикистон низ ҳастанд. Ахиран ин гуруҳ номашро ба “Аморати исломии Тоҷикистон” иваз кардааст. Онҳо дар ин минтақа аз солиёни сол фаъол ҳастанд, бо мардум забони муштарак доранд ва ба содагӣ хусусан дар фасли зимистон, ки дар он ҷо ҳеч марзе вуҷуд надорад, зеро дарё ях мебандад, метавонанд ба Тоҷикистон биёянд ва ин ҷоро ноамн бисозанд. Фикр мекунам, далели дигар ин сиёсатҳои рӯшани раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бошад, ки дар ҳимоят аз мардуми Афғонистон ва мухолифат бо “Толибон” истодааст. Ва шояд боз авомиле вуҷуд дорад, ки мо ҳанӯз онро намедонем.”
Радиои Озодӣ: Чӣ омилҳое метавонад Толибонро сари гуфтугӯ бо мухолифонашон биорад то талаби ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи ҳукумати ҳамашумул иҷро гардад?
Аҳмади Бориз: “Дар ҳоли ҳозир ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳони чунин гуфтугуҳо нест, хусусан раҳбарони гузаштаи Афғонистон. Зеро онҳо ба ин назаранд, ки ин роҳбарони ноком монда мебошанд. “Толибон” ҳам худро дар як пирӯзӣ козиб медонанд, дар ҳоле ки ҳамаи коршиносони Афғонистону ҷаҳон муътақиданд, ки на аз рӯи ҷанг ба сари қудрат омаданд, балки ин як созиши пасипардагӣ буд, ки тавонистанд тамоми Афғонистонро дар ду ҳафта зери итоати худ қарор диҳанд.”
Таҳдид кадом аст?
Радиои Озодӣ: Аз нигоҳи шумо, феълан чӣ таҳдидҳое аз Афғонистон ба Тоҷикистон вуҷуд доранд?
Аҳмади Бориз: “Муҳимтарин таҳдид ин таҷаммӯи 22 гуруҳи бунёдгаро аст, ки ҳам имконоти молӣ доранд, ҳам имконоти низомӣ ва ҳам нерӯ доранд. Ҳоло ҳамаи нерӯҳои ин гуруҳҳо мазҳабӣ мебошанд, хусусан ифротиҳои тоҷик, ки дар Афғонистон қарор доранд. Бахши бузурге аз онҳо дар сафи ДОИШ буданд, инҳо дар муқобили сиёсатҳои Эмомалӣ Раҳмон уқдаманд мебошанд ва инҳо як хатари билқуввае барои Тоҷикистон мебошанд.
Ин нуктаро низ бояд таъкид бикунам, ки ҳамаи кишварҳои минтақа бо шумули Тоҷикистон як навъ таомулоти эълоннашудае бо “Толибон” доранд. Аз ҷумла, баҳси нерӯи барқ аст, ки Тоҷикистон ҳанӯз ҳам ба “Толибон” мефурӯшад. Рафтуомадҳои тиҷоратӣ аз тариқи гузаргоҳи “Шерхон Бандар” низ вуҷуд доранд. “Толибон” ҳам аз тариқи расонаҳо иддао доранд, ки мо иҷоза намедиҳем хатаре аз Афғонистон ба кишварҳои ҳамсоя таҳдид бикунад. Вале ин ҳарфҳо ба ин далел қобили эътимод нестанд, ки гуруҳҳои ифротие, ки Толибон мизбони онҳо мебошанд, аз ҷойҳои зиёде ва агар зарур шуд ба хотири ҳадафҳои худ ба Толибон низ итоат нахоҳанд кард.”
Навори суҳбатро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Радиои Озодӣ: “Толибон” эълон дошта, ки марҳилаи аввали сохтмони канали “Қуштеппа”-ро анҷом дод. Оё ин тарҳ як нақшаи ҷанҷолист? Дар оянда то кадом андоза метавонад боиси танишҳо дар минтақа бошад?
Аҳмади Бориз: “Дарёи Ому марзи муштаракест миёни Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ. Дар гузашта хонда будам, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ чанд ҷаласа дар робита ба тақсими оби дарёи Ому баргузор шуда ва Афғонистонро ба он даъват накардаанд. Дар муддати як қарн ва бештар аз он кишварҳои поёноб аз оби дарёи Ому истифодаи бештар кардаанд. Аммо воқеияти қазия чӣ аст? Сароби дарёи Ому Тоҷикистон ва Афғонистон ҳастанд. Ҳудуди сӣ дарсади оби ин дарё аз Афғонистон ва боқӣ аз Тоҷикистон сарозер мешаванд. Қонунҳои ҷаҳонӣ барои кишварҳои сароб ҳаққи вижа қоил аст. Баҳси канали «Қуштеппа»-ро мо набояд ба Толибон рабт бидиҳем. Ин пружа тарҳи Довудхон нахустин раиси ҷумҳури Афғонистон аст, ки амалӣ нашуда буд. Тарроҳӣ ва кори муҳандисии ин тарҳ дар замони Ҳомид Карзай ва Ашраф Ғанӣ шурӯъ шуда буд ва ин ки Толибон омаданд ва онро шурӯъ карданд, мо набояд онро тарҳи толибонӣ бидонем. Дӯстону ҳамсояҳои мо ҳақ доранд аз Толибон нигарон бошанд, на аз канали «Қуштеппа». Ҳоло як коршиносе навишта, ки канали “Қуштеппа” зарфияти гирифтани то ҳашт дарсад оби Омуро дорад. Ҳарчанд то сӣ дарсади оби ин дарё аз Афғонистон таъмин мешавад. Умедворам, ки Афғонистон аз бесарнавиштӣ халос шавад ва мо як ҳукумати босубот дошта бошем ва бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бораи режими қонунии истифода аз оби Омуро ба тавофуқе бидуни таниш бирасем, мисле ки бо Эрон дар мавриди оби муштарак расидем. Бо Покистон низ мо ҳанӯз дар ин масъала ба созише нарасидаем. Ба унвони як афғонистонӣ тарафдори танишҳо нестам ва мехоҳам мо режими истифода аз обҳои муштаракро риоят бикунем ва ҳар кишвар тибқи ҳаққаш ба ҳаққи худ бирасад.”