Субҳи 7-уми октябр, гуруҳи фаластинии "Ҳамос", ки Ғазаро зери назорат дорад, Исроилро мушакборон кард.
Хадамоти миллии наҷоти Исроил гуфт, дар ин хушунатҳо дастикам 40 нафар кушта ва садҳо кас маҷрӯҳ шудаанд. Аз ҷумла аз марги як зане хабар дода шудааст, ки аз зарбаи мушак ба хонааш ҷон бохт. Ба миллионҳо нафар ҳушдор додаанд, ки паноҳгоҳу хонаҳоро худро тарк накунанд.
Артиши Исроил ба Ғаза ҳамлаҳои ҷавобии ҳавоӣ анҷом медиҳад. Ҷангҷӯёни гуруҳи ҲАМОС ҳамчунин ба шаҳрҳои наздимарзии Исроил дар шарқ ва ҷануби ин кишвар ворид шудаанд. Барои нерӯҳои исроилӣ бори аввал дар 50 соли ахир вазъияти ҷангӣ эълон шудааст.
Гуруҳи ҲАМОС бо нашри изҳороте гуфт, дар амалиёти ба истилоҳи он, “Тӯфони Ал-Ақсо”, сӯи Исроил беш аз 5000 мушак партоб шудааст. “Мо тасмим гирифтем ба тамоми ҷиноятҳои истилогарон хотима диҳем. Давраи саркӯбгарӣ ва беҷазо мондани онҳо гузашт,”- омадааст, дар баёнияи ин гуруҳ.
Расонаҳои Фаластинӣ бо такя ба омори бемористонҳои Ғаза аз кушта шудани 160 нафар ва ҷароҳат бардоштани беш аз 1000 кас хабар медиҳанд.
Ҳамла замоне сурат гирифт, ки исроилиҳо як ҷашни яҳудиро таҷлил мекарданд. Ин ҳодиса бархеро ба ёди ҷанги соли 1973 бурд, ки 50 сол пеш айнан дар рӯзе шурӯъ шуд, ки Исроил аз як ҷашни дигараш таҷлил мекард.
Вазири дифои Исроил Йоав Галант, дар паёми телевизионияш гуфт, Ҳамос "иштибоҳи сангине" кардааст ва қавл дод, ки "давлати Исроил дар ин ҷанг пирӯз хоҳад шуд".
Вазири амнияти миллии ин кишвар эълон кард, ки сар аз шоми шанбе дар саросари Исроил вазъи изтирорӣ ҷорӣ мешавад.
Британия, Фаронса, Испания ва Олмону кишварҳои дигар дар изҳороте, тарафҳоро ба оташбас даъват карданд. Дар баёнияе Вазорати корҳои хориҷии Фаронса ин ҳодисаро "ҳамлаҳои идомадори террористӣ" хонда, маҳкум кард ва ба "ба Исроилу қурбониёни ҳамла” ҳамрайӣ баён намудааст.
Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Русия аз ҳарду ҷониб хостанд, ки з ҷанг худдорӣ кунанд. Муовини вазири хориҷаи Русия, Михаил Богданов хостори "оташбаси фаврӣ ва сулҳ" шудааст.
Исроил Навори Ғазаро аз соли 2007 ба ин тараф муҳосира кардааст. Маҳдудияти интиқоли молу коло ва мардум ба иқтисоди Ғаза зарбаи сахт задааст. Исроил мегӯяд, ин иқдом ба хотире гирифта шудааст, ки ҷангҷӯёни "Ҳамос" ба силоҳ дастрасӣ наёбанд.
Фаластиниҳо Исроилро ба ғасби заминҳояшон айбдор мекунанд, шаҳракҳои муҳоҷирони исроилӣ аз ҳисоби замини фаластиниҳо васеъ мешаванд, Исроил фаластиниҳоро ба ҳамлаҳои террористӣ айбдор мекунад ва солҳо боз ҷанги байни онҳо идома дорад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Оғози оташбас миёни "Ҷиҳоди исломӣ"-и Фаластин ва ИсроилОташбас миёни Исроил ва фаластиниҳо оғоз шудЯке аз раҳбарони Ҳамос эҳтимоли оташбасро дар рӯзҳои наздик пешгӯӣ кардИсроил ба ҲАМОС дар навори Ғаза зарба задЯк рӯзи хунин дар Ғаза. Шӯрои Амнияти СММ нишаст доир мекунад.ВИДЕО