Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз Ҳиндустон хост, ба иқтисоди кишвар сармоягузорӣ кунад ва дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ корхонаҳои муштарак таъсис диҳад. Сироҷиддин Муҳриддин ин нуктаро рӯзи 31-уми март баъд аз мулоқот бо Субрахманиям Ҷайшанкар, вазири умури хориҷии Ҳиндустон, дар Душанбе баён дошт.
Ӯ дар ин рӯз бо вазири корҳои хориҷии Покистон ҳам дидор кард. Вале мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтоёни ҳиндӣ ва покистониаш ҷудогона ва паси дарҳои баста баргузор шуд. Баҳси асосии ин нишастҳо муносибатҳои дуҷониба ва вазъи Афғонистон буд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар назди хабарнигорон гуфт, ба ҳамтои ҳиндиаш гуфтааст, Душанбе хоҳони афзоиши додугирифти мол бо Деҳлӣ ва Исломобод аст.
Субрахманиям Ҷайшанкар, вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон, ҳам гуфт, кишвараш то ин дам дар лоиҳаҳои зиёде дар Тоҷикистон ширкат карда, мехоҳад, ин равандро идома диҳад.
Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, вазири корҳои хориҷии Покистон, гуфт, Исломобод барои зудтар ба анҷом расидани лоиҳаи CASA-1000 аҳамияти калон медиҳад.
“Анҷоми он қадами аввалин дар роҳи бунёди долони энергетикӣ дар байни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ хоҳад буд”, -- гуфт Маҳмуд Қурайшӣ.
Равобити ҷудогонаи Душанбе бо Деҳлӣ ва Исломобод чандон васеъ нест ва ин кишварҳо дар иқтисоди Тоҷикистон сармоягузории густурда надоранд. Муҳимтарин сармоягузории Ҳиндустон бозсозии фурудгоҳи низомии Айнӣ бо 70 миллион доллар буд.
Вазирони корҳои хориҷии Ҳиндустон ва Покистон барои иштирок дар нишасти нӯҳуми “Қалби Осиё - раванди Истанбул” ба Душанбе омаданд. Ин нишаст рӯзи 30-юми март баргузор шуд.
Мавзӯи асосӣ вазъи Афғонистон ва роҳҳои чӣ гуна ҳосил шудани созиши сулҳ дар ин кишвар буд. Муҳимтарин нуктаи нишасти Душанбе ин буд, ки Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон расман эълон кард, дар сурати ҳосил шудани созиш бо Толибон интихоботи пеш аз муҳлат баргузор мекунанд.