Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дипломати тоҷик дар СММ аз ҷанг дар Ховари Миёна нигаронӣ кард


Даргирии "Ҳамос" ва Исроил чор рӯз аст, ки давом дорад
Даргирии "Ҳамос" ва Исроил чор рӯз аст, ки давом дорад

Як намояндаи Тоҷикистон дар Созмони Миллал аз шиддат гирифтани таниш дар Ховари Миёна нигаронӣ карда гуфтааст, Тоҷикистон "амалҳои хушунатомезро маҳкум мекунад". Амриё Бобозода аз ҳеч кишвару гуруҳе ном набурд, вале чор рӯз аст, ки миёни гуруҳи "Ҳамос" ва Исроил ҷанг идома дорад.

Масъули намояндагии Тоҷикистон дар як ҷаласаи СММ ҳамчунин дар бораи халъи силоҳи ҳастаӣ ва паҳн накардани он суҳбат кардааст.

Ду рӯз пеш Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам бо пахши изҳороте аз “муташанниҷшавии бошиддати вазъ дар Ховари Миёна” нигаронӣ карда, вале аз ҳеч тарафе ном набурда буд.

7-уми октябр неруҳои "Ҳамос" ба Исроил ҳуҷум карда, садҳо нафару куштаву захмӣ карданд. Дар посух Исроил Навори Ғаззаро бомбборон карда истодааст. Дар ин ҷанг то кунун аз ҳарду тараф беш аз 1,5 ҳазор кас кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG