Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости се ҳамсояи Тоҷикистон аз шаҳрвандонашон дар Исроил


Мақомоти Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон аз шаҳрвандони худ дар Исроил хостанд, дар рӯзҳои низоъ ба ҷойҳои амн паноҳ баранд. Мақомоти Тоҷикистон дар ин замина расман чизе нагуфтаанд.

Ойбек Смадияров, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон ба хабарнигорон гуфт, барои қазоқистониҳои муқими Исроил, дар Тел Авив телефони боварии сафорат фаъол шудааст. Ба гуфтаи Смадияров, дар Исроил қариб 200 шаҳрванди Қазоқистон бо шумули кормандони сафоратхонаи ин кишвар истиқомат мекунанд.

"Дипломатҳои мо бо шаҳрвандони Қазоқистон дар Исроил дар тамоси доимӣ ҳастанд. То ин лаҳза дар бораи кушта, захмӣ ё ба асорат гирифтани шаҳрвандони Қазоқистон дар Исроил маълумот нарасидааст,"-гуфт сухангӯи ВКХ-и Қазоқистон.

Сафорати Узбекистон дар Тел Авив ҳам дар муроҷиате аз узбекистониҳои муқими Исроил хостааст, "тамоми чораҳои бехатариро риоя карда, дар ҷойҳои амн истанд ва то огоҳии расмӣ ин маконҳоро тарк накунанд."

Айни чунин дархостро Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ҳам аз шаҳрвандонаш дар Исроил кардааст.

Аммо мақомоти Тоҷикистон то ҳол ба шаҳрвандонашон дар Исроил муроҷиат накардаанд. Хабарнигори Радиои Озодӣ барои гирифтани посух ба дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон муроҷиат кард ва мунтазири посух аст.

Тоҷикистон дар Исроил сафоратхона надорад. Содиқ Имомӣ, сафири пешини Тоҷикистон дар Узбекистон ҳамзамон намояндаи Душанбе дар Исроил ҳам буд.

Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳоло дар шаҳри Байтулмуқаддас аст, 9 октябр гуфт, "садои бонги хатар ҳар чанд лаҳза баъд шунида мешавад. Чанд дақиқа пеш мушак сар доданд."

Вазъият дар Исроил баъди ҳамлаи гуруҳи ҲАМОС дар рӯзи 7-уми октябр якбора бад шуд. Ҷангиёни ин гуруҳ субҳи барвақт ба Исроил ҳуҷум карда, даҳҳо нафарро куштаву захмӣ карданд. Дар посух артиши Исроил Навори Ғаззаро бомбборон кард, ки қурбониёни зиёд дар пай дошт.

XS
SM
MD
LG