Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, дар изҳороти матбуотӣ гуфт, ки ду тараф протоколи рақами 44-ро имзо карданд. “Иҷрои ин протокол ҳама гуна масъала, ҳама мушкилотеро, ки пештар сабаби низоъ дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон буданд, ҳал мекунад. Бо тамоми масъулият эълон медорам, ки имзо ва иҷрои протокол иродаи раҳбарони ҳар ду ҷумҳурӣ аст,” – афзуд ӯ.
Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, низ имзои санадро роҳе барои ҳалли мушкили марзӣ номид. Вай гуфт: “Ин протокол асос мешавад, ки ҳама гуна масъалаи марзиро ҳал кунем. Худо хоҳад, ба зудӣ қарори ниҳоиро дар бораи ниҳоӣ кардани таъйини кулли сарҳади давлатӣ қабул мекунем.”
Ду тараф шарти худро барои ҳалли баҳсҳои марзӣ, ки тайи ду соли охир сабаби муноқишаи мусаллаҳона ва кушта шудани даҳҳо нафар гардид, нагуфтаанд.
Аммо Нурғозӣ Анорқулов, рӯзноманигори наздик ба Қамчибек Тошиев, рӯзи дувуми октябр дар Фейсбук навишт, ки “Тоҷикистон аз даъвоҳои ҳудудии худ даст кашид”. Ин талабе буд, ки пештар раиси КДАМ-и Қирғизистон ба миён гузошта буд. Девони вазирони Қирғизистон баргузории мулоқотро тасдиқ карда, дар бораи даст кашидан аз даъвоҳои марзӣ чизе нагуфтааст.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва ҳукумати вилояти Суғд дар бораи гуфтугӯйи раисони ниҳодҳои амнияти давлатӣ Саймуъмин Ятимов ва Қамчибек Тошиев ва имзои як санад хабар дода, аммо ҷузъиёти санадро шарҳ надоданд.
Мақомоти Тоҷикистон танҳо эълон карданд, ки ду ҷониб ҳаллу фасли баҳси минтақаҳои боқимондаи сарҳадро муҳим шумурда, “ба аъзои гурӯҳҳои корӣ дастурҳои мушаххас доданд”.
“Гурӯҳҳои кории топографӣ ва масъалаҳои ҳуқуқии ҳайати ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон корҳоро барои тартиб додани нақшаи лоиҳаи хатти марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар қисматии боқимондаи сарҳади давлатӣ идома медиҳанд,” -- афзудааст ҳукумати вилояти Суғд. Девони Қирғизистон ба ин монанд изҳорот дод.
Радиои Озодӣ тавассути манобеяш кӯшиш дорад, ки тафсилоти мулоқотро ба даст биёрад.
Пештар як манбаи наздик ба ин гуфтугӯҳо аз тарафи Қирғизистон ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки тарафҳо як ҳалли ниҳоиро омода кардаанд, ки тақсими баробари қаламравҳои баҳснокро дар назар дорад. Ба гуфтаи ин манбаъ раиси КДАМ-и Қирғизистон ба ин роҳи ҳал зид буд ва биноан дар рӯзҳои дидори президентҳои ду кишвар дар Душанбе як баёнияи пурсарусадо пахш кард.
Қамчибек Тошиев он вақт аз ёфт шудани ҳуҷҷатҳои нав дар мавриди марз хабар дода буд. Вай рӯзи 15-уми сентябри имсол дар Бодканд гуфт, “агар Тоҷикистон аз даъвои қаламрав даст накашад, мо ҳам санадҳоро пешниҳод мекунем. Барои ин нерӯ ва имкони кофӣ дорем."
Сипас Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ин ҳарфҳо эътироз кард ва гуфт, ки чунин суханҳо метавонад ба раванди муайян кардани сарҳад ва "эътимоди тарафҳо зарари ҷиддӣ расонад". Вазорат ба хабарҳои нав дар мавриди гуё даст кашидани Тоҷикистон аз даъвоҳои ҳудудӣ ҳанӯз вокуниш накардааст.
Зимнан, аз аввали имсол тарафҳо бо ҳам мувофиқа карда буданд, ки дар бораи шароити ҳалли баҳси марзӣ бо матбуот суҳбат ва ҳеч гуна изҳорот пахш намекунанд. Тарафи Тоҷикистон, ки пештар ҳам дар ин бора маълумоте нашр намекард, ҳамин роҳро идома дод, аммо тарафи Қирғизистон борҳо маълумоте нашр намуд, ки ба манфиати худаш аст.
Аз тақрибан ҳазор километр сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон беш аз сесад километри он дақиқу нишонагузорӣ нашудааст. Баҳс ҳам бар сари обу чарогоҳ ва заминҳоест, ки ду тараф худро соҳиби он меҳисобанд.
Дар даргириҳои марзие, ки дар моҳи апрели соли 2021 ва сентябри 2022 рух дода, аз ду тараф даҳҳо кушта ва садҳо захмӣ бар ҷой гузошт. Дар даргирии ахир Қирғизистон аз паҳпод ё ҳавопаймоҳои беодами "Байрақдор"-и сохти Туркия ва Тоҷикистон аз силоҳи вазнин истифода карданд. Баъд аз талафоти ҷонӣ тарафҳо борҳо изҳор доштанд, ки мушкили марзро бо роҳи осоишта ҳал хоҳанд кард.
Гуфтугӯ