Русия ҷавони тоҷикро ба ҷосусӣ муттаҳам кард

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мақомоти интизомии Русия Шарифҷон Тиллозода, шаҳрванди Тоҷикистонро ба ҷосусӣ ба нафъи Украина муттаҳам кардаанд, ки ҷазои сахте барои он пешбинӣ шудааст. Ба гуфтаи мақомот, Тиллозодаро рӯзи 20 -уми сентябр кормандони пулис ҳангоми гаштугузораш дар як воҳиди бастаи низомӣ дастгир кардаанд.