Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оташбас миёни Исроил ва фаластиниҳо оғоз шуд


Оташбас байни Исроил ва фаластинҳо дар Ғаза рӯзи ҷумъаи 21-уми май пас аз 11 рӯз даргирии хунин, оғоз шуд. Ин оташбас аз соати дуи шаб ба вақти ба иҷро даромад. Тибқи гузоришҳо, дар даргириҳои 11-рӯза 232 нафар дар Ғаза ва 12 нафар дар Исроил кушта шуданд ва беш аз 50 ҳазор нафар низ маҷбур шуданд хонаҳои худро тарк кунанд. Хабаргузории "Франс пресс" мегӯяд, ки чанд дақиқа пас аз оғози оташбас, шуморе аз мардум дар кӯчаҳои Ғаза ба хурсандӣ ва пойкӯбӣ пардохтанд.

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико аз ин оташбас истиқбол кард ва гуфт, "фикр мекунам, ки як фурсати воқеӣ барои пешрафт дорем ва ман худро ӯҳдадор медонам, ки барои даст ёфтан ба он талош кунам". Раиси ҷумҳури Амрико ҳамчунин аз нақши Миср дар даст ёфтан ба ин оташбас ситоиш кардааст. Миср дар рузҳои ахир ҳайатеро барои барқарории оташбас ба Телавив ва Ғаза фиристода буд.

Ҳукумати Исроил шаби панҷшанбе расман эълон кард, ки ҷаласаи кобинаи амниятии ин кишвар бо барқарории оташбас мувофиқат кард. Дафтари нахуствазири Исроил дар поёни нишасти кобина хабар дод, ки "вазирон якдилона бо пешниҳоди мақомоти амниятӣ, ки хоҳони пазириши тарҳи мисрӣ барои оташбас буданд, мувофиқат карданд".

Ба гузориши расонаҳои Исроил, фармондеҳи артиши ин кишвар ва раиси Созмони амнияти дохилӣ дар нишасти ҳудуди сесоатаи кобинаи амниятии кишварашон, амалиёти ҷангии 11-рӯзаро "дастовардҳои бесобиқа" номиданд ва мувофиқати вазиронро барои оташбас ба даст оварданд.

Дар ҳоле, ки Исроил натиҷаи амалиёти 11-рӯзаи ахирро "дастовардҳои бесобиқа" номид, Ҳаракати муқовимати исломӣ -- "Ҳамос" иддао кард, ки "тан додан"-и Исроил ба оташбас, "фирор аз майдон дар баробари ҳамосаи пирузии муқовимат аст". Мушир Ал-Мисрӣ, аз сухангӯёни Ҳамос, шаби гузашта ба расонаҳо гуфт, ки "муқовимат ҳамчуни посдори мардуми Фаластин ва Қудс боқӣ хоҳад монд".

Эҳтимоли мувофиқати Исроил ба оташбас пас аз он зиёд шуд, ки Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи чаҳоршанбе дар чаҳорумин тамоси телефонӣ бо Бенямин Нетаняҳу аз оғози ин буҳрон, таъкид кард, ки интизор дорад ҳар чӣ зудтар оташбас эълон шавад.

Чанд соат пас аз мувофиқати кобинаи Исроил ба қатъи ҷанг, Антонио Гуттериш, дабири куллии СММ дар нишасти вижаи Маҷмаи умумии СММ, ки барои баррасии вазъ дар Ховари Миёна ташкил шуда буд, гуфт, ҷаҳон дар рузҳои гузашта шоҳиди "як мавҷи хатарнок ва ваҳшатнок аз хушунат дар сарзаминҳои фаластинӣ, бавижа дар Ғаза, ва низ дар Исроил" будааст.

Дабири куллии СММ гуфт, "аз бамборони беисти низомиёни Исроил аз ҳаво ва замин ба Ғаза ба шиддат ҳайратзада шудам, хушунатҳое, ки беш аз 60 кӯдакро кушт ва ҳазорон танро захмӣ кард". Вай дар ҳоле, ки аз ин вазъ изҳори таассуф кард, гуфт, "агар дузахе рӯи замин бошад, зиндагии кӯдакон дар Ғаза аст".

Дабири кулли СММ мушакандозии Ҳамос ба Исроилро низ маҳкум кард ва гуфт, дар ҳамлаҳои ин гурӯҳ 12 нафар дар Исроил кушта шуд, ки ду кӯдак дар байни онҳо ҳастанд ва садҳо инсони дигарро захмӣ кардааст.

Амалиёте, ки артиши Исроил онро "Муҳофизи деворҳо" номгузорӣ кард ва Ҳамос онро "Шамшери Қудс" номида буд, пас аз як қатор даргириҳои сахти чанд ҳафта бар сари чанд хона дар маҳалаи фаластининишини "Шайх Ҷароҳ" дар шарқи Байтулмуқаддас, оғоз шуд. Дар остонаи Иди Фитр ин даргириҳо ба задухӯрдҳои сахт миёни эътирозгарони фаластинӣ бо нерӯҳои исроилӣ дар Масҷиди Ақсо табдил шуд.

Дар 11 рӯзи амалиёти ҷангӣ шохаҳои низомии Ҳамос ва Ҷиҳоди исломии Фаластин беш аз 4 ҳазор мушак ба даҳҳо шаҳр ва шаҳракҳо дар шимоли Исроил партоб карданд. Ҳавопаймоҳои исроилӣ дар ин муддат садҳо амалиёти ҳавоӣ анҷом доданд ва Ғазаро бамборон карданд. Ба иттилои СММ, беш аз 120 ҳазор тан дар Ғаза хонаҳояшон вайрон шудааст.

XS
SM
MD
LG