54 ҳазор зиндонӣ куҷо шуд? Коҳиши рекордӣ дар зиндонҳои Русия

Теъдоди маҳбусон дар зиндонҳои Русия, ки дар миёнашон тоҷикон низ ҳастанд, ба таври рекордӣ ё 54 ҳазор нафар кам шудааст. Ҳоло дар маҳбасҳои ин кишвар 226 ҳазор зиндонӣ адои ҷазо мекардааст.

Ин дар ҳолест, ки ба иттилои Всеволод Вуколов, муовини вазири адлияи Русия “даҳ соли пеш шумори онҳое, ки дар дар муассисаҳои ислоҳотӣ нигаҳдорӣ мешуданд ба 700 ҳазор нафар мерасид”

Дақиқ гуфта нашудааст, ки ин коҳишёбӣ кадом давраро дар бар мегирад, аммо бино ба як гузориши сомонаи “Медиазона” камшавии бесобиқаи маҳбусон дар зиндонҳои Русия дар нимаи дуюми соли 2022, баъди сафарбарии дастаҷамъонаи зиндониён ба ҷанг дар Украина оғоз шуд.

Соли гузашта "Медиазона" ошкор карда буд, ки дар моҳҳои сентябр октябр аз зиндонҳои мардонаи Русия, 23 ҳазор нафар ғайб задааст. Дар маҷмӯъ дар соли 2022 дар муассисаҳои ислоҳии ин кишвар 32 ҳазор маҳбус ва соли 2023 54 ҳазор нафар кам шудааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Тоҷикон ҳам номнавис карданд." 23 ҳазор кас аз зиндонҳои Русия куҷо шуданд?

Аз тобистони соли 2022 гурӯҳи низомии “Вагнер”, ба ҷалби маҳбусон ба ҷанг оғоз кард. Раҳбари он, Евгений Пригожин шахсан ба зиндонҳо рафта, бо ваъдаи пул ва раҳоӣ маҳбусонро ба ҷанг дар Украина даъват мекард. Ин гурӯҳ ҳатто онҳоеро ҳам, ки ҷиноятҳои вазнин содир кардаанд, бо ваъда ба сафи худ қабул мекард.

Моҳи сентябри имсол нашрияи “Важние истории” хабар дод, ки собиқ ҷангиёни “Вагнер” аз ҳисоби зиндониёнро ба сафи артиши Русия қабул кардаанд. Моҳи август ҳомии ҳуқуқи маъруф Олга Романова дар сӯҳбат бо лоиҳаи “Можем объяснить” гуфт, ҳоло занони зиндониро ҳам ба ҷанги Украина мебаранд.

Дар зимн, дар зиндонҳои Русия муҳоҷирони зиёде аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, нигаҳдорӣ мешаванд ва дар ин муддат даҳҳо мавриди ҷалб ва кушта шудани зодаҳои Тоҷикистону Узбекистон дар ҷанги Русия бо Украина расонаӣ шудааст.

Зиндониёни тоҷик дар Русия мегӯянд, даъватҳо барои рафтан ба ҷанг идома дорад. Акнун ин кор аз сӯйи мақомот ва Вазорати дифои Русия сурат мегирад.

То ин дам хабари марги беш аз 20 маҳбуси тоҷик аз Украина омадааст ва боқимондаҳо ҳам тарс доранд, ки ин сарнавишт ба сари онҳо меояд.

Ахиран гурӯҳе аз зиндониёни тоҷик дар як зиндони Русия аз мақомоти Тоҷикистон хостанд, барои идомаи адои ҷазо онҳоро ба ватан баранд, вагарна ба ҷанг бурда мешаванд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Агар ба Тоҷикистон набаред, ба ҷанг мебаранд." Дархости тоҷикони зиндонӣ дар Русия. ВИДЕОЗиндониёни тоҷик метарсанд, ки онҳоро ба ҷанги Украина мебаранд"Барраи қурбонӣ". Таҳқиқоти Радиои Озодӣ дар бораи зиндониёни кушташуда дар Украина. ВИДЕО"Гуфтанд, бояд ба ҷанг равед." Паёми зиндониёни тоҷик аз як маҳбаси Русия. ВИДЕОВазир гуфт, Русия тақрибан 100 тоҷики зиндониро ба Украина фиристодааст