Даҳҳо ҳазор сокини Ғазза аз хонаҳои худ фирор кардаанд

Сокинони Ғазза дар ҳоли фирор ҳастанд

Фаластиниҳо дар шаҳри муҳосирашудаи Ғазза дар ҷустуҷӯи сарпаноҳ ва обу ғизо ба беморхонаву мактабҳо шитофтанд.

Тибқи охирин гузоришҳо, дар остонаи ҳуҷуми заминии нирӯҳои исроилӣ беш аз як миллион сокини ин шаҳр аз хонаҳои худ фирор кардаанд.

Амалиёти Исроил бо ҳадафи нобуд кардани гуруҳи "Ҳамос" анҷом мешавад, ки масъулияти ҳамлаҳои маргбор ба ҷануби Исроилро ба дӯш дорад. Аксар сохторҳои низомии "Ҳамос" дар Навори Ғазза ҷойгир ҳастанд ва эҳтимолан амалиёти заминии кӯча ба кӯча боиси хисороти бештар мешавад.

Ба иттилои Вазорати беҳдошти Фаластин, то ҳол 2670 фаластинӣ куштаву 9600 нафар маҷрӯҳ шуданд. Тибқи охирин хабарҳо, шумораи қурбониён аз тарафи Исроил ба зиёда аз 1400 ва теъдоди маҷруҳон қариб ба 3400 кас расидааст.

То оғози амалиёти заминӣ, Исроил аз сокинони Ғазза хост ба ҷануби минтақа кӯч банданд. Гуруҳи "Ҳамос" хостори нодида гирифтани ин талаб шуд.

Субҳи 7-уми октябр баъди ҳамлаи неруҳои "Ҳамос" ба чанд минтақаи Исроил, миёни ду тараф ҷанги нав сар зад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Байден гуфт, "Ҳамос" бояд нобуд шавад, аммо ишғоли Ғазза "иштибоҳ" астРӯзи 9-уми ҷанг. Як фармондеҳи "Ҳамос" кушта, амалиёти Исроил ба таъхир афтодаастТаҳдиди Эрон барои дахолат дар ҷанги Исроил ва ҲАМОС