Ҷанги "Ҳамос" ва Исроил, ки шаш рӯз боз идома дорад, дар Тоҷикистон ҳам байни ҷонибдорону мухолифони даргирӣ вокунишҳои зиёдро ба бор овардааст. Таҳлилгароне, ки Радиои Озодӣ бо онҳо ҳамсуҳбат шуд, мегӯянд, ин ҷанг на танҳо амнияти Ховари Миёнаро ба ҳам зад, балки миллионҳо нафарро дар саросари ҷаҳон нигарон кардааст.
Яке аз пайомадҳои дигари он бо назардошти ҳамраъйии мусулмонони ҷаҳон бо фаластиниҳо метавонад, афзоиши ифротгароӣ бошад. Ба гуфтаи коршиносон ин ҳолатро метавон дар Тоҷикистон низ чашмдор буд.
Фаридун Ҳодизода, коршиноси тоҷик мегӯяд, “бачаҳои тоҷик, ки бо интернет сару кор доранд, бисёр чизҳоро медонанду мебинанд. Ва ин чиз, беадолатӣ нисбат ба фаластиниҳо ва куштори онҳо як равиши тундравиро дар Тоҷикистон ва дигар ҷомеаҳои исломӣ ба миён меорад. Ин хуб нест. Вақте мебинанд, мегӯянд, инро бин чӣ тавр яҳудиҳо бачаҳои моро мезаданд. Яъне онҳо аз он мавқеъ ҳастанд ва он ҳам радикал мешаванд.”
Видеоро дар инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Аз сӯи пахши наворҳои ҳамлаи “Ҳамос” ба Исроил ва ба намоиш гузоштани қурбониёни ин ҳамла нафрати аксари ҷомеаҳои ғарбиро дар баробари ин гуруҳ эҷод кардааст. Аз ҷумла ҳамлаи гуруҳи “Ҳамос” ба як ҷашвораи мусиқӣ дар наздикии Навори Ғазза, ки даҳҳо нафарро кушта бар ҷой гузошт.
Таҳлилгар Абдумалик Қодиров ба ин назар аст, ки ҷаҳон аз ҷумла ҷомеаҳои исломӣ дар ин масъала ба чанд гуруҳ тақсим шудаанд.
“Ҳаст кишварҳое, ки сароҳатан ҷонибдори “Ҳамос” ҳастанд ва ҷонибдори он ҳастанд, ки ба Исроил бо роҳи зӯрӣ гуфтугӯ карда шавад. Ҳаст кишварҳое, ки ин кушторҳоро чӣ аз ҷониби Ҳамос, чӣ аз ҷониби Исроил маҳкум мекунанд,”-таъкид кард Қодиров.
Таҳлилгарони тоҷик мавзеъгирии расмии Тоҷикистонро дар баробари даргириҳои миёни Исроил ва Фаластин, ки ба роҳи сулҳу созиш даъват кардааст, дуруст меҳисобанд. Ба қавли онҳо дар даргириҳо ҳарду ҷониб ба қатлу куштор даст доранд.
Фаридун Ҳодизода, коршиноси тоҷик таъкид мекунад, ки “он чизе, ки “Ҳамос” кард, гаравгон гирифт, чанд нафарро парронд, яъне қонуни ҷангро вайрон кард. Аз тарафи дигар исроилиҳо ҳоло Навори Ғаззаро бомбборон мекунанд, манзилҳоро вайрон мекунанд, ин ҳам ифротгароиро зиёд мекунад. Яъне гуфтан мумкин, ки ҳар ду тараф, ҳам исроилиҳо, ҳам фаластиниҳо тундрав шуданд.”
Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик сабаби бевосита сар задани даргирӣ миёни Фаластин ва Исроилро ба ду ҳуҷуми як гуруҳи исроилиёни ифротӣ ба масҷиди “Ал-Ақсо” рабт медиҳад, ки дар ҷомеаи исломии Фаластин ва минтақа вокунишҳои зиёде ба вуҷуд овард. Вай ҳамчунин аз шартномае ёдовар мешавад, ки, ба гуфтааш, боиси ҳамлаи Ҳамос ба Исроил шудааст. Ишораи коршинос ба гуфтугӯҳои Арабистон ва Исроил бар сари барқарор кардани робитаҳои дипломатӣ буд.
Ба назари сиёсатшиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов як ҳадафи даргирии ахир “ҷилавгирӣ аз имзои ин санад аст.”
Даргириҳо дар Ховари Миёна субҳи ҳафтуми октябр оғоз шуданд. Ҳамакнун, артиши Исроил шаш рӯз аст, ки дар посух ба ҳамлаҳои “Ҳамос” Ғаззаро бомбаборон мекунад. Муҳосира ва қатъи обу барқ аз сӯи дигар зиёда аз ду миллион сокини Ғаззаро дар шароити бад гузоштааст. Дар ин шароит даъватҳо ба оташбас бештар садо медиҳанд, вале коршиносон низоъи навро дарозмуддат тахмин мезананд.