Раҳбарони Тоҷикистон ва Қирғизистон масъалаи марзро баррасӣ карданд 

13 октябр, Бишкек

Рӯзи 13 октябр дар шаҳри Бишкек, дар ҳошияи ҷаласаи сарони Иттиҳоди Давлатҳои Муштарак-ул-манофеъ (ИДМ) президентони Тоҷикистон ва Қирғизистон – Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов (Жапаров) дидору гуфтугӯ карданд. Ба иттилои хадамоти матбуотии президентони ҳарду кишвар, дар ин нишаст мавзӯи муайян кардани хати сарҳади ҳарду кишвар меҳварӣ будааст.

Аз ҷумла, ба навиштаи сомонаи президенти Тоҷикистон, дар ин нишаст ба масъалаи таъини “хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон ва тавофуқҳое, ки чанде пеш дар ин самт ҳосил шуда буданд” муроҷиат шуд. Ба навиштаи ин манбаъ, раҳбарони ду кишвар ба кори ҳайатҳои ҳукуматӣ оид ба аломатгузории марз баҳои мусбат дода, аз “фаъолсозии минбаъдаи кор изҳори ҷонибдорӣ намуданд”.

Инчунин дар ин хабар омадааст, ки Раҳмон ва Ҷабборов ба “мувофиқа расиданд, ки муколамаи мунтазами сиёсӣ дар сатҳи олӣ, ки ба таври анъанавӣ ба рушди тамоми доираи муносибатҳои дуҷониба такон мебахшад, идома дода шавад”.

Изҳороти мақомоти Қирғизистон ҳам тақрибан ҳамсон буда ҷузъиёти бештаре аз ин диду боздидҳо нашр намекунад.

43,32 км сарҳади мувофиқашуда

Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр сарҳад дорад, ки беш аз 600 километраш муайян шудааст. Баҳси сари таъин ва аломатгузории қитъаҳои баҳсии имтидоди марзи ду ҳамсояи наздик солҳои охир доғтар мешавад ва баҳору тирамоҳи солҳои 2021-2022 марзи миёни ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон шоҳиди муноқишаҳои пурқурбонии мусаллаҳона гардид.

Дар ҳоле, ки баҳси сокинони ду тараф сари манбаъҳои табиии мисли обу замин ва чарогоҳҳоро чун як натиҷаи объективии ҳалношуда мондани масоили баҳсии марзӣ баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ меноманд, мунаққидон инчунин ҳарду ҳукуматро барои пешрафти кам дар гуфтугӯҳои дипломатӣ ва популизми сиёсӣ чун сабаби рехта шудани хуни сокинон интиқод мекунанд.

Яке аз таҳаввулоти ахире, ки мақомоти ҳарду тараф 8-уми октябр хабар доданд, ин мувофиқаи гурӯҳҳои маконнигории Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари таъйини 43,32 километри дигари сарҳад мебошад. Маълум нест, ки гап дар бораи кадом қитъаи марз меравад.

Пеш аз ин, 2 октябр раисони КДАМ-и Тоҷикистон ва Қирғизистон аз имзои протоколи рақами 44 хабар доданд, ки, ба гуфтаашон, роҳро барои ҳалли «ҳама гуна масъала, ҳама мушкилотеро, ки пештар сабаби низоъ дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон шудааст», боз мекунад.

Ин навбат низ ҷузъиёти ин санад нашр нашуд ва шубҳаҳоеро дар заминаи эҳтимоли ба гузашти қитъае аз қаламрави худ роҳ додани Тоҷикистон ба бор овард.

Мақомот дар Тоҷикистон барои пинҳон нигоҳ доштани маълумот дар бораи музокираҳои сарҳадӣ интиқод мешаванд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Мувофиқаи Тоҷикистону Қирғизистон бар сари 43 километри дигари марзНизомиёни Тоҷикистон барои ширкат дар машқҳои СПАД вориди Қирғизистон шуданд. АКС"Протоколи №44" ба баҳси Тоҷикистону Қирғизистон нуқта хоҳад гузошт? ВИДЕОТоҷикистон ва Қирғизистон "протоколи ниҳоӣ" имзо кардаанд. Муҳтавояш норӯшан астВохӯрии раисони Суғд ва Ботканд баъди танишҳои лафзӣВокуниши Русия ба баҳси сарҳадии Тоҷикистону ҚирғизистонАнҷумани расонаҳо. Пешниҳоди Э.Раҳмон чӣ маъно дорад? ВИДЕО