Қарорро дар ин бора раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон 31-уми август имзо кард. Радиои Озодӣ нусхаашро 25-уми сентябр дид.
Дар қарор омадааст, ки фурудгоҳи Исфара, дар наздикии сарҳад бо Қирғизистон, аз тавозуни Фурудгоҳи Байнулмилалии Хуҷанд ба тобеияти Вазорати мудофиа дода шавад.
Инчунин, фурудгоҳҳои Фархор ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки дар наздикии Афғонистон ҷойгиранд, ба тавозуни Вазорати мудофиа мегузаранд. То ҳол ин ду фурудгоҳ дар ихтиёри Ташкилоти иҷтимоии мададгори мудофиа буданд.
Ҳукумат масъулони Вазорати мудофиаи Тоҷикистонро вазифадор кардааст, ки аз ҳисоби хидмати пулакӣ фурудгоҳҳоро барқарор ва дар ҳолати доимии корӣ нигоҳ доранд. Аз аввали сентябри имсол нархи хидмати алтернативӣ ё пулакиро дар Тоҷикистон қариб ҳаштод дарсад боло бурданд, аз 28,5 ҳазор сомонӣ ба 51 ҳазор сомонӣ.
Мақомот далели тасмими худро шарҳ надодаанд. Коршиноси тоҷики муқими Русия Амони Асрор мегӯяд, бахши ҳавонавардии мулкӣ тайи даҳсолаҳои охир натавонист фурудгоҳҳои маҳаллиро обод созад, ҳарчанд дар шароити кӯҳсори Тоҷикистон талабот ба мусофирбарии ҳавоӣ бисёр зиёд аст. Махсусан дар шароити вайрон шудани роҳҳо ва омадани селу офатҳои дигари табиӣ.
“Аз тарафи дигар ширкатҳои ҳавонавардии Тоҷикистон имкониятҳои маҳдуд доранд ва бештар мавриди назарашон мусофирбарии байнулмилалист. Аз он даромади бештар мегиранд. Фурудгоҳҳои маҳаллӣ дер боз дар ҳолати корношоям мондаанд,” – шарҳ дод ӯ.
Вай афзуд, қарори ҳукумат баёнгари он аст, ки ҳукуматдорон ба рушди ҳавонавардии мулкӣ дар сатҳи маҳалҳо чандон хушбин нестанд ва ҳавонавардии низомиро беҳтар мешуморанд. Коршинос таъкид кард, ки дар шароити бархӯрду таҳдидҳои замони муосир рушд додани зербунёдҳои низомӣ низ муҳим аст.
“Даргириҳои мусаллаҳонаи солҳои охир нишон медиҳанд, ки ҳавонавардии низомӣ, махсусан истифодаи бесарнишинҳо аз омилҳои ҳалкунанда дар бархӯрдҳо ҳастанд. Шояд мақомоти тоҷик низ бо таваҷҷуҳ ба ин чораандешӣ доранд,” -- изҳор дошт ӯ.
Ҳамсуҳбати мо дар айни замон афзуд, “хуб мебуд агар фурудгоҳҳои маҳаллӣ обод гарданд ва на танҳо барои ҳавонавардии низомӣ, балки бо ҳадафҳои мулкӣ низ кор бурда шаванд.”
То ин дам дар Тоҷикистон Фурудгоҳи “Айнӣ” дар канори шаҳри Душанбе ҳамчун фурудгоҳи низомӣ маъруф аст. Чанде аз кишварҳои хориҷӣ ҳавасмандии худро барои иҷораи он ва таъсиси пойгоҳи ҳарбӣ ва ҳавоӣ иброз дошта буданд. Яке аз номзадҳо Ҳинд гуфта мешавад.
Ин фурудгоҳ дар аҳди Шӯравии собиқ ба ҳайси макони таъмири чархболҳо истифода мешуд ва чанд сол қабл бо 70 миллион доллар сармояи Ҳинд таъмиру бозсозӣ шуд.
Гуфтугӯ