Нерӯҳои ҳавоии Исроил ба чанд маркази ҳарбии гурӯҳи ҲАМОС дар навори Ғаза зарба заданд.
Ба гуфтаи мақомоти Исроил, ин посух ба тирпарронӣ дар ҳудуди Исроил буд. Ба ҷуз ин, ба гуфтаи мақомоти Исроил, дар ҷануби кишвар, дар фазо дар дохили балонҳо маводҳои тарканда пайдо кардаанд.
Вазъият дар Ховари Миёна пас аз он ки Доналд Трамп, президенти Амрико нақшаи худ дар мавриди сулҳ миёни Исроил ва Фаластинро пешниҳод кард, дубора вазъият бад шуд.
Доналд Трамп пешниҳод дорад, ки давлати мустақили Фаластин дар канораҳои Ёрдания ва навори Ғаза ташкил карда шавад.
Доналд Трамп пешниҳодашро «муомилаи қарн» унвон кард. Исроил ин пешниҳодро қабул кард, аммо раҳбари Фаластин гуфтааст, ки ин шартҳоро ҳаргиз қабул нахоҳад кард.