"Ҳама муҳоҷир ҳастанд, вазъашон хароб" ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Видеоро дар инҷо бинед

Баъди ба қудрат расидани “Толибон” дар ду соли пеш ҳазорҳо шаҳрванди Афғонистон ба Тоҷикистон омаданд. Бархе ба кишвари севум рафта, дигарон мунтазири иҷозаи сафар истодаанд. Хабарнигорони “Франс Пресс” бо кору зиндагии чанде аз онҳо ошно шуданд.

"Вақте муҳоҷир шудем, пул надоштем"

Садҳо афғонистонӣ дар шаҳри Ваҳдат, канори пойтахти Тоҷикистон, паноҳгоҳ ёфтаанд, вале бо орзуи рафтан ба кишвари севум. Аз як сӯ пайдо кардани кору маоши муносиб дар Тоҷикистон мушкил аст, аз тарафи дигар озодии баён маҳдуд ва ибрози норозигӣ аз шароити зист – мушкилтар.

Баъзе аз афғонистониҳо дар пойтахти Тоҷикистон ва атрофи он барои худ ҷойи кор дуруст кардаанд. Иддае ошхонаву тарабхона доранд ва бархе – дӯкон. Аз ҳисоби он рӯзии худу фарзандонро меёбанд.

Соро Ҳакимӣ, паноҳҷӯйи афғонистонӣ, мегӯяд, дар ду соли гузашта ранҷу азоби зиёде диданд. “Вақте муҳоҷир шудем, пул надоштем. Рӯзгор безеб буд. Кӯдакон гурусна буданд. Ҳамсояҳои тоҷики мо кумак карданд,” – гуфтааст ӯ.

Бо вуҷуди мушкилоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон барои бисёре аз духтарони паноҳҷӯйи афғонистонӣ имкон фароҳам шудааст, ки варзиш кунанд. Коре, ки дар дохили Афғонистон аз тарафи гуруҳи “Толибон” манъ шуда.

Бибиҳаво Закии 25-сола яке аз онҳост. Вай дар Афғонистон аз забони англисӣ дарс мегуфт ва баъд аз таҳдиди “Толибон” ба Тоҷикистон кӯчид.

Муртазо Набизода мураббии футбол аст ва ба фарзандони паноҳҷӯён бозиро ёд медиҳад. Мегӯяд, “як фарҳанге ҳаст, ки духтарон дар Афғонистон дарс хонда наметавонанд. Варзиш ё кор карда наметавонанд. Мо хостем, ҳамин марзро байни духтарон ва бачаҳо аз байн барем. Як тими хубе созем.”

Як мансабдори тоҷик: "Ҳуқуқ доранд, ки..."

Бисёре аз хонаводаҳо ба мисли паноҳҷӯ Ҷовид Шариф мунтазир ҳастанд, то Созмони Милали Муттаҳид онҳоро аз Тоҷикистон ба кишварҳои дигар фиристад. “Ҳама муҳоҷир ҳастанд, вазъи ҳама хароб аст, бечора,” – мегӯяд ӯ.

Ҷовид Шариф панҷ фарзанд дорад. Духтараш, Тамкина Шариф, ба наққошӣ майл дорад ва мехоҳад, ки наққошӣ бихонад, аммо маълум нест сарнавишт онҳоро ба куҷо хоҳад бурд.

Як намояндаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба хабаргузории “Франс Пресс” гуфтааст, паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар кишвар озодона зиндагӣ мекунанд.

“Гурезаҳои афғонистонӣ ба истиснои чанд ҳуқуқ ба мисли шаҳрвандони Тоҷикистон ҳама ҳақро доранд. Ҳуқуқ доранд, ки ба мактабҳо, муассисаҳои тиббӣ ва идораҳои дигари ҳуқуқӣ муроҷиат кунанд. Озодагона зиндагӣ кунанд,” – шарҳ додааст Боймаҳмад Раҷабзода, муовини сардори Хадамоти шиносномадиҳӣ ва сабтиноми хориҷиён.

Комиссариати олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон мегӯяд, дар Тоҷикистон ҳудуди даҳ ҳазор паноҳҷӯйи афғонистонӣ ҳастанд, вале қисме аз онҳо фақиру дастнигаранд. Соле пеш, бо вуҷуди даъвату нигаронии созмонҳои байнулмилалӣ, Тоҷикистон чанде аз онҳоро ба гумони нақзи қоидаи будубош ба Афғонистон ронд.