Чаро масҷиди деҳаи Арбобии Ваҳдатро вайрон карданд? ВИДЕО

Дар деҳаи Арбобии шаҳри Ваҳдат як масҷидеро вайрон кардаанд. Ба гуфтаи баъзе  сокинони деҳа, сабабаш ин аст, ки аз ин деҳа ба сафи артиши Тоҷикистон ба қадри кофӣ сарбоз нафиристодаанд. Мақомот мегӯянд, ин иддао дуруст нест ва ин хабарро ҳангомасозон паҳн кардаанд.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ рӯзи 13 октябр ба деҳаи Арбобии шаҳри Ваҳдат рафтанд. Ибодатгоҳе, ки мардуми маҳалла онро бо номи Масҷиди Ҳоҷӣ Баҳриддин мешиносанд, дар ҳолати нимавайрона қарор дорад.

Мардуми деҳа нахостанд дар назди дурбини видео бигӯянд, ки чаро масҷид нимавайрон шудааст, чун, ба қавли яке аз онҳо ба дарди сар гирифтор мешаванд. Дилшод, сокини дигари деҳа гуфт, масҷид бозсозӣ мешавад. Ӯ гуфт, масҷидро “чаппа намекунанд, фақат каме ба ҳолати пешина бармегардонанд. Як каме тағйирот мекунанд, вале чаппа намекунанд.”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Масҷиди деҳаи Арбобии Ваҳдатро вайрон кардаанд

Ин дар ҳолест, ки чанд корбар бо ирсоли видеоҳо ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки масҷидро рӯзи 12-уми октябр вайрон карданд. Сабабаш, ба иддаои онҳо, ба сафи артиш нафиристодани ҷавонони деҳа будааст. Мақомоти расмӣ иддаоҳо дар бораи вайрон кардани масҷид ба сабаби нарафтани ҷавонони деҳаи Арбобӣ ба артишро рад мекунанд.

Сулаймон Наҷмиддинов, мудири шӯъбаи умури дин дар ҳукумати Ваҳдат ба Радиои Озлдӣ рӯзи 13 октябр гуфт: “Мо дар нақша дорем, ки ҳолати бинои масҷидро ба инобат гирифта, дар якҷоягӣ бо шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии Ваҳдат лоиҳаи қисмате аз бинои масҷидро тартиб диҳем ва тибқи талаботи имрӯза онро аз нав бунёд намоем.”

Вайрон кардани масҷидҳо дар Тоҷикистон ва ё бастани онҳо дар гузашта бисёр мушоҳида шудааст. Солҳои ахир мақомоти расмӣ ҳамчунин бо талаби ба артиш фиристодани фарзандон, дари масҷидҳоро ба рӯи мардуми эътиқодманд бастаанд.

Соли 2017 кишвар дари тақрибан 2000 масҷидро ба сабаби надоштани санадҳои зарурӣ бастанд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ҳукумати Тоҷикистонро барои беэътиноӣ ба ҳуқуқи динии мардум пайваста танқид мекунанд ва аз он хостаанд, ба ин ҳақи қонунии мардум эҳтиром бигузорад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Қирғизистон чанд масҷиду мадрасаро дар минтақаи марзӣ бо Тоҷикистон бастСадои азон дар масҷидҳои Узбекистон "пасттар" мешавадАз масҷид ба комиссариати ҳарбӣ. Рейдҳои нав дар Русия. ВИДЕОБарои сохтани хонаҳои вайроншудаи Кӯлоб масҷидҳо низ пул медиҳанд. ВИДЕОСокинон "гунаҳкор", милисаҳо "ҷабрдида" шудаанд. Поёни қазияи ЛакатБаҳси даъвати ҷавонон ба артиш дар ҷаласае дар Душанбе