Дар канори Душанбе як ҳавопаймои низомии русӣ оташ гирифт. Мақомот хомӯшанд

Акс аз навори видеоии сӯхтори ҳавопаймо, ки корбарони Радиои Озодӣ фиристоданд

Ҳавопаймои мазкур тавони интиқоли то 60 тонна борҳоро дар самти то 4200 км дорад. Маъмулан барои интиқоли техникаи ҳарбӣ истифода мешавад.

Шаби 19 ба 20-уми октябр дар фурудгоҳи низомии канори шаҳри Душанбе як ҳавопаймои низомии навъи Ил-76МД оташ гирифт. Наворҳои видеоии сӯхтори ҳавопайморо корбарони Радиои Озодӣ фиристоданд. Бино ба навиштаи корбарони Радиои Озодӣ, ин ҳодиса дар майдони ҳавоии фурудгоҳи Ҳисор, мавсум ба фурудгоҳи Айнӣ рух додааст.

Талоши Радиои Озодӣ барои гирифтани назари Вазорати дифои Тоҷикистон натиҷа надод, рӯзи 21 октябр телефони дафтари матбуоти ин вазоратро касе намебардошт. Расонаҳои расмии Русия ҳам дар ин бора чизе нашр накардаанд.

Вале ба навиштаи Телеграм-канали Baza, ки ба манобеи қудратии Русия наздик аст, сӯхтор шаби панҷшанбе ба ҷумъа дар як фурудгоҳи низомии канори пойтахти Тоҷикистон рух дод. Ба навиштаи ин манбаъ, ҳангоми талоши баланд шудан аз замин ҳавопаймои низомию нақлиётии Ил-76МД, ки ба Русия марбут аст, оташ гирифт.

Фуруди Ил-76МД - ҳавопаймои Вазорати дифои Русия 26 августи соли 2021 дар фурудгоҳи низомии Ҳисори Тоҷикистон бо шаҳрвандоне, ки Афғонистонро тарк карданд.

Ин манбаъ навиштааст, бино ба иттилои пешакӣ, ҳангоми ҳаракати босуръат ба хотири баланд шудан аз замин як чархи ҳавопаймо оташ гирифт ва баъди ин сӯхтор сар зад. Ҳавопаймо аз майдони ҳавоӣ берун шуда пурра сӯхта нобуд шудааст, менависад Baza.

Ба навиштаи ин манбаъ, 8 нафаре, ки ҳангоми оғози сӯхтор дар дохили ҳавопаймо буданд, осеб надидаанд.

Маълум нест, чӣ гуна мусофирон тавонистанд аз дохили ҳавопаймои оташгирифта наҷот ёбанд.

Ил-76, ки аз соли 1971 ба парвоз шурӯъ кардааст, аз аввалин ҳавопаймоҳои сангини низомию нақлиётии СССР ва сохтаи Бюрои конструктории Илюшин мебошад. Дар давраи шӯравӣ ин ҳавопаймоҳо дар корхонаи ҳавопаймосозии ба номи Чкалови шаҳри Тошканд ба таври муттасил истеҳсол мешуданд ва баъди соли 2010 корхона ба шаҳри Уляновски Русия кӯчид.

Ҳавопаймои мазкур тавони интиқоли то 60 тонна борро дар масири то 4200 километр роҳ дорад. Маъмулан барои интиқоли техникаи ҳарбӣ истифода мешавад.

Дар Тоҷикистон пойгоҳи 201-уми низомии Русия амал мекунад ва бар асоси қарордоди байниҳукуматӣ, ҳавопаймову чархболҳои низомии он, аз ҷумла, ҳаққи истифода аз пойгоҳҳои ҳарбии Тоҷикистонро доранд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Тоҷикистон чанд фурудгоҳи маҳаллиро ба Вазорати дифоъ додаастБаҳси равобити Тоҷикистон бо Ҳиндустону Покистон дар Душанбе. ВИДЕОЧаро ҳамсояҳои фурудгоҳи ҳарбии Айнӣ аз вайронаҳо кӯчидан намехоҳанд? ВИДЕО